Эҷодиёти Шавкати Бухороӣ

Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд, ки ӯ аз Бухоро баромада, дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар ғарибӣ зиста, дур аз диёр олами фониро тарк кардааст.

Бо вуҷуди азобҳои ғарибӣ, Шавкати Бухороӣ тавонистааст аз худ мероси ғание боқӣ гузорад. Ӯ дар эҷоди бадеъ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар оғоз «Нозук» тахаллус карда, баъдтар «Шавкат»-ро тахаллуси хеш қарор дода бошад.

Мероси адабии Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ, ки ба сифати девони ашъор то ба имрӯз маҳфуз мондааст, аз ғазалиёт, қасоид, рубоиҳо, муфрадот, ашъори пароканда ва муқаттаот иборат мебошад. Дар девони шоир ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад, ки то 744 ғазалро ба ӯ мансуб медонанд.

Мавзуъ, мазмуну мундариҷаи ғазалиёти шоир асосан ҷанбаҳои иҷтимоии зиндагӣ, ҳаёт, беадолатиҳои рӯзгор, шебу фарозҳои олам, печидагиҳои дунёи моддӣ, нооромию бедодгариҳои муҳити иҷтимоӣ, ғарибию ранҷҳои мусофират, нодорию тангии маишӣ, бевафоии умр, дунё, мунофиқии зимомдорони вақт, макру ҳиллаҳои зоҳирбинон, тангназарию ғаммозии одамони беақл ва ғайра мебошад. Муҳим он аст, ки дар ҳамин замина мавзуъҳои ишқӣ ва ошӯбҳои қалбии инсон, шӯру валвалаҳои ботинӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва ғайра баён шудааст. Яъне, мавзуъҳои ишқӣ ҷилои аввалиндараҷа надоранд ва бештар оҳангҳои шиквоию ҳасбиҳолӣ ба ҷойи аввал омадаанд.

Бояд гуфт, ки мавзуъҳои иҷтимоӣ аслан барои ғазал гарониҳо пеш меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавзуъҳо ҳунари худро нишон бидиҳад:

Куҷо аз модари айём осоиш ҳавас бошад?

Париданҳои рангам ҷунбиши гаҳвора бас бошад.

Гули ҷамъияти равшандилон аз риштаи оҳ аст,

Баёзи субҳро шероза аз тори нафас бошад.

Ба зоҳирбинӣ азбас кор уфтодаст мардумро,

Агар қадди касе кӯтоҳ бошад, нимкас бошад.

Ҳадаф дар ғазали мазкур ғанимат шуморидани умр, эҳтиёткорӣ, мазаммати зоҳирбинию кӯтоҳназарӣ аст. Дар ин шеър таъбири халқии «одаму дам» ба кор гирифта шудааст.

Ё худ дар ғазали дигар мегӯяд:

Субҳи пириҳо расиду аҳди хурсандӣ намонд,

Хандаи дандоннаморо устухонбандӣ намонд.

Меваҳо чун нахли тасвираш ба шохи ҳайрат аст,

Нахли мижгонро баҳоре аз барумандӣ намонд.

Ай ки дорӣ мушти хокамро ба каф, посаш бидор,

Бод пур тунд аст, то аз даст афкандӣ, намонд.

Юсуфи моро зи бас гаштанд ихвон роҳзан,

Зодгоҳи Мисри мо ҷуз номи фарзандӣ намонд.

Бар сари болини ин мушти гиёҳ, ай барқи ноз,

Омадӣ рӯзе, ки моро бо ту хурсандӣ намонд.

Чун тазарви барқ аз гармӣ нафасҳо сӯхтем,

Мурғи мо, Шавкат, ба доми орзумандӣ намонд.

