Шамсуддини Шоҳин мехост дардҳои ҷомеаи худро ба воситаи панду насиҳат, андарзу мавъизат даво бахшад. Ӯ ин корро бо эҷоди маснавии «Туҳфаи дӯстон» то андозае сомон ҳам дод. Вале донист, ки амирони бемаърифат омодаи шунидану кор гирифтан аз он нестанд. Амирони манғитро бо Атобакҳои форси замони Саъдӣ наметавон муқоиса намуд. Ғайр аз ин, Шоҳин дар ин муддат тавассути эҷодиёти Аҳмади Дониш аз нигоҳи тафаккуру идрок хеле пеш рафта буд. Хусусан, дар таҳаввули зеҳнию фикрии Шоҳин нақши «Наводир-ул-вақоеъ» басо бузург аст. Аз тарафи дигар, ӯ дар дарбор амиру атрофиёни вайро хуб омӯхт. Дид, ки ислоҳи ҷиддӣ зарур аст.
Бинобар ин, Шоҳин асари навбатӣ ва охирини худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро эҷод кард. Аз сабаби он ки амиру аморат барои ҳимояи худ ба ҳама чиз қодир буданд ва аз ҳеҷ кори зиште рӯй намегардониданд, Шоҳин марому мақсади худро дар зери пардаҳои киноя ва маҷозу рамзҳои бадеӣ ифода намудааст. Ҳамин далел боиси он гардидааст, ки «Бадоеъ-ус-саноеъ» асари охирини Шоҳин бошад. Аз тарафи дигар, Шоҳин дар давраҳои нисбатан охири рӯзгори хеш аз амиру аморат хеле хастадилу ноумед гардида будааст. Ин ҳолат ба таври васеъ ва бо оҳанги қавии фалсафию сиёсӣ дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» хеле ҷиддӣ ба тасвир омадааст.
Ӯ менависад: «Мир Муҳаммад Шамсуддин алмутахаллис ба «Шоҳин» аз он ҷиҳат, ки тарокуми навоиб ва тазоҳуми мусоиб муҷиби ихтилоли афкор ва боиси инҳирофи атвор гардида буд, хост, ки ба муқтазои ҳол маҷмуатушшикоят пардозад ва дар адои шикоят дастури ғариб оғозад, чунончи нигорандаро алалфавр эҷоби ханда ва баъдалғавр эроси гиря тавонад намуд». Яъне, дар мантиқи одии ифода шоир гуфтааст, ки: «Аз он ҷо ки буд, хостам, ки мувофиқи ҳолам маҷмуаи шикоят сохта, дар адои ин шикоят тарзи иншои аҷибе вазъ кунам, ба он тарзе ки хонанда баробари хондан бихандад, аммо баъди ба фаҳми мазмуни он расидан бигиряд».
Бо назардошти мавзуъ дар ин асар се ҷанба ба мушоҳида мерасад: 1. Танқиди муҳит ва ҷамъияти он давра.
2. Танқиди аҳли замон, арбоби давлат ва соҳибмансабон.
3. Тасвири ҳолу руҳия ва вазъияти худи шоир, шахсияти мушоҳидакор, ки ҳолии дигаре надорад.
Асар ба фаслҳову зерфаслҳо ҷудо нашавад ҳам, ҳадафи эҷодкор
тақрибан чунин баён шудааст:
1. Зикри ибораҳои киноие, ки пеш аз баёни воқеа меоянд.
2. Инъикосу таҳлили воқеаву ҳодисаҳо, ки аз танқиди замон ва ё аз баёни ҳолати худи муаллиф иборатанд.
3. Ҳикоёти хурде ба тарзи тамсилӣ.
4. Истифодаи ибораҳои маҷозию киноӣ.
5. Хулоса ва натиҷагириҳои худи муаллиф.
Шоҳин огоҳ менамояд, ки ба зоҳири ҳодисаву воқеаҳо фирефта набояд шуд. Ҳар кас бояд пардаро аз рӯйи зинату ороишҳо бардорад ва ҷамъиятро дар воқеияти ошкоро бибинад:
«Субҳоналлоҳ, каҷкӯли гадо сафинаи кадом дарё шуда ва ба деги мадраса оши кадом маърака сурати имзо ёфта. Агар аз барф, масалан, бинои манора осон аст, пас, манора чаро махсуси Масҷиди калон аст?
Ҳамин ҷоҳилон манораи аз барф сохтаро чун манораи хиштӣ тавсиф мекунанд ва каҷкӯли қаландариро заврақ гумон мекунанд.
