Дақиқӣ

(Драмаи манзум дар ду баст ва чаҳор намоиш)

Иштироккунандагон:

Дақиқӣ –23-сола.

Фирдавсӣ

Суруш – каниз, дастпарварди Дақиқӣ.

Ғулом – Саура

Машъалбадастон – шаш нафар сафедпӯш ва шаш нафар сиёҳпӯш.

БАСТИ АBBАЛ

НАМОИШИ ЯКУМ

(Дар пешсаҳна таҳти оҳанги мутантан машъалбадастон пайдо мешаванд, ҷилва мекунанд ва ҳаракати онҳо муборизаи баду некро таҷассум менамояд. Аз миёни издиҳом Фирдавсӣ пайдо мешавад.)

ФИРДАВСӢ

Ба кажгуфтаниҳо шунав ростон,

Кунам аз Дақиқӣ яке достон.

Чу аз дафтар ин достонҳо басе

Ҳамехонд хонанда бар ҳар касе,

Ҷаҳон дил ниҳода бар ин достон,

Ҳама бихрадон низу ҳам ростон.

Ҷавоне биёмад кушодазабон,

Сухан гуфтани хубу равшан равон

«Ба назм орам ин номаро, гуфт, ман,

К-аз он шод гардад дили анҷуман».

Ҷавонишро хӯи бад ёр буд,

Або бад ҳамеша ба пайкор буд.

Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,

Ба сар барниҳодаш яке тира тарг.

Бад-он хӯи бад ҷони ширин бидод,

Набуд аз ҷаҳон дил-ш як рӯз шод.

Якояк аз ӯ бахт баргашта буд,

Ба дасти яке банда - бар кушта шуд.

Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,

Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.

Кунун парда бардорам аз қиссааш,

Ба олам бимонам яке ҳиссааш.

(Фирдавсӣ аз як гӯшаи парда даст мегирад ва парда бардошта мешавад. Машъалбадастон ба ду тараф пароканда мешаванд. Ҳавлии шарқиёна, ки дар он Дақиқӣ зиндагӣ мекунад. Дақиқӣ – сархуш, аз пушти ӯ ғулом – Саура вориди ҳавлӣ мешаванд. Саура дар як гӯша ҳолати фақирона гирифта, даст пеши бар меистад. Дақиқӣ кӯзаи пур аз шаробро, ки болои миз гузошта шудааст, бардошта пиёларо пур мекунад ва менӯшад.)

ДАҚИҚӢ

Суруш,

О, Сурушам, куҷоӣ, баро,

Бирақсу бибозу бароям саро!

Бад-он қадр шодам, ки пар мекашам,

Сар аз ҷайби зулмат бадар мекашам!

(Суруш пешвозаш мебарояд.)

СУРУШ

Дуруду саодат ба номи шумо,

Ки равшан намудед фаршу само.

Будам интизори шумо рӯзу шаб,

Шуморо намудам зи гардун талаб.

Ки то боз гардеду бо ҳам шавем,

Дили ҳамдигарро чу марҳам шавем.

(Дақиқӣ он қадар шод аст, ки мехоҳад парвоз кунад.)

ДАҚИҚӢ

Бухорои зебо, биҳишти ҷаҳон,

Ки меҳраш биҷӯшад ба қалбу ба ҷон.

Маро минбар асту маро раҳбар аст,

Маро хома ҳасту маро дафтар аст.

(Фосила)

Агар Балхи зебо диёри ман аст,

Бухоро биҳишту баҳори ман аст.

Бухорои зебо, Бухорои пок,

Кунам саҷда умре бар ин обу хок.

(Сархушона чарх мезанад ва боз як қадаҳ нӯш мекунад.)

Ба Нуҳ ибни Мансур гуфтам: Ба ҷон!

Ҳама шоҳҳоро кунам достон.

Яке «Шоҳнома» нигориш кунам,

Ҷаҳонро ҳаме шеърбориш кунам!

ДАҚИҚӢ

Амир аз миёни ҳазорон нафар

Маро хост!

СУРУШ

Бодо шуморо зафар.

ДАҚИҚӢ

Ҳама душмани ман бимирад зи рашк,

Нағунҷанд дар худ,бирезанд ашк!

(Фосила)

Вале ман нагардам ба шоҳон ғулом,

Ки дорам зи шоҳон барӣ дар мақом!

ҒУЛОМ САУРА

(Як тараф рафта ва аз Суруш чашм наканда)

Аҷаб сурате дорад ин гулбадан,

Бувад аз малоик, на аз зоти зан.