Дар ғазали боло асосан ҳасби ҳол ба тасвир омадааст. Он то андозае якҷо бо фалсафаи зиндагӣ хеле созгор ва басо ҷолиб баён шудааст. Зеро овони пирӣ бо гусели ҳамешагии аҳди барноӣ пеш омада, ба он монанд аст, ки агар кафи хок мавриди вазидани бод афканда шавад, шояд ба замин ҳеҷ нарасад. Аз тарафи дигар, то дараҷае авзои таърихии замон низ мувофиқи муроди дили инсонҳо нест, зеро ҳолат ба он овардааст, ки бародарон роҳзану хасманд ва талмеҳан ишора ба бародарони Юсуф (а.) низ шудааст.

Инчунин, дар маркази ҳадафи эҷодкор, агар хеле ҷиддӣ зеҳн монда шавад, пай бурдан осон аст, ки оҳанги яъсу ноумедӣ дар симои ошиқ – қаҳрамони лирикӣ басо қавӣ садо медиҳад. Аз ин рӯ, баробари гузаштани аҳди барноӣ хурсандӣ, барумандӣ, шодию нишот, баҳори умр низ аз даст раҳо мешавад.

Ҳадафи шоир паҳлуи хеле нозуки дигар ҳам дорад. Яъне, шоир ба ин восита инсонҳоро ҳушдор медиҳад, огоҳ менамояд, ки дар гузашти умр, сипарӣ гардидани айём дар ғафлат намонанд. Пас, қазоватҳои адиб моҳияти ахлоқию тарбиявӣ низ доранд.

Бо дар назар доштани хусусиятҳои шаклӣ ғазали зикршуда мураддаф (калимаи «намонд» радифи сода), муқаффо: хурсандӣ, устухонбандӣ, барумандӣ, афкандӣ, фарзандӣ, орзумандӣ буда, қофияҳои мазкур мутлақ мебошанд, зеро пас аз ҳарфи равӣ-«д», ҳарфи васл-«ӣ» омадааст. Дар калимаҳои қофия ҷузъи «-андӣ» решаи қофия буда, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи «ӣ» васл, ҳарфи «н» қайд мебошад. Азбаски ҳарфи равӣ – «д» бо ҳарфи дигар («ӣ»-васл) часпидааст, чунин қофияро қофияи мутлақ меноманд. Аз нигоҳи вазн ғазал дар баҳри рамали мусаммани мақсур эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v ~

яъне, фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон мебошад.

Дар ғазалиёти Шавкат ишқи ҳақиқӣ-ирфонӣ, илоҳӣ низ мақоми махсус дорад. Дар чунин ғазалҳо ишқ неруи тавонотарин ва ҷовидонаву муқаддас аст:

Шер рам мекунад аз шӯриши девонаи ишқ,

Дидаи дев бувад шамъи парихонаи ишқ.

Куфру ислом дар ин роҳ ду нақши қадам аст,

Каъба сангест зи девори санамхонаи ишқ.

Ё худ дар ғазали дигар:

Дар он саҳро, ки ваҳшат раҳравонро роҳбар бошад,

Саводи манзил аз чашми ғизолон шӯхтар бошад.

Талабгори Худо аз хештан ғофил намебошад,

Ки тори ҷода соликро ба раҳ мадди назар бошад.

Роҳи муқаддас – тариқати солик сӯйи маърифати сулук – роҳ ба сӯйи ҷовидон аст, ки дар ғазалиёти ишқии Шавкати Бухороӣ тасвир шудааст.

Дар ғазалиёти шоир хислатҳои ҳамидаи инсонӣ: вафодорӣ, ростқавлӣ, ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ, илмдӯстӣ, адолатхоҳӣ, ҷуду сахо, олиҳимматӣ, дурандешӣ, дилҷӯӣ, ҳалолкорӣ, покӣ, садоқат, лутфу эҳсон, ҳалимию меҳрубонӣ, меҳнатдӯстию хоксорӣ ва ғайра сидқан васф мешаванд. Баръакс, хислатҳои разила мисли: макру дурӯғ, қатлу ғорат, кӯтоҳназарию инсонбадбинӣ, кибру ғурур, худхоҳию ҳавобаландӣ, фиребгарию ҳаромхӯрӣ, мансабпарастию ришваситонӣ, бевафоию беномусӣ, кӯтоҳандешию суханчинӣ, нопокию беадолатӣ ва ғайра бо тамоми ҷузъиёт маҳкум карда мешаванд.

