Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна

Вазъияти сиёсию таърихӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XVIII ва оғози асри XIX басо сангину мураккаб гардида, ин ҳолат ҳанӯз аз аҳди Абдулазизхони Аштархонӣ (1645-1680) ва Субҳонқулихон (1680-1702) шуруъ шуда буд. Убайдуллоҳхон (17021711) кӯшиши пешгирӣ намудани онро карда бошад ҳам, натиҷа надод ва худи ӯ ба қатл расонида шуд.

Дар замони ҳукмронии охирин намояндаи хонадони Аштархонӣ – Абулфайзхон (1711-1747) вазъияти кишвар тамоман хароб гардид, зеро ин ҳоким қариб ба корҳои мамлакатдорӣ аҳаммият намедод. Ин буд, ки ҳокими Эрон - Нодиршоҳи Афшор (1736-1747) соли 1740 ба сарзамини Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, бе дидани муқобилати шадиде ба Бухоро ворид шуд.

Дар ин ҷанг Муҳаммадҳаким атолиқ – фиристодаи Абулфайзхон барои музокирот ба назди Нодиршоҳ низ хиёнат мекунад. Ӯ бар нафъи Нодиршоҳ амал менамояд. Писари Муҳаммадҳаким – Муҳаммадраҳимбӣ дар Эрон ба бовари Нодиршоҳ даромада, баъдҳо бо баҳонаи ҷанозаи падараш ва ёрӣ ба Абулфайзхон ва зарба задан ба Ибодуллоҳбӣ дар Каттақӯрғон ба Бухоро меояд. Дар ҳақиқат, Раҳимбӣ исёни Ибодуллоҳбиро шикаст дода, соли 1747 Абулфайзхонро дар мадрасаи Мири Араб ба қатл мерасонад. Ба ҳамин тариқ, охирин намояндаи Аштархониҳо аз сафҳаи таърих рафта, ба ҷойи ин сулола салтанати Манғитиҳо сар мешавад.

Раҳимхон соли 1754 ба як қатор шаҳрҳои Мовароуннаҳр лашкар кашида, дар шаҳрҳои Миёнкол, Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Қаршӣ, Ургут, Панҷакент, Ҳисор ва ғайра пояи давлаташро устувор мегардонад.

Раҳимхон соли 1758 вафот мекунад ва ба ҷойи ӯ амакаш – амир Дониёл (1758-1785) ба тахт менишинад. Вале дере нагузашта ҳокимони маҳаллӣ муқобили ӯ исёнҳо бармеангезанд. Аз ҷумла, ҳокимони шаҳрҳои Ӯротеппа – Фозилбӣ, Шаҳрисабз – Бекназарбӣ, Косон – Бӯтабӣ, Ғузор – Дӯстқаробӣ ва дигарон. Баъди пахши чунин исёнҳо, албатта, аҳволи мамлакат хеле бад шуда буд. Баъд аз вафоти Дониёл (соли 1785) писари ӯ – Шоҳмурод (1785-1800) соҳиби тахт шуд. Ин марди сӯфимашраб шахсияти одиву хоксоре буда, ҳатто Давлатқушбегӣ ва Қозӣ Низомуддинро дар ҳузури омма барои гуноҳҳояшон ба қатл мерасонад. Дар таърихи сулолаи Манғитиҳо ҳукмронии Шоҳмурод хеле одилона ва дар ҳадди инсоф буд. Ӯ қариб ҳамаи ҳокимони маҳаллиро иваз мекунад ва мансабдоронро санҷида, ба ҳар вазифае таъйин менамояд.

Амир Шоҳмурод барои ободонии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро кӯшиш намуда, пеши роҳи бесарусомониҳоро то андозае мегирад.

Соли 1800, пас аз вафоти Шоҳмурод, писари ӯ – Ҳайдар (1800-1826) ба тахт мешинад. Амир Ҳайдар мударрисӣ низ мекардааст. Баъд аз вафоти Ҳайдар писари вай – Насруллоҳ (1826-1860) ва баъди Насруллоҳ писари ӯ – Музаффар (1860-1885) амир мешаванд.

Дар оғози асри XIX мисли аминона, муҳрона, миробона, вакилона, муҳосилона, ҳаққи тарозу ва ғайра навъҳои андоз зиёд мешавад. Ин аст, ки дар давраҳои гуногуни асрҳои XVIII - XIX бисёр исёнҳои халқӣ рух додаанд.

Вазъияти Хӯқанд. Вобаста ба он ки Нодиршоҳ Хӯқандро ишғол накард, ин сарзамин нисбат ба Бухоро ободон боқӣ монд. Ҳокими ин қаламрав – Олимхони Хӯқандӣ (1799-1809) низ баъзе тадбирҳои хуб баҳри амнияти кишвар андешида буд. Ӯ аз ҳисоби мардумони кӯҳистони Дарвозу Қаротегин ва Шуғнон дастаи махсусе созмон дода, даъвои истиқлолхоҳӣ менамояд.

