Ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои иҷтимоӣ-ахлоқии Бедил

Маълум аст, ки зери мафҳуми ҷаҳонбинӣ системаи фалсафии таълимоти адиби мутафаккир фаҳмида мешавад. Аз ин нигоҳ, эҷодиёти Бедил ва системаи ҷаҳонбинии ӯ бо таълимоти дини ислом муқобил нест, зеро ӯ ҷонибдори таълимоти фалсафаи ваҳдати вуҷуд буда, ҳадди ниҳоии он Холиқ – ҳастии мутлақ ва азалӣ ва сунъи ӯ махлуқ – одам ҷӯёи асли хеш аст.

Аз ин рӯ, Бедил инсонро ҳамаҷониба дар маркази эҷод мегузорад. Онро ҳамчун асрори олами сағир ба тасвир мегирад: «Ай шамъи базми қудс, надонам, чӣ мазҳарӣ»… Қиёсҳое, ки барои маърифати инсон ба кор гирифта мешавад, ғолибан ба олами моддӣ тааллуқ дошта, таҷрибагоҳи он зиндагӣ, ҳаёт, рӯзгор ва табиат аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи Бедил пайваста дар гирудор, радду бадал буда, доираи амалиёту фаъолияташ пур аз низоъ, тазод, мухолифат, бархурд аст. Неруи тафаккур, қудрати ақлонӣ, зеҳну заковати ин инсон ҷӯё, кӯшо ва фаъол мебошад. Илму тадқиқ, қиёсу тарҷеҳ, созандагию ихтироъ муҳимтарин сифатҳои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Ҳадафи ин инсон: «Оламеро барорам аз ғафлат» мебошад.

Ғафлат хоси ҷаҳони инсонист ва душмани ҳушёрию зиракии инсон аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро (ҷомеаро) аз ғафлат азми наҷотдиҳӣ дорад, тибқи таълимот ва ҷаҳонбинии Бедил, бархурдҳои мафкуравӣ, зиддиятҳои ботинӣ, низоъҳои сиратӣ ихтилофҳои маънавии ниҳоят аҷоиб ва бозёфти шоири мутафаккир аст, ки боиси кашфи ҷузъиёти афкори ахлоқию фалсафӣ ва адабию зебошиносии мутафаккир аст. Бинобар он инҳитоту инқирози маънавӣ ва ё рушду таҳаввули он ба огоҳӣ ё ғофилии инсон сахт вобастагӣ дорад.

Бедил ҳам мисли кулли адибони асримиёнагӣ ҷонибдори ахлоқи ҳамида ва барҳамзанандаи ахлоқи разила аст, зеро ахлоқи разила: ришва, дурӯғ, кибр, фиреб, ҷаҳл, ғазаб, таносоӣ, муфтхурӣ, хабаркашӣ, одамбезорӣ ва ғайра боиси заволи ҷомеа аст. Ахлоқи ҳамида: инсондӯстӣ, ростқавлӣ, вафодорӣ, сабурӣ, меҳнатқаринӣ, ҳалолкорӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, покдоманӣ, саховатмандӣ, софдилӣ ва ғайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва ҷомеа мебошад.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил эҷоди бадеъ ҳамчун ифодагари тафаккури инсон – маънавиёти ӯ ва то ба ҳадди баланди фикрӣ расидани он дониста мешавад. Ба назари Бедил, донишу илм ирсӣ нест ва на ҳар кас барои идроки маънӣ омода мебошад. Ба ин маънӣ шоир мегӯяд:

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад.

Ҳадафи эҷодкор аз қазовати мазкур пеш аз ҳама саъй, ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу ҳаракат низ ҳаст. Бедил чун абулмаонӣ офариниши маъниро дар эҷоди бадеъ дар ҷойи аввал мегузорад. Аз ин хотир, ҳунари эҷодкору тахайюли эҷодӣ ҷанбаи марказии шеърро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, ӯ ашъори мадҳиро хуш надорад ва ҳатто сахт накуҳиш ҳам мекунад:

Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.