ДАҚИҚӢ

Диҳам ман аз ин пас ба гуфтор тан,

Кушам душманонро ба зӯри сухан!

ҒУЛОМ САУРА

(худ ба худ)

Кунун бехабар ҳаст аз ин сароб,

Бувад душмани ӯ аз ин пас шароб!

СУРУШ

Бигӯ, хоҷаам, ин мусофир кӣ ҳаст?!

ДАҚИҚӢ

Ғулом аст донову меҳанпараст.

Ба мову ту з-ин пас итоат кунад.

Ба мо саҷда орад, ибодат кунад.

Шаҳаншоҳ ӯро ба ман додааст,

На аз қавми Эрон, арабзодааст.

Ғуломи ман аст ӯ!

СУРУШ

Варо ном чист?

ДАҚИҚӢ

Саура...

СУРУШ

Арабро чунин ном нест...

(Суруш парешон мешавад).

Саура ба маънист одамкушӣ...

(Фосила)

ҒУЛОМ САУРА

(Ҳолати рӯҳии Сурушро фаҳмида)

Ишорат агар аз шумоён шавад,

Ба ҷо оварам, ҳарчӣ фармон шавад.

СУРУШ

Чӣ чашмони пурсеҳр дорад гулом,

Чу ханҷар, ки тобад бурун аз наём

(Ба Дақиқӣ)

ДАҚИҚӢ

Аз ӯ тарс дорӣ?

Матарс, ай, Суруш!

СУРУШ

Гумонам, даме рафта будам зи ҳуш.

ДАҚИҚӢ

На деву париву на аждартан аст,

Чӣ сурат, ки бошад, ғуломи ман аст.

Бихоҳам, агар, чорпоӣ кунад,

Агар шоҳ бошад, гадоӣ кунад.

В-агар мир бошад, саисӣ кунад,

Гадо ҳаст агар ӯ, раисӣ кунад.

Касе ҳаст, ҳоло ғулом асту бас,

Агар ҳукм созам, нагирад нафас!

Ки мегуфт, рӯзе биёбам мақом,

Шавам хоҷа, бар худ бигирам ғулом!

(Дақиқӣ бо шодмонӣ покӯбон ғазал месарояд).

Майи софӣ биёр, ай бут, ки софист,

Ҷаҳон аз моҳ то он ҷо, ки моҳист.

Чу аз кох омадӣ берун ба саҳро,

Куҷо чашм афканӣ, дебои шоҳист.

Биё то май хӯрему шод бошем,

Ки ҳангоми маю рӯзи маноҳист.

СУРУШ

Саура, бигӯ, ақрабоят кӣ ҳаст,

Зи даргоҳи мо муддаоят чӣ ҳаст?

ҒУЛОМ САУРА

Ривоят шунидам зи аҳли назар,

Буданд ақрабоям ҳама тоҷвар.

Ба тифлӣ рабудандам аз хонадон,

Ба ёдам намонда на ному макон.

ДАҚИҚӢ

Чунин аст сирри сарои ҳақир,

Гадо мир гардад, шаҳаншаҳ – фақир.

СУРУШ

Талаб кун, ҳар он чӣ мароқи ту ҳаст!

Саура! Дар он ҷо утоқи ту ҳаст!

Бирав, баъди раҳ як даме хоб рав!

(Саура итоаткорона меравад)

СУРУШ

Ана, баромад, нигар, моҳи нав.

ДАҚИҚӢ

Бидидам маҳи нав ба рӯйи ғулом,

Гумонам, ба ҳам шуд ҳалолу ҳаром.

Ғамин ояд ин моҳ, ё ки накуй,

Бисанҷам, ки чун аст андоми ӯй?!

СУРУШ

Шуморо чӣ ҳоҷат ба теғу наём,

Зарурат набошад шуморо ғулом.

ДАҚИҚӢ

Суруши азизам, ту донишварӣ,

Гаҳе дар фазилат зи ман бигзарӣ.

Ҳар он қадр дониш, ки дорам ба сар,

Фалотун наояд ба ман сарбасар.

Вале бахт ёрам нагардад, чаро

Ҷаҳони дилам ҳаст мотамсаро.

СУРУШ

Зи май ҳеҷ фарде нашуд комёб,

Бигиред худро канор аз шароб.

Фалотун агар худ шаробӣ шавад,

Вуҷудаш асири харобӣ шавад.

ДАҚИҚӢ

(Барқасд боз як қадаҳ шароб нӯшида)

Дар ин куҳнамулки саропой фанд

Шакар заҳр гардад, сари мӯй – банд.

