Инъикоси замон, вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ғазалиёти Саййидо

Оид ба мавзуи мазкур Саййидо асари ҷудогонаи худ – «Баҳориёт» ё худ «Ҳайвонотнома»-ро навиштааст.

Гузориши масъалаи мазкур дар ғазалиёти шоир пурвусъаттар мебошад. Яъне, аз доираи мавзуъҳои ишқӣ рӯ овардан ба рӯзгори иҷтимоии инсон ва ҷамъият яке аз хусусиятҳои ғазалиёти шоир ба шумор меравад:

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хурад,

Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хурад.

16 Таҳаммул – сабр

17 Хасм – душман

18 Кудурат – ғам, андӯҳ

Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ

В-арна, Рустам зи чӣ боис сари Суҳроб хурад?

Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,

Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хурад.

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Саййидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ рӯст?

Мӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хурад.

Мавзуи ғазали мазкур асосан адолати иҷтимоӣ буда, шоир душманони халқро ҳушдор медиҳад, ки аз оҳи мазлумон ҳазар кунанд ва агар накунанд, онҳоро марг интизор аст. Саййидо бесарусомониҳои ҷамъиятро дар мансабталошию ҷоҳпарастии муосирон мебинад ва аз ин рӯ, ба ҳимояи мардумони одӣ овоз баланд мекунад:

Дар талоши салтанат афтодаанд аз пой халқ,

Тоҷ агар ин аст, олам сарнигун хоҳад шудан.

Аз ин сабаб, ӯ аз ғами халқ, аз ҳоли мардумони одӣ дилхуну ҷигаркабоб аст ва фиғону нолааш танҳо баҳри беҳбуди рӯзгори бечорагону дармондагон мебошад:

Ашки ман гар инчунин, аз дил бурун хоҳад шудан,

Доғҳои синаам гирдоби хун хоҳад шудан.

Дар ғазалиёти Саййидо оҳангҳои хеле амиқи фалсафӣ бо мазмунҳои иҷтимоӣ дар ғояти ҳунариву ҷилои тозаи хаёлбофӣ рӯйи кор омадаанд.

Чунончи:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,

Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,

Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.

То ба пойи хум нарафтам, соғарам ёрӣ надод,

Дастгирӣ бо мани афтода руҳи пир кард.

Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,

Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

Қомати хилватнишинон мекунад кори камон,

Метавон мисвок зоҳидро нишони тир кард.

Водии девонагӣ ҷойи фароғат будааст,

Хоби роҳат пой то дар хонаи занҷир кард.

Саййидо, музди ҳунарвар мерасад дархурди кор,

Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯйи шир кард.

Ғазали зикршуда моҳияти амиқи пандуандарзӣ, насиҳатӣ-тарбиявӣ дошта, олами сабаб – олами инсонҳо хеле нозуку ҳунармандона мавриди тасвир қарор гирифтааст ва ғазал аз оғоз то анҷом (байт-байт) ирсоли масал аст.

Ғазал дорои қофияву радиф буда, қофияҳои он бо ҳарфи равӣ «р» ба итмом мерасад, ки шакли он муқайяд аст ва радифи ғазал сода мебошад.

Ғазал дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ё худ ғазали дигари шоир, ки аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, моҳияти қавитари иҷтимоӣ дошта, ҳасби ҳоли шоир ва ҳолати қаҳрамони лирикӣ аз оғоз то анҷоми шеър давом мекунад, ки аз тангии маишӣ ва бенавоӣ ба сари шоир омадааст:

Мурғи беболупаре дидам, дилам омад ба ёд,

Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.

Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,

Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.

Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,

Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.

Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,

Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.

Саййидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,

Теғиноҳақхӯрда сайди бисмилам омад ба ёд.

Яъне интиҳои мақсади адиб ҳимояи адлу дод ва танқиди беадолатиҳои замони шоир низ мебошад.

Ғазал хеле ҳунармандона буда, дорои қофияи мутлақ ва радифи мураккаб аст. Яке аз вазифаҳои радиф дар ин ғазал таъкиди маъно низ ҳаст, ки бори ғоявии онро бар уҳда мегирад, зеро тангии маишӣ ба шоир умре рӯ ба рӯ будааст.

Аз нигоҳи вазн ғазали мазкур дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҷиҳати ҷолиби ҳунарии ғазали Саййидо он аст, ки оҳангҳои иҷтимоӣ тору пуди ғазалро ташкил намуда, рамзеро ба миён меорад, ки дарки мақсад каме мушкил ҳам мешавад.

Хусусияти дигари ғазалиёти ин суханвар боз он аст, ки сар то по ғазали ӯ тасвирҳои воқеӣ, ҷузъиёти ҳаётию мушаххас, вожаҳои маъмулӣ, хаёлбофиҳои рӯзгориву мушоҳидаҳои зиндагиро фаро мегиранд. Далели ин гуфта ғазали зерин аст:

Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст,

Дар даҳонам мавҷи обу бар забонам оташ аст.

Золимон аз бекасӣ вайронаамро сӯхтанд,

Чуғзам, аз бехонумонӣ ошёнам оташ аст.

Булбулам, аммо мақоми дилнишинам гулхан аст,

Сабзаам хокистар асту бӯстонам оташ аст.

Аз сари кӯйи бутон рахти сафар то бастаам,

Маҳмили ман гирдбоду корвонам оташ аст.

Ай ки бо мо мекунӣ савдо, ба худ андеша кун,

Дар бисотам дуди оҳу бар дуконам оташ аст.

