Ба арзи ҳол ҳоҷат,
Мушфиқӣ, нест,
Агар авроқи девони
ман он ҷост.
Шоир ва ҳаҷвнигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллоҳхон қасидае навишта, аз мулки хеш, аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.
«Ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»
Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва баъд аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Чунончи:
Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.
Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ӯ бисёр имдодҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадраса дохил мешавад.
Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомӯзад. Хусусан, улуми адабӣ ва аз ин миён назмро бештар дӯст медорад:
Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад
Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.
Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ӯ шеъргӯйиро дар ҳамин шаҳр шуруъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳасудони дарборӣ ӯро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ӯ ба эҷоди чунин ашъор боис гардидааст.
Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр иқомат мекунад. Ӯ дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои шоир пайдост, ки рӯзгори ӯ дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст:
Хони олиқадри кайвонманзилат Султон Саид,
Пеши даргоҳи ту гардуни муалло ҳеч нест.
Арзи ҳоли ман, ки ҳастам заррае беэътибор,
Назди хуршеди замири оламоро ҳеч нест.
Шуд се соли расо, к-аз ҷинси ҷаву гандум маро
Дона ҷуз дар мазраи Парвину Ҷавзо ҳеч нест.
Қуръа афкандам барои фол, мӯрон саф заданд,
Нуқтаҳоро дона пиндоранд, аммо ҳеч нест.
Ҳамин гуна ишораҳои шикоятӣ дар ашъори Мушфиқӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Аксари ишораҳои шоир моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳасрати адиб аз тангии маишӣ мебошад:
Шаҳо, ту мардуми чашмӣ саводи оламро,
Ба лутфу раҳмати ту мардуме намеёбам.
Шунидаам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст,
Чӣ Одамам, ки дар ӯ гандуме намеёбам?!
Баъзан чунин ҳолат ҳам рух додааст, ки инъомҳои хон ҳатто ба шоир ё қисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфиқиро водор кардааст, ки бевосита ӯ ба худи шоҳ муроҷиат намояд:
Подшоҳо, чакмани инъомро меҳтар надод,
Дар либоси назм бо ӯ гуфтугӯ хоҳад шудан.
Чун ба таври оштӣ чизе аз ӯ ҳосил нашуд,
Ҷанги чакман дар миёни мову ӯ хоҳад шудан.
Дар баъзе мавридҳо Мушфиқӣ ба вазири хон – Осаф ҳам муроҷиат намуда, ба ин восита шоҳу вазирро аз нобасомониҳои дохили дарбор огоҳ месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорҳои зишт гирифта шавад:
Осафо, шаб омадам сӯйи висоқи худ савор,
Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд.
Дар хаёли ҷав ҳама шаб дидаи ӯ мепарид,
Хостам бар чашми ӯ коҳе ниҳам, пайдо нашуд.
Албатта, чунин шикваҳои Мушфиқӣ оҳанги ҷолиби ҳазлу шӯхӣ низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабҳои аз мадди назари амиру вазир дур афтодани талабҳои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилӣ чунин шикоят менамояд:
Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,
Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.
Аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рӯзгори ӯ нисбатан беҳтар буда, ҳатто муҳити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфиқӣ он хушҳолиҳоро ба ёд оварда, дар як ғазали худ аз гузашти он рӯзҳо афсӯс мехӯрад:
Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,
Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам.
Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,
Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам?!
Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурди ӯ – Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ҷавонмардалихон аз падар рӯ гардонида, бо Абдуллоҳхон забон як намуда буданд. Абдуллоҳхон худи ҳамон сол Ҷавонмардалихонро кушта, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба қатл мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ сахт фишор меоранд ва ӯ азми сафари Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гӯё шоҳи Ҳиндустон– Акбаршоҳ шеърпарасту шоирдӯст аст. Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ӯро Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:
Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,
Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.
Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,
Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор.
Аз баъзе ғазалҳои Мушфиқӣ маълум мешавад, ки шоир аз сафари Ҳинд пушаймон баргаштааст:
Сафар кардам, фироқи дилрабое пеши ман омад,
Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.
Ғаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо,
Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад.
Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил,
Чӣ кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.
Мушфиқӣ пас аз сафари Ҳинд ба дарбори Абдуллоҳхон роҳ меёбад. Шоир дар як муддати кӯтоҳ дар байни аҳли дарбор ва бевосита пеши Абдуллоҳхон обрӯю эътибор пайдо мекунад. Ӯ зуд ба мартабаи маликушшуароӣ мушарраф мешавад. Вазъи моддии рӯзгори ӯ низ беҳтар мегардад. Мутаассифона, ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънӣ шоир чунин ишора мекунад:
Имтиҳон кардаанд пиру ҷавон,
Ҳеч кори фалак басомон нест.
Ком бахшад даме, ки ком намонд,
Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.
Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ӯ соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ӯро дар ҷавори мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ӯ сабт шудааст:
Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дӯстон гузаранд,
Расад ба хотири эшон, ки хоксоре буд.