Достони «Юсуфу Зулайхо»

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ на танҳо дар эҷоди навъҳои гуногуни лирикӣ табъи баланду ҳунари воло доштааст, балки дар достонсароӣ ҳам соҳиби истеъдоди фавқулода мебошад.

Ҳозиқ дар заминаи суннати адабӣ достони «Юсуфу Зулайхо»-ро таълиф менамояд. Шоир маснавии мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) оғоз намуда, соли 1824 онро ба итмом мерасонад:

Намуд илҳом дар таърихаш иншо

Муфассал қиссаи «Юсуф, Зулайхо».

Шуруаш буд аз даври Умаршоҳ,

Ки зад ба садри ҷаннат хаймаи ҷоҳ.

Набурдам худ саре дар ҷайби анҷом,

Ки даври салтанат з-ӯ ёфт итмом…

Ҳозиқ достони «Юсуфу Зулайхо»-и худро дар пайравии достонҳои Ҷомию Нозими Ҳиравӣ эҷод кардааст. Зимни асар шоир андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятии худро низ баён кардааст:

Ба дӯши қиссаи Юсуф, Зулайхо,

Мурассаъ хилъати дигар биоро.

Либоси тозаву ушшоқи тоза,

Баҳори тозаву авроқи тоза.

Зи ҳар гул рангу бӯйи тоза ҷӯшад,

Зи ҳар булбул наво дигар хурӯшад.

Достони «Юсуфу Зулайхо» дорои 60 боб ва 4496 байт буда, дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод карда шудааст, ки афоъили он чунин аст:

v - - - / v - - - / v - -

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Сужети достон аз боби 12 оғоз мешавад.

Қиссаи «Юсуфу Зулайхо» яке аз машҳуртарин қиссаҳо буда, таърихи пайдоиши он ба асрҳои XV – XIV то мелод тааллуқ дорад.

Дар осори адабӣ-бадеии халқҳои тоҷику форс ин қисса дар эҷодиёти шоирони садаи Х Абулмуайяди Балхӣ, Бахтёрӣ ва Фирдавсӣ (мансуб ба ин эҷодкор), минбаъд Амонӣ (асри XI), баъдтар Амъақи Бухороӣ, Масъуди Ҳиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озари Тӯсӣ, Масъуди Қумӣ, Шоҳини Шерозӣ ва бисёр касони дигар манзум шудааст. Ҳатто дар адабиёти туркзабон ҳам чанд тан: Ҳамдуллоҳи Чалабӣ, Дурбек ба ин қисса рӯ овардаанд.

Чанд тан аз шоирони асрҳои XVI-XIX низ дар эҷоди қиссаи мазкур ранҷ бурдаанд, ки аз зумраи онҳо: Мавҷии Бадахшонӣ, Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Муҳаммадиброҳими Халилуллоҳи Бадахшонӣ, Авҳадии Балёнӣ, Ҷавҳари Табрезӣ, Шаҳоби Туршезӣ ва дигарон мебошанд. Вале машҳуртарини таълифгарони қиссаи мазкур Ҷомӣ, Нозими Ҳиравӣ ва Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ мебошанд.