Ин буд, ки вай Тошканд ва қавмҳои қазоқро, ки дар атрофи он буданд, ба ҳудуди давлати худ медарорад. Пас аз Олимхон бародари ӯ – Умархон (1809-1822) низ сиёсати бародарашро давом медиҳад ва муваффақ мешавад.

Умархон Туркистон ва даштҳои қазоқнишинро аз ҳудуди баҳри Арал то Ҳафтрӯд тасарруф намуда, қисми зиёди марказҳои қазоқу қирғизнишинро низ соҳиб мешавад. Баъд аз Умархон писари вай – Муҳаммадалихон (1822-1842) баҳри вусъат додани ҳудуди давлати худ кӯшишҳо намуда, қаламрави Дарвозу Қаротегин ва ҳатто Кӯлобро ба зери итоат медарорад.

Ӯ Ӯротеппа ва Кошғарро низ тасарруф карда, ҳудуди мамлакаташро хеле вусъат мебахшад. Вале шахсияти амир чандон писанди мардум намешавад, зеро вай бештар ба айшу нӯш рӯ меорад. Ин буд, ки амир Насруллоҳ Хӯқандро забт намуда, Муҳаммадалихон ва модару бародарашро низ нест мекунад. Идораи Хӯқандро ба уҳдаи Иброҳим Хаёл ном ҳоким мегузорад. Ҳукумати Иброҳим дер давом намекунад ва Хӯқанд боз мустақил мешавад.

Авзои сиёсии Хоразм низ чандон хуб набуд, зеро миёни хонигариҳои Хоразму Бухоро ва Хӯқанд ҳамеша низоъҳо мавҷуд буданд. Аз сабаби он ки Марв ба ихтиёри ҳокими Бухоро бо зӯр дароварда шуда буд, хони Хоразм – Элтузархон ба Бухоро лашкар мекашад. Ӯ комилан комёб нашуда бошад ҳам, вазъияти Бухороро мураккаб намуд, зеро ҳокими Хӯқанд низ як қатор шаҳрҳои тобеи Бухороро тасарруф карда буд. Аз ҷумла, як қисмати Туркистон, Ҳафтрӯд, Қазоқистони Ҷанубӣ, Шуғнон, Дарвозу Қаротегин, Вахон ба ихтиёри мири Хӯқанд даромада буданд.

Умуман, ин кашмакашҳои бемаънӣ ва ин бесарусомониҳо ҳолати кишвар ва халқи меҳнаткашро хеле вазнину ногувор карда буданд.

Дар асри XVIII дар қаламрави Афғонистони кунунӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Шоҳи Эрон – Нодиршоҳи Афшор (1736-1747) ба хонигариҳои хурди қаламрави Афғонистон хотима гузошта, тамоми ҳудуди Афғонистонро ба ҳайати империяи худ дохил намуд. Баъд аз вафоти Нодиршоҳ дар Афғонистон давлати Дуррониён (1747 - 1818) таъсис ёфт, ки асосгузори он Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-1773) буд. Қаламрави он дар ҳамон вақт аз Машҳад то Кашмир ва аз Ому то баҳри Араб буд. Соли 1818 давлати Дуррониён пароканда шуда, ба хонигариҳои хурд тақсим гардид. Аз ҷумла ба хонигариҳои Кобул, Қандаҳор, Пешовар, Ҳирот, ки муқтадири онҳо Кобул буд. Ҳокими он – Дӯстмуҳаммадхон (1826-1863) барои якпорчагӣ кӯшиши зиёд кард, вале ҳамаи кӯшишҳояш бенатиҷа монданд, зеро англисҳо ба ин монеъ шуданд. Соли 1838 артиши англисҳо ва ҳиндуҳо ба Афғонистон ҳуҷум карда, ҳукумати Шуҷоъро таъсис доданд, вале озодихоҳон ӯро қабул накарданд.

Соли 1842 ӯ ба қатл расонида шуд. Соли 1878 лашкари 36.000нафараи англисию ҳиндӣ Афғонистонро боз забт намуд ва ин кишвар расман мустамликаи Англия гардид.

Дар қаламрави Эрон давлатдории Сафавиён, ки аввалҳои асри XVI барпо шуда буд, то асри XVIII давом кард. Охирҳои асри XVIII Қоҷориҳо ба сари ҳокимият омаданд ва то соли 1925 ҳукумат карданд.

Ба ҳамин тариқ, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна зери таъсири сиёсати Русияи подшоҳӣ ва Англия монда буданд. Танҳо Русия пас аз Инқилоби Октябр сиёсати худро дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ тағйир дод, вале сиёсати мустамликадории Англия то миёнаҳои асри ХХ идома ёфт.