Набувад меҳтарӣ2 ба рӯзу ба шаб
Бодаи хушгувор нӯшидан,
Ё таоми лазизро хӯрдан,
Ё либос латиф3 пӯшидан.
1 Муставфӣ – сармуҳосиб, сардафтардор.
2 Меҳтарӣ – бузургӣ.
3 Латиф – покиза.
Ё бад-он кас, ки зердаст бувад
Ҳар замон бесабаб хурӯшидан.
Ман бигӯям, ки меҳтарӣ чӣ бувад,
Гар бихоҳӣ зи ман ниюшидан1?
Ҳамагонро зи ғам раҳонидан,
Дар раоёти халқ2 кӯшидан!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шарҳи ҳоли Ибни Яминро нақл кунед.
2. Шеърро бурро ва ифоданок хонда мазмунашро ҳикоя кунед.
3. Қитъаро аз ёд кунед.