Чунончи:

Хирад осуда аз базми муҳаббат барнамегардад,

Касе аз бешаи шерон саломат барнамегардад.

Дами теғи аҷалро шоҳроҳи офият донад,

Дили девонаи мо аз шаҳодат барнамегардад.

Ҳадаф аз «бешаи шерон» парвариши нафси ҳайвонист, ки касе бо он рӯ биёварад, ҳатман пушаймон хоҳад шуд. Ҳамчунон ки ақлу хиради инсон дар назди ишқ нотавон аст.

Ё худ аз ғазали зер адиб қиёси содалавҳонаеро танқид карда, нигоҳи пурғаразро пешрави мардум набояд кард мегӯяд, зеро дар хонаи оина чӣ қадар одамон қадам зананд ҳам, бесадо мебошад. Ба ҳамин монанд дар ин ғазал намунаҳои сершуморе паёпай оварда мешаванд, ки андешаи баёншавандаро, яъне фикри асосии шоирро тақвият мебахшанд:

Надонам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро,

Чароғи корвон кардам тасаввур чашми раҳзанро.

Касе огаҳ зи рафтори сабукруҳон намегардад,

Садои по набошад хонаи оина рафтанро.

Як нуктаи муҳимро метавон таъкид намуд, ки ин ҳама танҳо ба воситаи ақидаҳои пандуахлоқии адиб мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд:

Бахти бад хоҳад зи душман хуни мо,

Теғи мо бас толеи вожуни мо.

Офтоби хоксоре гаштаем,

Нақши по – кавкаб, замин – гардуни мо.

Аксаран чунин андешаҳо бо мавзуъҳои ишқӣ ҳамроҳ меоянд ва ба ин восита шоир ба ошиқон низ панд медиҳад. Ба ин маънӣ дар ин ғазали ишқӣ омадааст:

Кард ҳусни гулрухон комил дили девонаро,

Партави шамъ оташи манзил бувад парвонаро.

Нест соҳибхонаи мо ғофил аз меҳмони худ,

Аз нигоҳи мизбон бошад ҳаво ин хонаро.

Сахтии айём шуд роҳи наҷотам з-ин муҳит,

Осиё бошад пуле аз худ гузаштан донаро.

Баски бе лаълаш шаробам оташи ҳалкарда аст,

Шуълаи ҷаввола донам гардиши паймонаро.

Қомати хам нафси пиронро зи ҳастӣ монеъ аст,

Ҳалқаи дум гашта занҷир ин саги девонаро.

Хонаи танро қиёми бандагӣ дорад ба по,

Як қади одам бувад девор ин кошонаро.

Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махур,

Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро.

Аслан ғазали мазкур ишқӣ бошад ҳам, ҳадаф дар як байт баён шудааст ва абёти дигар (ба ҷуз матлаъ) комилан масоили иҷтимоист, ки дар назари хонанда олами маънавии шоирро бо ҷавлони андешаҳои ӯ муаррифӣ месозад.

Ғазал мураддаф нест, муқаффост ва хеле оммафаҳму сода аст. Аз нигоҳи вазн дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф (мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

- v - - / - v - - / - v - - / - v - (ё - v ~)

Яъне, зебоӣ фараҳи дил ва шамъ боиси нурбахшии кошонаи парвона аст. Ноҳамвориҳои ҳаёт боиси ҳушёршавиҳост ва ин ба он монанд аст, ки донаи гандум он вақт ба мақсад мерасад, ки аз осиё гузарад ва ғайра.