Дареғо, ки ин ҷоҳилон зимомдорони вақтанд ва он ҷойҳо бар ин тоифа сазовор нест. Онҳоро бояд дар ҷойҳои барояшон муносиб нишонд, то ин ки садди роҳи ҷамъиятиву халқ нашаванд. Ба ин маънӣ Шоҳин менависад: «Каллаи гӯсола, чун таҳаммули юғ надорад, садои он зери хок ва хараки хокӣ, чун тоқати кашша (афзори асб) надорад, ҷойи он миёни хасу хошок. Аммо ҳайронам аз инқилоби даҳр, ки онро бо мехи ҷафо набастаанд ва аз инъикоси давр инро (яъне харро) ба ҷул наороста».
Ба назари Шоҳин, низому тартиб дар кори ҷомеаи онрӯза то ба дараҷае аз даст рафтааст, ки ислоҳи он имконпазир нест. Ин ҳолат ба он монанд аст, ки сурма, агар зеби чашму давои он бошад, вале чун дар дараҷаи худ наомадааст, пеши чашмонро сиёҳ мекунаду бас! Бинобар он, дардҳои ҷомеа бедаво шудаанд:
«Бода он ҷо ки хумор нашиканад, пунба дар даҳони шиша неҳ, об, ки ҳар гоҳ бар номияи нахл қувват наафзояд, дами теша беҳ». Камақлон ин нуқсонҳоро агар бибинанд, мехоҳанд рафъ созанд, вале решаҳои онро, сабабҳои пайдоиши онро намедонанд. Ин хираду донишро мехоҳад:
«Доғам аз дасти фикри нақис, ки муаддӣ ба ҳусули камол нест, кайк аз муза берун мекунанд, аммо воқиф на аз ҳодисаи саг дар ҷувол». Яъне, адиб гуфтан мехоҳад, ки ақл сазовори роҳбарист ва беақлу бехирад набояд, ки роҳбари ҷамъият бошад, зеро ӯ ба кадом роҳ ва ба куҷо бурдани мардумро дарк кардан наметавонад.
Ба назари Шоҳин, сабабгори асосӣ мансабдорони хурду поёнӣ нестанд, балки гунаҳкори асосӣ худи амир аст. Шоҳин таъкид менамояд, ки: «Обмӯрӣ, агар аз боғ калон аст, гила на аз кундаи хору пастии девор аст, балки аз аблаҳии боғбон аст».
Яъне, агар боғбон оқил мебуд, обмӯриро хурд месохту деворро баланд мекард, то дузд роҳ ёфта натавонад ва харобкорӣ накунад. Чунин тарзи андешарониҳои фалсафию ҳакимонаи Шоҳин гувоҳи он аст, ки ӯ ба инкишофи ҷамъият, системаи роҳбарӣ бар он, усули ба роҳ мондани корҳо, муносибат ба табақаҳои иҷтимоӣ, коргирӣ ба арзишҳои илмӣ, гиреҳҳои фарҳангӣ ва мушкилҳои иқтисодиро то ба андозае сарфаҳм меравад, зеро хеле одӣ бошад ҳам, баъзан роҳҳои халосиро нишон доданӣ мешавад:
«Чароғи афрӯхтаро ҷое, ки равған диҳанд, доман мезананд, чӣ умеди рӯшноӣ ва кӯдаки навомӯхтаро ҷое сим диҳанд, бим медиҳанд, чӣ тамаи ошноӣ…
Фарёд аз ин доягони бемеҳр, ки ба атфоли худ ба ҷойи шир хун медиҳанд»…
Ҳадафи эҷодкор ин аст, ки чароғи афрӯхта корест, ки андак баъд натиҷа медиҳад, зимомдорон ба ҷойи онро аз сари бод эмин нигаҳ доштан, ба доман бод ҳосил карда, онро хомӯш мекунанд, то ин ки торикӣ ҳукмрон бошад ва сиррашон фош нашавад. Ҳадаф аз доман садди роҳ гардидан мебошад. Ё худ мақсад аз кӯдаки навомӯз одамони хоҳишдор, вале камтаҷриба ё бетаҷриба аст. Ба ҷойи дасти ӯро гирифтан, баръакс ӯро ин доягони бемеҳр – мансабдорон, ба ҷойи шир хун медиҳанд, яъне ҷонибдори нашъунамои ӯ нестанд.
