Рӯзгори навбаҳор ояд ҳаме,
Ғамкашонро ғамгусор ояд ҳаме.
Боғ пургул гашту ҳар соат зи абр,
Бар сари гулҳо нисор ояд ҳаме.
Аз насими мушкбору бӯйи гул,
Мушк пеши дида хор ояд ҳаме.
Ҳар куҷо чашм афканам бар кӯҳу дашт,
Пеши чашмам лолазор ояд ҳаме.
Он гули сурӣ зи баҳри рӯйи дӯст,
Ошиқонро ёдгор ояд ҳаме.
Лаҳни булбул нимшаб дар гӯши ман,
Чун навои зеру зор ояд ҳаме.
ГУЛҲОИ БӮСТОН ЧУ РУХИ ДӮСТОНИ МОСТ
Гулҳои бӯстон чу рухи дӯстони мост,
Пас бӯстони мо зи рухи дӯстон хуш аст.
Ҳам абр дурфишон шуду ҳам боғ гулфишон,
Ин гулфишон зи суҳбати он дурфишон хуш аст.
Булбул ҳикояти гулу мул хуш кунад ҳаме,
Ӯро зи баҳри ин ду ҳикоят забон хуш аст.
Хуш дор дил ба ишрату шодӣ, ки дар ҷаҳон,
То мо хушему ишрати мо хуш, ҷаҳон хуш аст.
ҲЕҶ ШАРАФ ЧУН ШАРАФИ ИЛМ НЕСТ
Ҳеҷ шараф чун шарафи илм нест,
Бадрақаи1 илм беҳ аз ҳилм2 нест.
Гарчи басе беҳ бувад аз нест ҳаст,
Нест беҳ он кас, ки дар ӯ илм нест.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шеърҳои дар васфи баҳор эҷоднамудаи шоирро ба ҳамдигар
муқоиса кунед.
2. Чаро шоир хушбахтии инсонро дар шунидани овози булбулу
тамошои гулу мушоҳидаи табиат медонад?
3. Шоир шарафу ҳамсафару роҳбалади шахсро дар чӣ мебинад?
4. Рубоии охиринро аз ёд кунед.
1 Бадрақа – ҳамсафар, роҳнамо
2 Ҳилм – ҳалим, нарм