Шавкат низ ҷаҳонро бо дидаи ботин мебинад ва дар айни замон, дидаи зоҳирро воситае меҳисобад, ки тавассути он ба олами воқеӣ, ҳаводису рӯйдодҳо сару кор гирад. Ҳаққу ботил, хубу бад, росту дурӯғ, фоиданоку бефоида, зиёновару безиён, раво ё нораво будани онро бояд дидаи ботин қазоват бикунад:

Ба нури дил фурӯғи моҳу хуршед андаке бошад,

Барои чашми ботин чашми зоҳир айнаке бошад.

Бувад соҳибдилонро баҳра аз огоҳии ғафлат,

Ба болидан баданро хобу бедорӣ яке бошад.

Шавкати Бухороӣ, ки худ бисёр сафарҳо кардаву азоби ғурбатро умре чашидааст, аз ғарибӣ нолидааст ва дар ватан будану дӯстдори ватан шуданро насиҳат мекунад:

Ҳар кас, ки рафт аз ватан, аз умр бар нахурд,

Фирӯза чун ҷудо зи Нишопур гашт, мурд.

Ба назари шоир, навмедӣ боиси руҳафтодагию шикастагист ва шахс набояд ба яъсу ноумедӣ биафтад. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:

Дар шоми ғами хеш маро субҳи умед аст,

Гар нақши нигин тира бувад, ном сафед аст.

Шавкати Бухороӣ панд медиҳад, ки сирри дилро набояд ба ҳар кас гуфт. Зеро сир аз даҳон ки берун шуд, паҳн мешавад ва аз ин рӯ, он набояд ба касе гуфта шавад. Аз тарафи дигар, инсон бояд худро аз тамаъ ва тамаъкорӣ нигоҳ дорад. Инчунин, мисраъҳо агар ҷуфт шаванд, байтро ташкил медиҳанд ва шоир мисраъҳоро дар алоҳидагӣ ба лаб монанд мекунад. Яъне, ҳамин ки ду мисраъ ба ҳам часпад, байт ҳосил мешавад. Мақсади шоир аз баҳамоии мисраъҳо ва ба ҳам омадани лабҳо пӯшида нигоҳ доштани даҳон аст:

Ба ҳар кас во макун банд аз забони арзи матлабҳо,

Ба дандони тамаъ зинҳор макшо уқдаи лабҳо.

Сияҳбахтӣ чароғи аҳли дилро мекунад равшан,

Зи мушки судаи шаб тоза гардад доғи кавкабҳо.

Кунад файзи хамӯшӣ соҳиби девон суханварро,

Ба ҳам ояд ду мисраъ, чун ба ҳам меоварад лабҳо.

Шавкати Бухороӣ дар ғазалиёти хеш олиҳимматӣ, назарбаландӣ, бетамаъӣ, худшиносӣ ва дигар сифатҳои некро тарғиб намуда, ҷидду ҷаҳд ва саъйу талошро сабабҳои расидан ба ин ва ё он мақсад медонад:

Мӯраму то накунад миннати чархам помол,

Пар баровардаму аз дасти Сулаймон рафтам.

Чун манеро нагузоранд зи каф аҳли карам,

Нақди ҳиммат шудам, аз дасти каримон рафтам.

Бод хокам ба сар, оташ ба дилу об ба чашм,

Ки зи тавфи дари султони Хуросон рафтам.

Шоири тавоно Шавкати Бухороӣ ҳатто аз баъзе сифатҳои қалам шиква мекунад, ки қалам ба ҳарфи ҳар кас гӯш медиҳад ва ба амру фармони ҳар кас сар мениҳад.

Ё худ барои шоир сарфи беҳуда дар муқоиса бо даромади бемасриф, яъне даромаде, ки ба хотири ғун кардан гирдоварӣ карда мешавад, баробар мебошад.

Ӯ мегӯяд:

Чун қалам ангушт нагзорам ба ҳарфи ҳеч кас,

Нест кам аз харҷи беҷо пеши ман дахли баҷо.

Шоир барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ, комёб шудан аз ҳаёт, хуш гузаронидани умр саъйу кӯшиш ва сафар кардану ҷаҳон диданро тавсия менамояд:

Ба гетӣ то ба кай маҳбус бошӣ, сайри олам кун,

Бувад як ҷо нишастан то камар зери замин будан.

