Гулханӣ

Зиндагониҳо ба рағми даҳр то кай, Гулханӣ,

Чанд гӯйӣ ёр бераҳму фалак ноошно?!

Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ӯ «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмуаи шоирон» мегӯяд:

Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст,

Чӣ гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.

Зи девонахӯию оташфанӣ

Тахаллус ниҳода ба худ «Гулханӣ».

Ғазалҳо навишта латифу равон

Ба дастури алфози кӯҳистон,

Ки буданд аҷдоди ӯ дар диёр

Писандидаи мардуми кӯҳсор.

Гулханӣ зодаи деҳаи Булқоси Қаротегин буда, тақрибан солҳои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 90-уми асри XVIII ба шаҳри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишӣ шоир таҳсилро батамом фаро гирифта наметавонад. Баъдҳо бо фармони амир ба касби сипоҳигарӣ ҷалб карда мешавад. Сипоҳигарӣ барои Гулханӣ ҳамчун мактаби ҳаётӣ бисёр масъалаҳои гуногуни рӯзгору зиндагиро ёд медиҳад ва шоир аз ин мактаби ҳаётӣ баҳраҳо бардоштааст. Пас аз чанде Гулханӣ ба дарбори Умархон роҳ меёбад ва ба доираи адабии Хӯқанд мепайвандад. Ӯ тадриҷан ба амир Умар таваҷҷуҳ пайдо намуда, ин ҳокимро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадҳ мекунад. Вале бо мурури вақт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба меҳнати шоир ба назари хайрхоҳона нигоҳ намекунад:

Ҳунар ҳарчанд ин ҷо метаровад аз ҳар ангуштам,

Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам.

Муҳаммадшариф ба шеър таваҷҷуҳи зиёд дошта, хеле зуд ба эҷоди он майл кардааст. Ӯ дар ибтидо «Гулханӣ» тахаллус интихоб карда будааст. Сарчашмаҳо инчунин таъкид менамоянд, ки ӯ баъдҳо ба худ тахаллуси «Ҷуръат»-ро муносиб медонад ва бо ин тахаллус эҷод мекунад.

Фазлии Намангонӣ («Маҷмуаи шоирон») оид ба тахаллуси аввалини Муҳаммадшариф ва шахсияти ӯ баҳс ба миён оварда мегӯяд:

Зи мулки куҳистон бувад Гулханӣ,

Кунад паҳлавонӣ зи неруманӣ.

Ба даргоҳи султони гетипаноҳ

Ҳавохоҳ ҳам шоиру ҳам сипоҳ.

Умуман, зиндагии шоир чандон мувофиқи мақсад набуда, дар ашъори маҳфузмондааш низ доир ба ин ҷиҳат ишораҳои фаровони худи адиб ва сарчашманигорон ба мушоҳида мерасад. Масалан, баъзе ишораҳои Фазлӣ низ бисёр лаҳзаҳои зиндагии иҷтимоии Гулханиро равшан месозад:

Сипоҳигарӣ кард, роҳат надид,

Ки осоиш аз ранҷу меҳнат надид.

Мурувват накардӣ ба ҳолаш амир,

Басе бенавоӣ кашид он фақир,

Ки аз тангдастӣ ба ҷон омадӣ,

Зи бемоягӣ дар фиғон омадӣ.

Поёни умри Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар Хӯқанд гузашта, ба даврони ҳукмронии Муҳаммадалихон (1822-1842) рост омадааст. Ин амири бетадбир ба қатли Гулханӣ фармон додааст. Вафоти шоир ба ҳамин тариқ, солҳои 1826-1827 иттифоқ афтодааст.