«Ақоид-ун-нисо» ва мазмуну мундариҷаи он

Соли таълифи асар зикр нашудааст ва аз ишораҳои муаллиф пайдост, ки он пеш аз «Кони лаззат ва хони неъмат» эҷод карда шудааст. Муаллиф бо тавозуи азиме ин асарашро «…мухтасарест дар баёни аҳволу афъоли занон» мегӯяд.

«Ақоид-ун-нисо» аз нигоҳи сохтор низ ҷолиб буда, дорои муқаддима ва 16 боб аст.

Дар муқаддимаи рисола муаллиф панҷ нафар зани «обруманд»-и замонро ном мебарад. Онҳо: Бибишоҳ Зайнаб, Биби-холи Ҷӯйборӣ, Бибимоҷони Базморо, Хола Панир, Бибиқалмоқи Аллоҳгӯй мебошанд. Муаллиф ин бибиҳоро аз «уламову фуқаҳои замони худ» ном бурда, қайд мекунад, ки: «…ҳар зане, ки хилофи фармудаи эшон кунад, «гунаҳкори азим» бошад».

Баъд аз муқаддима бобҳои китоб оғоз мешаванд, ки ҳар як боб асосан ба ин ва ё он масъалаи шаръӣ (аз назари фиқҳӣ) ақидаҳои ин бонувони “бонуфузи давр” баён карда мешаванд. Он занҳо гӯё дар шарҳи масъалаҳои шаръӣ ягонаи замони худ бошанд. Ҳол он ки онҳо таълимнадида, бесавод ва устод надидаанд, вале гӯё оид ба ҳар як масъалаи ҳалталаби ҳаётӣ назари хоси худро доранд. Адиб бо мушоҳидаҳои мӯшикофонаи худ, асрори “донишмандии онҳоро” оид ба масъалаҳои шаръии ҳаётан муҳим мавриди тасвир қарор медиҳад, ки хеле ҷолиб ва фошкунанда аст. Аз ин хотир, тасвирҳои адиб рамзу кинояҳои баланди интиқодӣ доранд. Он бонуҳо басо худро назарбаланду воломақом вонамуд мекунанд, вале дар асл онҳо каммағзу нодонанд.

Мазмуни бобҳо кинояомез буда, ин занҳо, ки асилзодаву ашрофзодаанд, ҳар кадоме андешарониҳои хеле аҷиб доранд.

Масалан, дар боби якум менависад, ки вузу ва ғуслро ҳамаи уламо (панҷ нафар бибиҳо…) воҷиб медонанд, вале дар ҳолатҳои зерин: вақте ки зан ба дасти худ ҳино баста бошад, ё бар абрӯяш усма кашида бошад, ё шавҳар ба ӯ иҷозати ҳаммом рафтан надода бошад, ба ақидаи Бибишоҳ Зайнаб, то панҷ рӯз ин ҳолат давом бояд кунад ва ба қавли Бибихоли Ҷӯйборӣ, то як ҳафта ва ба гуфтаи Бибимоҷони Базморо, то ба як моҳ тарки ғуслро воҷиб медонад ва ғайра. Ё худ оид ба муносибати занон бо модаршӯён менависад: «…арӯс бо модари шавҳар ва модаршӯй бо арӯс, албатта, душманӣ кунанд, ҳарчанд дар дил бо ҳам дӯст бошанд, дар зоҳир албатта душман бошанд… ва Бибишоҳ Зайнаб аз қавли муршиди худ иблиси лаин гуфта, ки акси онро ба амал орад. Ба арӯс воҷиб аст, ки рӯзу шаб дурӯғ ва ифтирои (сафсаттаи) бисёр аз қавли шайтони лаин ба шавҳар нақл кунад» ва монанди инҳо.

Умуман, маълум мешавад, ки «Ақоид-ун-нисо» инъикосгари ҷаҳонбинии занони табақаи муайяни ҷамъияти онрӯзаи Бухорост, ки аз тарафи Возеҳ мушоҳида карда шудааст. Аз тарафи дигар, мо муоинаи табақаҳои иҷтимоии ҷамъияти ҳамонрӯзаи Бухоро ва бахусус, авзои занон ва мақоми онҳоро дар оила ва ҷамъият мебинем.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Овони ҷавонӣ ва таҳсили илм кардани Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ чӣ гуна сурат гирифтааст?

2. Возеҳ кай ба дарбор роҳ ёфтааст?

3. Сабабҳои хидмати дарборро тарк кардани шоир чист?

4. Поёни умри Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ чӣ гуна гузаштааст?

5. Мероси илмию адабии Возеҳро номбар кунед.

6. Сабаби таълифи асари «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ чӣ буд?

7. Мазмуну муҳтавои «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ аз чӣ иборат аст?

8. Возеҳ дар ин асараш кадом андешаҳои пешқадамро тарғиб намудааст?

9. Возеҳ дар «Савонеҳ-ул-масолик» бештар ба кадом масъалаҳо рӯ овардааст?

10. Сафарҳои Возеҳ ба ҷаҳонбинии ӯ чӣ гуна таъсир бахшидааст?

11. Мазмуни мухтасари «Кони лаззат ва хони неъмат»-ро нақл кунед.

12. Дар «Кони лаззат ва хони неъмат» кадом навъҳои таом шарҳу тавзеҳ дода шудаанд?

13. Истифодаи анвои хӯрокҳоро дар асари «Кони лаззат ва хони неъмат» шарҳ диҳед.

14. Сохт ва мундариҷаи «Ақоид-ун-нисо»-ро баён кунед.

15. Возеҳ дар «Ақоид-ун-нисо» бештар ба кадом масъалаҳо диққат додааст?

16. Аҳаммияти илмию маърифатии «Ақоид-ун-нисо»-ро фаҳмонед.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Возеҳ дар куҷо ба дунё омадааст?

А. Самарқанд

В. Тошканд

С. Хуҷанд

D. Хоразм

Е. Бухоро

2. Возеҳ кадом сол ба мамолики араб меравад?

А. соли 1871

В. соли 1875

С. соли 1979

D. соли 1882

Е. соли 1886

3. Поёни умри Возеҳ дар кадом шаҳр сипарӣ шудааст?

А. Эрон

В. Ҳирот

С. Тошканд

D. Самарқанд

Е. дар Бухоро

4. «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» чӣ гуна асар аст?

А. ҳаҷвӣ

В. сиёсӣ

С. ишқӣ

D. ҳамосӣ

Е. сафарнома

5. «Кони лаззат ва хони неъмат» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?

А. ба мавзуи ишқу ошиқӣ

В. ба мавзуи ҳаҷву истеҳзо

С. ба мавзуи сафару ҷаҳонгардӣ

D. ба мавзуи дӯстию рафоқат

Е. ба тавсифи анвои ғизоҳо

6. «Ақоид-ун-нисо» аз чанд боб иборат аст?

А. 10 боб

В. 12 боб

С. 3 боб

D. 15 боб

Е. 16 боб