Яъне, ба ақидаи Шавкати Бухороӣ, шахсе, ки ба ҷое сафар намекунад, мисли маҳбус аст, ки ба ҷуз ҷойи зисташ ҷоеро намебинад. Дар ин муносибат инсонро ба хуршед нисбат медиҳад, ки касе аз инсонҳо ба офтоб наметавонад бигӯяд, ки имрӯз бирав ва ё фардо бирав. Хуршед аз сабаби пайваста дар сафар буданаш саховатманду нафърасони ҳама кас ва ҳар чиз аст. Аз ин рӯ, шоир сафарро тарғибу ташвиқ менамояд.

Ҳунари шоирии Шавкати Бухороӣ, махсусан, дар эҷоди ғазал ба назар мерасад. Ҳатто худи шоир ҳунарманд ва устод будани хешро дар рӯзгораш ҳис карда будааст, зеро дар як қатор шеърҳои худ ба ин масъала ишора дорад. Шавкати Бухороӣ то андозае худро хотиматушшуаро ном мебарад ва бо ишора ба ин масъала мегӯяд:

Мешавад маҳбус чун гул маънии рангин зи ман,

Ҳамчу ман, Шавкат, куҷо ҳарфофарин пайдо шавад?!

Шавкати Бухороӣ шоирест, ки комилан дар сабки ҳиндӣ ғазал сурудааст ва умуман дар ин сабк эҷод кардааст. Маълум аст, ки дар давраи сабки ҳиндӣ ғазал нисбат ба дигар анвои адабӣ рушди бештар доштааст. Зеро таркиби асосии девонҳои шоирони дар ин сабки адабӣ эҷодкардаро, агар варақгардон намоем, мебинем, ки асосан ҳамаи онҳо ба ғазал рӯ овардаанд. Аз ин рӯ, Шавкат низ асосан, ғазал эҷод намудаву маҳз дар ин жанр қувваозмоӣ кардааст. Ҳатто ифтихороти шоирии ӯро худаш дар эҷоди ғазал медонад.

Шавкати Бухороӣ бо ишора ба ин маънӣ ҷое мегӯяд:

Лаззат зи ворасидани шеърам барад адӯ,

Ангушт чун ниҳад ба ҳадисам, асал хӯрад.

Шавкат ҳатто шоирони нисбатан машҳуру шинохташудаи сабки ҳиндӣ: Нозиму Носиралӣ ва Соибро дар сатҳи хуб қабул намекунад ва эҷодиёти онҳоро аз ашъори худ поинтар медонад. Албатта, ин қазоват муболиғавӣ бошад ҳам, як андоза беҳуда нест.

Чунончи мегӯяд:

Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,

Шона ҷаври арраро аз баҳри гесӯ мекашад.

Нозиму Носиралӣ, Соиб надоранд ин намак,

Шавкати нозуксухан мӯ аз дили мӯ мекашад.

Шоир ин ҷо ҳунари нозуксуханию адои ширини эҷодии худро мавриди баён қарор додааст. Аз тарафи дигар, албатта ҳунари ӯ дар эҷоди бадеъ баробари Соиб набошад ҳам, дар ҳар сурат ғазали боҳунарона мегӯяд. Ба назари Шавкати Бухороӣ, шеъри ӯ сухани муқаррарию одӣ, ки дорои вазну қофия ва радиф бошад, нест, балки он порае аз дили эҷодкор аст. Чун дар урфият фарзандро ҷони ширин мегӯянд, пас, ба назари ин шоир низ шеър фарзанди эҷодкор аст.

Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:

Зи баски маънии ӯ лахти дил бувад, Шавкат,

Чу шеърҳои ту бишкофтанд, хун омад.

Ҳолати эҷод аз нигоҳи Шавкат, муҳлати тулонии умри эҷодкор аст. Яъне шеъри хуб созгор омадани он бо рӯзгори воқеист. Ӯ назмро аз наср болотар медонад:

Кори осон набувад маънии равшан бастан,

Наср то назм шавад, об гуҳар мегардад.

