Ассалом, эй халқи Эрони кабир,
Ассалом, эй насли Золу Ардашер!
Эй нажоди Кова, эй авлоди Сом!
Бар ту аз Ҷумҳури Тоҷикон салом!
Мо бародарҳои тоҷики туем,
Роҳдуру руҳназдики туем...
Солҳо мо дар асирӣ зистем,
Ҳеҷ кас огоҳ набуд, мо кистем.
Бехабар будем мо, к-андар ҷаҳон
Як бародар ҳаст моро меҳрубон.
Лек девори сияҳ дар байни мо
Карда буд зулми ҷаҳонгирон ба по.
Гарчи ёдат буд дар дил ҷовидон,
Ҳайф, рӯят шуд аз дида ниҳон...
Мо ба зулми золимон ғолиб шудем,
Бар замину оби худ соҳиб шудем.
Дасти мову дидаи мо боз шуд,
Бахти мо, чун боз, дар парвоз шуд.
Пас туро, ҷони бародар, ёфтем,
Доимо ҳозир ба имдоди туем.
Эй нажоди Кова, эй авлоди Сом,
Бар ту аз Ҷумҳури Тоҷикон салом!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шеърро бурро хонед ва маънидод кунед.
2. Шоир дар бораи муносибати халқҳои тоҷику эронӣ чӣ мегӯяд?
3. Ин мисраъро шарҳ диҳед: «Эй нажоди Кова, эй авлоди Сом».
4. Бигӯед, ки халқҳои тоҷику эрониро чӣ ба ҳам мепайвандад?