Суҳбати ман бе маю бе мутриб имшаб дар гирифт,

Хона равшан мекунам, то меҳмонам оташ аст.

Нест дилсӯзе ба мулки синаи ман ғайри доғ,

Саййидо, имрӯз ёри меҳрубонам оташ аст.

Вижагии дигари ғазалиёти Саййидо он аст, ки ҳаҷман калон нест, 6-7 ва 10-12 байтист. Саййидо ғазале дар ҳаҷми 27 байт низ дорад.

Истиқлоли байтҳо аҳёнан манзур шаванд ҳам, онҳо аз доираи мавзуи марказӣ ҷудо нестанд. Яъне муносибати Саййидо ба сиёсатмадорон, ҳокимон, аҳли мансаб, табақаҳои ҳунармандон, меҳнаткашон, бозоргонон, олимон, шоирон, толибилмону мударрисон ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Дар ғазалиёти шоир қаҳрамони лирикӣ – ошиқ ё фарди соҳибтаҷриба, хирадманд, меҳнатқарин, соҳибҳунар аст, вале бенаво, беқадру манзилат, пурсабру пуртоқат ва боз бештар аз ин ростқавл, бовафо, адолатпараст, ҳақиқатхоҳ, дурандеш, покизазамиру софдил, самимию некукор мебошад.

Ӯ дар ғазали зерин мегӯяд:

Бувад мунъим азизи кишвару озод хор ин ҷо,

Зи сарви боғ раънотар дарахти мевадор ин ҷо.

Дар оғози муҳаббат ошиқ аз мурдан наяндешад,

Занад худро ба коми шер тифли найсавор ин ҷо.

Худоҷӯро саҳархезӣ шавад афзунтар аз пирӣ,

Дар айёми хазон гулдаста мебандад баҳор ин ҷо.

Аламҳои туро фардо гувоҳонанд дар маҳшар,

Макун озурда аз худ хотири лайлу наҳор ин ҷо.

Зи заҳри чашм арбоби тамаъро нест андеша,

Кунанд ин қавм майли сурма аз мижгони мор ин ҷо.

Саводи беди маҷнун беҳтар аз занҷир Маҷнунро,

Бувад аз дасти гиро нозанинтар раъшадор ин ҷо,

Ба берӯйӣ тавон аз аҳли дунё баҳравар гаштан,

Зи тифлон шикваҳо дорад дарахти мевадор ин ҷо.

Бувад кори ту, ё Раб, дар ду олам парда пӯшидан,

Макун маҳҷуб он ҷову магардон шармсор ин ҷо.

Набошад раҳ ба базми хилвати мо ҳарзагӯёнро,

Сари Мансур силӣ мехурад аз пойи дор ин ҷо,

Зи базми шеър набвад баҳрае афсурдатабъонро,

Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин ҷо.

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Набошад бо фашу мисвоки зоҳид ҳеч таъсире,

Наяндешад касе аз кавкаби дунболадор ин ҷо.

Хату зулфаш камар барбастаанд аз баҳри хуни ман,

Ҳазар кун, Саййидо, аз иттифоқи мӯру мор ин ҷо.

Ғазали зикршуда низ оҳанги бисёр қавии иҷтимоӣ дошта, шоир шиква аз тангии маишӣ ва аз беадолатиҳои даврони худ дорад. Умуман, дар ин ғазал танқиду истеҳзо, мазаммату ҳиҷо, шикояту норизоӣ, ҳимояи адлу ҳақиқат, ростию садоқат, дурандешию покӣ, вафодорию ростқавлӣ, худотарсию интихоби роҳи рост ва ғайраро васф менамояд. Ин ҷанба яке аз хусусиятҳои ғазалҳои Саййидо ба шумор меравад. Яке аз масъалаҳое, ки мисли хатти сурх аз миёни масъалаҳои баёнгардида дар ғазали боло мегузарад, ҳимояи ватан, дӯст доштани он, дилбастагии самимӣ ба ватан, азиз шуморидани обу хоки он аст. Ӯ ҳатто ватанро аз мафҳуми зодгоҳ васеътар маърифат мекунад ва Туркистонро дӯст медорад ва макону диёреро бо он баробар намедонад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз қадрношиносиҳо, ки нисбат ба шоир раво дошта мешуд, ӯ хастадилу навмед намешавад.

Ғазали боло муқаффову мураддаф буда, қофияи он муқайяд ва радифаш мураккаб мебошад. Аз нигоҳи вазн, дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

v - - - /v - - - /v - - - /v - - -

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.

Саййидо дар эҷоди ғазал, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат мақом дорад, ки ӯ ин навъи адабиро ба ҳаёти мардум, ба рӯзгору зиндагӣ басо қарину наздик намудааст. Аз ин рӯ, дар ғазалҳои ӯ ҷанбаҳои иҷтимоӣ зиёдтар қувват гирифта, як андоза руҳияи мардумии шеъри шоирро таъмин кардааст. Дар ғазали ӯ то ба ҳадде авзои сиёсӣ-таърихӣ ва иҷтимоии замонаш инъикос гардидааст. Аз тарафи дигар, ҷанбаи таълимӣ, пандуандарзӣ, насиҳатию мавъизатӣ гирифтани ғазали шоир бурҳони пойдории адиб ба суннат ва баҳрабардорӣ аз анъанаҳои куҳани шеъру адаби тоҷик мебошад.