Дуруст аст, ки ӯ дар эҷоди ғазал, асосан, ба Толиби Омулӣ пайравӣ кардааст ва дар иртибот ба ин ишораҳо низ дорад.

Чунончи:

Хост, то равшан кунад Шавкат чароғи табъро,

Равғани маънӣ зи хоки Толиби Омул кашид.

Ба назари Шавкати Бухороӣ, ба эҷоди шеър рӯ овардани эҷодкор ба олами зебоӣ, ба дунёи сернакҳату рангини ҳаёт, ҷаҳони гуворову рӯзгори ширин низ ҳаст. Мақсади адиб дар ин ҳолат бори эстетикӣ кашидани суханварӣ, моҳияти зебоиофарии каломи бадеъ мебошад.

Чунончи, дар ин байт гуфтааст:

Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст,

Лафзро аз ранги маънӣ гул ба домон кардан аст.

Дар ҳар сурат шеъри Шавкати Бухороӣ, асосан, шеъри ҳикмат, сухани андарзогин, каломи пандунасиҳатист:

Нашъаи фикрам дигар, Шавкат, ба мавҷи ҳикмат аст,

Хишти хум бояд ба мағзи фикри Афлотун задан.

Калимаҳо, таъбиру ибораҳое, ки Шавкат ба кор мебарад, дар алоҳидагӣ қариб, ки мушкил надоранд ва оммафаҳму одиянд. Онҳо танҳо дар матн моҳиятан мураккабу мушкилфаҳмтар мешаванд:

Карда наззораи рӯйи ту зи бас ҳайронам,

Оби оина ба доман чакад аз мижгонам.

Дар ин байт калима, ибораи душворфаҳме нест. Яъне, ҳамаи калимаҳо аз нигоҳи маънии луғавӣ ҳеҷ мушкиле надоранд. Аммо мазмуни байт то андозае дастнорас аст, зеро калимаҳо дар матн ҷилваҳои гуногуни маъноӣ гирифтаанд. Манзур ҳиҷрон аст. Назораи рӯ, ҳайрон будан киноя аз ёд овардани чеҳраи маҳбуба буда, оби оина, чакидан ба домон аз мижгон нола аз фироқу ҳиҷрон аст. Оби оина - сӯзиши дил, ба мижгон омадани ашк – ҳузну ғусса ва нола буда, ба домон афтодани он – бенатиҷа, бесамар сомон ёфтани кори ошиқ аст.

Умуман, Шавкати Бухороӣ шоири хуб аст ва махсусан, дар эҷоди ғазал табъи саршор дорад. Омӯзиши эҷодиёти ӯ таҳқиқу фарогирии ҷузъе аз тафаккури бадеии халқи тоҷик дар асри XVII, худшиносӣ ва таърихи ниёгон дар он рӯзгорон аст. Аз тарафи дигар, ғанои таркиби лексикии забони тоҷикӣ ба ҳунари сухансанҷии ҳаммиллатон дар ин аср ба шумор меравад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Овони тифлӣ ва ҷавонии Шавкати Бухороӣ чӣ гуна гузаштааст?

2. Сабаби ҷалои диёр намудани Шавкат дар чист?

3. Мероси адабии Шавкати Бухороӣ аз чиҳо иборат аст?

4. Мавзуъ, мазмун ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Шавкатро баён кунед.

5. Ғазали «Субҳи пириҳо расиду аҳди хурсандӣ намонд» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?

6. Мазмун ва мундариҷаи ғазали «Дар он саҳро, ки ваҳшат раҳравонро роҳбар бошад»-ро баён кунед.

7. Шавкат дар эҷоди ғазал ба кадом шоирони гузашта таваҷҷуҳ зоҳир кардааст?

8. Мақом ва пояи шоирии Шавкат дар таърихи адабиёт дар кадом сатҳ аст?