Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Ҳозиқ ва нобасомониҳои рӯзгори ӯ, аз ин шоир осори пурарзише боқӣ мондааст. Он осор аз «Девони ғазалиёт», достони «Юсуфу Зулайхо», рисолаҳои «Воқеоти исломӣ» ва «Таҳқиқ-ул-қавоид» иборат мебошад. Рисолаи «Таҳқиқ-ул-қавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шарҳи қонунча» аст.