Достони «Лайлию Маҷнун» ва мазмуни мухтасари он

Дар эҷодиёти Шоҳин достони «Лайлию Маҷнун» аз чанд ҷиҳат муҳим ва арзишманд аст. Аз як тараф, пазируфтани суннати адабӣ ва иртиботи ӯ ба эҷодиёти пешиниён муайян карда шавад, аз тарафи дигар, саҳму ҳиссаи Шоҳин дар эҷоди маснавиҳои ишқӣ-лирикӣ маълум мегардад. Инчунин барои донистани пояи шоирӣ ва ҳунари эҷодии шоир низ достони мазкур дорои аҳаммият мебошад. Агар сабаби таълифи достон тақозои замон бошад, баҳонаи эҷоди достон мусибати оилавӣ – вафоти завҷаи шоир аст.

Чунончи:

Эй дидаи дудмони63 исмат64 ,

Навбоваи65 бӯстони исмат.

Эй хонаи сад ҳазор нозам

В-эй пардаи сад ҳазор розам.

Эй хуфта миёни хоку хора,

Ҷуста зи канори ман канора…

Шамсуддини Шоҳин достони «Лайлию Маҷнун»-ро соли 1888 барои хотираи поки ҳамсари худро пос доштан дар тули як моҳ эҷод кардааст. Оид ба муҳлати таълиф, санаи эҷод ва писанди умум гардидани он мегӯяд:

Сад шукр, ки шуд пазира66 ин ганҷ

Дар соли ҳазору сесаду панҷ.

Дар муддати як маҳ андаке кам,

Ин ҳисни67 рафеъ68 гашт муҳкам.

Миқдори абёти асар беш аз 2242 байт буда, дар таърихи адабиёт яке аз асарҳои басо ҷолиб дар мавзуи анъанавист.

Достон чун суннати устувори адабӣ, дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ё мақсуд эҷод шудааст, ки шакли афоъилии он чунин аст:

- - v / v - v - / v - - / v v -

яъне: мафъулу мафъилун, фаъӯлун ё фаъӯлон

63 Дудмон – хонадон, қабила

64 Исмат – покдомонӣ, бегуноҳӣ

65 Навбова – шохи навбар

66 Пазира – қабул

67 Ҳисн – қалъа

68 Рафеъ – баланд

То Низомӣ ишораҳои шоирон ба қаҳрамонҳои марказии он – Лайлӣ, Маҷнун дар ашъори шоирон хеле зиёд аст. Низомӣ аввалин касест, ки ин қиссаро ба шакли достон даровардааст. Пас аз ӯ Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон чунин достон навиштаанд. Достон аз фаслҳои суннатӣ оғоз ёфта, сонӣ марсия дар вафоти завҷааш, зерфаслҳои насиҳат ба фарзанд ва сабаби назми китоб меояд. Баъд аз ин ҳама асли достон шуруъ мешавад.

Яке аз сарватмандони араб Саиди Омирӣ бефарзанд буд. Пас аз назру ниёз дар роҳи Худо соҳиби писар мешавад, ки ӯро Қайс ном мениҳанд. Қайсро пас аз чанд сол ба мактаб медиҳанд. Дар мактаб духтаре бо номи Лайлӣ ҳамсабақи Қайс буд. Лайлӣ духтари сардори қабилаи Наҷд мебошад. Қайс Лайлиро дӯст медорад. Ин овоза дар ҳар ду қабила паҳн мешавад:

Моҳе, ки ниҳода даври айём,

Аз нисбати зулф Лайлияш ном.

Чун номи худаш зи турра донист,

Озодию дигараш равонист.

Акнун, ки маҳе бад-он тамомӣ

З-он турра кашад сиёҳномӣ,

Чун Қайс сафедном гардад

В-он сайд буруни дом гардад.

Чун кори хирад тамом кардаш,

Маҷнуни замона ном кардаш.

Алқисса, ба ҳам асир гаштанд,

Омеза чу шаҳду шир гаштанд.

Маҷнун рақами камол мешуст,

Лайлӣ варақи хаёл меҷуст.