Амиру фақираш надоранд фарқ,

Ҳама дар гуноҳи азиманд ғарқ!

Ба ҷуз духтари раз куҷо ҳамнафас?

Ягона тасалло шароб асту бас!

СУРУШ

Аё хоҷаам, як дам ором шав,

Пайи интишору пайи ном шав.

Ғуломи дағалро бигардон ба пас,

Канизат ман астам, ҳамин аст бас.

ДАҚИҚӢ

Хавотир машав аз ғуломи араб,

Надорад на бому на ному насаб.

(Дақиқӣ ба нанг омада)

Саура!

Саура!

ҒУЛОМ САУРА

Ман ин ҷостам!

ДАҚИҚӢ

Чаро дер кардӣ?

(Сарашро доштаву ба худ омада)

Чӣ мехостам?

ҒУЛОМ САУРА

Чӣ амре ки дорӣ, итоатгарам,

Бифармо, бисозам фидоят сарам!

(Чашмони Дақиқӣ оташ мегиранд)

Ғуломи манӣ гар, ба сар роҳ гард!

(Ғулом Саура оҳи сард кашида, болои дастонаш меистад ва роҳ меравад. Дақиқӣ рӯҳ гирифта)

ДАҚИҚӢ

Ба дарбори шоҳон ҳазорон чу ӯй

Зи фармони аркон натобанд рӯй!

Чу маркаб азоби гарон мекашанд,

Ғами ду ҷаҳонро ба ҷон мекашанд.

Ба гирди амирони волову паст

Ҷаҳон сар ба сар аз ғуломон пур аст.

Вале аҳли ашроф кам дар каманд,

Ҳама маншаи ҷабру зулму ғаманд.

Ғуломон агар бохирад мешуданд,

Ҳама рағми шоҳони бад мебуданд.

Вале ақли солим надорад ғулом,

Баробар шуморад ҳалолу ҳаром.

(Дақиқӣ боз ҳам ғазаб мекунад)

Ба по гард!

Исто ба як пой рост!

Чунин то саҳар амру фармони мост!

(Ғулом ба як по рост меистад)

Аз ин пас ту гунгӣ, надорӣ забон!

(Фосила)

Хатар оварад чокари нуктадон.

(Ба сӯйи Суруш)

Бибар, як даме хуфта, роҳат кунам,

Зи баъди сафорат фароғат кунам.

(Суруш аз дасти Дақиқӣ дошта, ӯро мебарад. Саура танҳо мемонад).

ҒУЛОМ САУРА

Чӣ донад Дақиқӣ зи афкори ман,

Ки пардохт ҳоло ба озори ман?

Агар хоҷа аҳл асту андешаманд,

Ба бахташ наояд хазону газанд.

В-агар хоҷаро ҷаҳл дар сина аст,

Аминам, ки ӯ куштаи кина аст.

Чӣ сон хоҷа аст ӯ, ба қайди камӣ,

Надорад ба ҷайбаш яке дирҳаме.

(Машъалбадастон пайдо шуда, ҷилва мекунанд. Саура суруд мехонад.)

ҒУЛОМ САУРА

Хоҷаро нест хабар аз дили сӯзони ғулом,

Сӯйи ӯ чор бувад дидаи ҳайрони ғулом.

Ошу нонаш ҳама аз заҳмати чокар бошад,

Кас надидаст вале хони фаровони ғулом.

Хоҷаро айш бувад, нӯш бувад, ёр бувад,

Оби рӯяш бувад аз дидаи гирёни ғулом.

Хонаи хоҷаи сармаст набошад обод,

Бишканад як дамаке гар сари паймони ғулом.

Зиндагонӣ агар аз ҷабру ситам бошаду бас,

Хонаи хоҷа шавад ҳуҷраи зиндони ғулом.

Хоҷаё, бар мани бечора макун ҷабру ҷафо,

Ҷони ту зинда бувад дар бадали ҷони ғулом!

(Суруд ба поён мерасад. Саҳна батадриҷ торик мешавад.)

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Чор нафар талаба – ҳар яке дар нақши қаҳрамоне – драмаро бурро ва ифоданок хонанд.

2. Дақиқиву Фирдавсӣ киҳо буданд? Бо ёрии муаллим шарҳ диҳед.

3. Чаро драма аз гуфтори Фирдавсӣ шурӯъ мешавад?

4. Байтҳои алоҳидаи драмаро (мувофиқи интихоби муаллим) аз ёд кунед.