В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ, чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Бедили Деҳлавӣ адибонеро, ки истеъдодро хор кардаанд ва ҳунарро тобеи зар донистаанд, сахт танқид менамояд. Асоси эҷодиёти онҳоро ҳирсу тамаъ фароҳам меораду ҳадафи онҳо аз эҷоди бадеъ ба ҷуз тамаъ ва чоплусӣ чизи дигаре нест, носазо мегӯяд:

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундараҷ,

Баҳри чӣ бар ҳақиқати худ пай намебарӣ?

Оби ҳаёт аз нафасат мавҷ мезанад,

Аммо чӣ суд, к-аз арақи мову ман тарӣ?

Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб

Иқболи ҳафт маҳфилу нуҳ қасри ахзарӣ.

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ.

Олам ҳама мусаххари амри замири туст,

Эй бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?

Албатта, панду ахлоқ, андарзу насиҳат дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз мавзуъҳои ҷовидона аст. Ҳатто адибе нест, ки ба ин масъала даст назада бошад.

Аз ин рӯ, ҳадаф қарор додани мавзуъ нав нест, яъне, интихоби мавзуъ суннатӣ бошад ҳам, маърифат ва роҳи ҳалли масъала тозаву нав мебошад. Ӯ ба масъалаи ахлоқу тарбия назари тоза дорад. Воқеан, эҷодиёти Бедил инъикоси марҳалаи нави эҳёгарии адабиёти тоҷик аст, ки ба қонунмандии ҳолати сиёсӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ, фарҳангӣ-адабӣ, фалсафӣ-эстетикӣ сахт вобастагӣ дорад. Равандҳои мазкур сараввал ҷаҳонбинию маърифати мартабаи инсонро муайян мекард. Ин нахустин асре буд, ки Ғарб сиёсати худро мехост дар қаламрави Ҳиндустон ҷорӣ созад. Яъне, бархурдҳои мафкуравӣ низ дар ин давра хеле тезутунд гардида буд. Ғарб барои пойдор сохтани сиёсати худ ҷонибдори хурӯҷи низоъҳои мазҳабӣ миёни халқҳои ин қаламрав буд.

Аз ин рӯ, Бедил ба мақому мартабаи инсон, маънавиёту шуури ӯ, ҳиссу дарку маърифати шахс таваҷҷуҳи махсус дорад. Ӯ ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ нест. Дар таълимоти фалсафии ӯ, ки сарчашмааш ислом аст, Холиқ – офаранда ва махлуқ – офаридашуда аст. Холиқ азалӣ ва ҷовид буда, махлуқ фонист. Вале дар ниҳоди махлуқ аъмолу афъоли мутазод ниҳон аст. Ин аст, ки махлуқ дорои сифатҳои ноқису комил, каму зиёд, мавзунию номавзунӣ, шайтонию раҳмонӣ ва ғайра аст. Бедил дар робита ба интихоби ҷанбаҳои ахлоқи ҳамида ва амали хайр инсонро мухтор медонад. Инсон метавонад бо роҳи нек рафта зиндагии худро беҳтар намояд. Ҳадаф аз омӯзиши нек сайқал додани шууру тафаккур аст, то инсон тағофул наварзад, ғофил намонад.

Ба ин мънӣ мегӯяд:

Ман ҳам аз касби илм хурсандам,

Лек бо мақсадест пайвандам,

К-аз усули мадорики ҳикмат

Оламеро барорам аз ғафлат.

Аз ин нигоҳ, бурду бохти ҷамъият натиҷаи зиракӣ ё ғофилии инсон дониста мешавад. Ӯ ҷонибдори инсони кӯшо, закӣ, ҷӯё, соҳибмаърифат мебошад, зеро чунин инсон соҳиби истиқлоли фикру андеша аст ва метавонад ба мақсад бирасад:

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ!

Бедил ҳамчун адиби мутафаккир қасидае дорад, ки дар он инсон ҳамчун махлуқи муқаддас васф гардида, худшиносии он сахт таъкид карда мешавад.