Падари Лайлӣ пас аз шунидани овозаи ишқи онҳо Лайлиро аз мактаб мегирад. Қайс худ мактабро тарк намуда, ба кӯҳу биёбон меравад. Аз ин рӯ, мардум ӯро Маҷнун ном мениҳанд. Саиди Омирӣ ба ҷустуҷӯйи писараш баромада, ӯро пайдо мекунад. Ба Қайс қавл медиҳад, ки онҳоро ба мақсад хоҳад расонид. Қайсро ба хона меорад ва Лайлиро хостгорӣ мекунад. Вале падари Лайлӣ Маҷнунро девона мегӯяд ва таклифи хостгориро рад мекунад. Маҷнун боз ба кӯҳ меравад. Падараш боз ӯро пайдо карда, ба Каъба мебарад. Ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ Маҷнун пуршӯр гардидани ишқи Лайлиро илтиҷо менамояд. Солори қабилаи Омирӣ – Навфал бо Маҷнун шинос шуда, ба ӯ қавл медиҳад, ки ӯро ба муродаш хоҳад расонид. Навфал воқеан Лайлиро барои Қайс хостгорӣ мекунад, вале падари Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад. Навфал ба қабилаи Наҷд ҳуҷум мекунад. Қабилаи Наҷд шикаст меёбад. Падари Лайлӣ мехоҳад духтарашро нобуд созад, то ин ки асир наафтад. Маҷнун хоҳиш менамояд, ки ҷанг бас карда шавад. Навфал ҷангро бас карда, ба падари Маҷнун ваъда медиҳад, ки духтари зебое дорад ва агар хоҳанд, ӯро ба Маҷнун медиҳад. Бо розигии тарафайн тӯй мешавад ва Маҷнун аз ҷамоли маҳбубааш хело шод мешавад. Лайлӣ ин хабарро шунида тавассути нома ба Маҷнун ва чунин сурат гирифтани ҳолат гилаҳо мекунад. Маҷнун сабабгори ҳамаи нокомиҳо Лайлиро дониста, завҷаи худро ситоиш менамояд. Аз баъзе ишораҳои Маҷнун дар мактуби ҷавобӣ Лайлӣ хеле мутаассир мешавад. Лайлӣ бовар мекунад, ки Маҷнун ҳанӯз ҳам содиқ аст ва ӯро дӯст медорад. Бинобар ин, дар номаи ҷавобиаш аз Маҷнун узр мехоҳад. Ин узрхоҳӣ ба Маҷнун таъсири сахт расонида, арӯсро ба ҳоли худ мегузорад ва боз роҳи кӯҳу саҳроро пеш мегирад.

Саиди Омирӣ боз ба ҷустуҷӯйи Маҷнун рафта, ӯро меёбад ва панд медиҳад, вале ин кораш чандон натиҷа намедиҳад. Падари Маҷнун мактуби қалбакие навишта, ба Лайлӣ меорад. Ӯ аз ғами писари худ вафот мекунад. Маҷнун ба мазори падар омада зор – зор мегиряд. Лайлӣ низ барои тасаллии Маҷнун ба хонаи онҳо меояд, вале дар роҳ Ибни Салом ӯро дида, ошиқ мешавад. Ибни Салом ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Онҳо тӯй мешаванд. Маҷнун ин воқеаро шунида, Лайлиро накӯҳиш мекунад ва Лайлӣ устувор будани худро таъкид менамояд. Дар ин айём модари Маҷнун вафот мекунад. Лайлӣ барои тасаллӣ додани дили Маҷнун ба назди ӯ меояд. Онҳо ба ҳам дидор дида, хеле суҳбат мекунанд. Лайлӣ аз Маҷнун ҷудо шуда, аз ғаму дарди ӯ вафот мекунад. Зайди араб, ки қосиди онҳо буд, ин хабарро ба Маҷнун мерасонад. Маҷнун ҳангоми дафн ба қабри Лайлӣ даромада, ӯро оғӯш намуда ҷон медиҳад. Бо ҳамин достон ба охир мерасад.