Умуман дар ин масъала афкори фалсафӣ-иҷтимоии ӯ хилофи мафкураи ҳукмрони давр нест ва Бедил қазовати худро дар ҳамин замина асоснок мекунад. Танҳо мутафаккир зоҳирпарастиро сахт маҳкум месозад. Масалан, риши аз эътидол берун, саллаи калон, либоси фохир ва ғайра, ки онҳо ифодагари маънавиёту дониш нестанд.

Аҳаммияти илм. Бедил илмро яке аз роҳҳои халосӣ аз ғафлату ҷаҳолат медонад. Беш аз ин, илм шахсро соҳиби бахту иқбол месозад:

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.

Фӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,

Бе илм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.

Аммо Бедил дар омӯзиши илм дар ҷойи аввал мақсадро мегузорад, ки ҳадаф аз чунин шакл гирифтани қазоват мухторияти инсон мебошад.

Зиёни бекорӣ. Кор омили асосии пешрафт дониста мешавад ва Бедил таъкид мекунад, ки он чи инсон пас аз худ боқӣ мегузорад, самараи кору бори ӯст. Бинобар он, одамон бояд ба корҳои барои умум муфиду нафърасон машғул шаванд. Ба шуғли беҳуда даст назананд ва ба ҳар коре, ки даст мезананд, натиҷаи онро андеша кунанд. Зеро дар дунё танҳо натиҷаи фаъолияти инсон мақому мартабаи ӯро муайян намуда, чизи дигаре дар ин дунё наметавонад баҳои сазовори шахсияти инсон бошад. Бедил маҳз бо дар назар доштани кору бори инсон нозу неъматҳои дигари дунёро муваққатӣ мешуморад:

Аввалу охир он чи шуд маълум,

Кору бор аст, мобақӣ39 – маъдум40.

Тарғиби хислатҳои ҳамида. Бедил инсони некукор, хайрхоҳ, илмдӯст, ватанпараст, халқдӯст, соҳибмаърифат, ҳалим, фурӯтану хоксор, ширинсухану нармгуфтор, ростқавлу ростгӯ, вафодору устуворро дар эҷодиёташ васф мекунад.

Чунончи, инсон набояд фирефтаи дониши худ шавад ва ба кибру ғурур рӯй биёрад:

Ҳарчанд ба дониш аз ҷаҳон афзунӣ,

Ё дар пирӣ муаллими гардунӣ,

Ҳар гоҳ ба пеши кас барӣ ҳоҷати хеш,

Тифлӣ ба ту зебад, на ки афлотунӣ.

Бедил ҷонибдори ҳамбастагию иттифоқ, якдилию иттиҳод буда, парокандагию нифоқ, парешониву хусуматро танқид мекунад:

Ёрон ба тифоқ агар қадам мешикананд,

Ҷайши арабу аҷам ба ҳам мешикананд.

39 Мобақӣ – он чи боқӣ мемонад

40 Маъдум – адам, нестӣ

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Ба назари Бедил, ҳимматбаландӣ ҷолибтарину накутарин сифати инсон аст. Агар шахс ҳиммати баланд дошта бошад, ҳеҷ душворие наметавонад садди роҳи ӯ гардад. Ӯ нақши ҳимматро аз таҷрибаҳои ҳаёту зиндагӣ ҳосил кардааст. Аз ин рӯ, дар ин бора басо дилпурона ва бо боварии том қазоват менамояд.

Чунончи:

Ҳиммат ҳар ҷо беш кунад кореро,

Душворӣ нест ҳеч душвореро.

Якчанд фалохане41 ба кӯшиш беҳад

Холӣ созад зи санг кӯҳсореро.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил ба ҳимматбаландӣ, шуҷоат, мардонагӣ, диловарӣ, нотарсӣ, устуворӣ, далерӣ, ҷасурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад:

Дар таҷрибагоҳи одамӣ сулҳу набард

Ҳиммат ҳалли кадом мушкил, ки накард.

Бедил хислатҳои разилаи инсониро сахт маҳкум мекунад. Ӯ, бахусус мардумозорӣ, чоплусӣ, золимӣ, бераҳмӣ, ҷаҳлу нодонӣ, ҳарзагӯйӣ, танбалӣ, серхобӣ, пурхӯрӣ, сарватпарастӣ, кибру ғурур ва ғайраро танқид мекунад:

Золим пӯшад либоси хунбофтаро,

То зер кунад хасми забунёфтаро.

Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,

Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.

Тазодҳои рӯзгор, беадолатиҳои зимомдорон боиси харобии халқ ва мулк дониста мешавад:

Эй нони ту гарм аз тафи дилҳои кабоб,

Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об.

То коми ту молида як ангушт асал,

Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб.

Арзи чунин оҳангҳои эътирозӣ низ яке аз хидматҳои Бедил аст, ки аз ҳақгӯйию ҳақҷӯйӣ ва ҳақбинии мутафаккир гувоҳӣ медиҳанд.

Дигар аз хидматҳои таърихии Бедил дар таърихи эҷоди бадеъ аз он иборат аст, ки ӯ ба дифои каломи бадеъ мехезад. Шоир роҳ намедиҳад, ки баъзе шуарои тамаъкор суханро хору беқадр кунанд, мамдуҳони нолоиқро ситоиш кунанду силаву инъом ба даст биёваранд. Ҳунару кирдори онҳоро пешаи шайтонӣ ва ҳамкорӣ бо Иблис медонад:

41 Фалохан – фалахмон, камонак

Эй ки таърифи салотин кардаӣ,

Машқи таълими шаётин кардаӣ.

Чист таълими шаётин? - Ҳубби ҷоҳ42,

Эй, шаётин муршидат43, рӯят сиёҳ!

Дар афкори адабӣ-эстетикии Бедил ба сухан, суханвар ва суханшунав таваҷҷуҳи махсус ба мушоҳида мерасад. Ӯ шоирони маддоҳ – силамуштоқонро хоркунандагони калом – гадотабъон ном мебарад. Онҳо имрӯз соҳиби молу сарват ва ганҷу неъматанд ва албатта, ин рӯзаке чанд аст, вале фардо рӯсиёҳу дар чоҳи зулмониянд, ки дар ин бора ишора шуда буд.

Чунончи:

Ай басо, маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ

Рӯсиёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Ин аст, ки ӯ эҷодиёти хешро дар муқобили ҳамин гуна суханварон мегузорад ва аз эҷодиёташ, ки умре хираду дониш, ақлу заковатро ситудааст, ифтихор менамояд. Ӯ ҳушдор медиҳад, ки аз касе тамаъ накардааст ва нахоҳад кард ва санги маломатро ҷониби Анварию Заҳири Форёбӣ меандозад ва мегӯяд:

Аз ҳеч кас наям силаандеши бешу кам,

Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ…

Дӯстии халқҳои қаламрави Ҳиндустон ва умуман парастиши инсон яке аз мавзуъҳои марказии эҷодиёти Бедил мебошад. Махсусан, дар ҳолате ки аҷнабиён ба сарзамини Ҳиндустон роҳ ёфта, ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ, нооромии авзои ин кишвар буданд. Аз ин ҷост, ки мутафаккир ҳушдор медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум воситаи наҷоти халқ ва кишвар ба шумор меравад, зеро дасисакорон баҳри амалӣ гардонидани дасисаҳои хешу ғаразҳои ниҳонӣ ба ҳар коре қодиранд:

42 Ҳубби ҷоҳ – мансабпарастӣ, шуҳратпарастӣ

43 Муршид – пир, шайх

Умрест, ки дар арсаи найранги ғараз

Дорад баду нек сулҳ ё ҷанги ғараз.

Гар рабти44 каломи куфру дин дарёбӣ,

Сози ҳама кӯк45аст ба оҳанги ғараз.

Дар ҷойи дигар шоир ҳолати халқҳои кишварро ба дасте шабеҳ медонад, ки зери санг мондааст. Яъне, ҳадаф ноилоҷӣ буда, чораандеширо ногузир мешуморад:

Домони тааллуқе ба чанг омадааст,

К-ин халқ ба зиндони Фаранг омадааст.

Осон натавон кашид монанди нафас,

Дасте, ки зи дил дар таги санг омадааст.