Шоҳин соҳибмансабони замонро бо кутоҳназарию зоҳирбинӣ айбдор мекунад. Ҳар як падидаи номатлубро бояд пеш аз ҳама, сабабҳои пайдоиш, омилҳои зоҳиршавӣ ва решаҳои онро ҷустуҷӯ намуд, то ин ки гунаҳкор беҷазо намонад ва адолат пойдор шавад. Барои дарки масъала адиб чунин далел меорад, ки:
«Шуллони (маоши) мир, агар ба навкар нарасад, гилаи мир аз танхоҳ (рутбаи пасттар аз мир) аст ва ротибаи (моҳонаи) вазир, агар ба аскар нарасад, шикваи вазир аз подшоҳ аст… Туфанги бетир киро аз по нишонад ва паланги бечанг киро аз ҷо фишонад. Оҳанро то тофта (сурх) накунӣ, дар чӯб наравад ва тир то оташ надиҳӣ, аз чӯб наҷаҳад. Заминро дона деҳ, то хирман даравӣ ва тӯтиро шакар деҳ, то сухан шунавӣ».
Ҳадаф дар қазовати боло набудани низоми давлатдорӣ, хараҷу мараҷ, бесарусомонӣ дар корҳои соҳибмансабон ва пеш аз ҳама, дар дарбор аст. Яъне, бо давлат гуфтан танҳо низом барқарор намешавад. Низому тартибро бояд дар қадами аввал барқарор намуд, то адолат барқарор шавад. Агар адолат набошад, он давлат бозичаи дасти мансабдорон аст. Аз ин рӯ, мақсад аз маоши мир, моҳонаи вазир, туфанги бетир ва паланги бечанг мавҷудияти миру вазир, давлату ҳукумат буда, ин ҳама зоҳири давлатдорӣ аст, вале фаъолияти онҳо, мавҷудияти адолати иҷтимоӣ ва риояи он ҷанбаҳои ботинии давлатанд.
Дар баъзе ҳолатҳо Шоҳин ҳолати худро тасвир менамояд, ки дар муқобили ин беадолатиҳо истодагарӣ кардааст ва аз ин рӯ адиби ҳақиқатгӯ хору залил ва беҳимояву танҳост. Бинобар он рамзӣ сухан гуфтани адиб бесабаб нест. Ӯ менависад:
«Агар чун гунҷишк хона кунам, ҳоҷиби остона тузоқи… тифлон аст ва агар чун гӯсфанд азми саҳро намоям, қоиди тариқ (қаравули роҳ) таёқи чӯпон… Замона ҳар заҳри коғазпече, ки омезад, ки чун кадуи нос дар коми ман мерезад ва гетӣ ҳар дуди талхе, чун ангезад, ки найи қалён (чилим) дар димоғи ман мебезад… Шир дар косаи ман ҷурғот аст ва мавиз дар кисаи ман қарақот аст… Чун бахт баргашт, ҳол ин аст ва чун хотир ошуфта шуд, мақол чунин…».
Тасвирҳои боло характери фардӣ дошта, шарҳи ҳоли худи адибро инъикос кардаанд: мисли гунҷишк хона сохтан – бо азоби зиёд ва ҳакирона бунёд кардани чизе, мисли гӯсфанд агар азми саҳро… кардан – киноя азми коре, мақсадеро пеш гирифтан; заҳри коғазпечи замона – киноя аз ягон навъи воқеаву ҳаводиси нохуше, ки рух медиҳад, ҳатман мисли нос ба коми адиб рехта мешавад, ки дар ниҳояти кор номуродӣ ва беиқболӣ дар назар дошта шудааст.
«Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шамсуддини Шоҳин аз нигоҳи мазмуну муҳтаво мисли айбномаест бар муқобили амиру аморат ва умуман соҳибмансабони замонаи адиб. Маҳз ҳамин тоифа, ба қавли Шоҳин, мамлакатро аз пой афтонидаанд. Онҳо аз илму дониш, фарҳангу маърифат дуранд. Ҳамчунон аз фаҳму идроки идораи давлат маҳруманд.
Рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» аз нигоҳи шакл ва мундариҷа падидаи тоза дар насри бадеии асримиёнагии тоҷик аст. Ҳатто унвони рисола номи асарҳои илмӣ – назариро ба ёд меорад. Аз тарафи дигар, асар дорои фаслу бобҳои ҷудогона ё тақсимбандии дигаре аз ягон ҷиҳат нест. Пас, маълум мешавад, ки ҳадафи муаллиф як чиз – интиқод аз сохти давлатдорӣ ва сардори он мебошад. Усули нигориши асар, образҳо ва шахсиятҳои тасвиршаванда, ки адиб зикр мекунад, ном гирифта намешаванд. Амали онҳо, кору муносибати онҳо зикр мешаваду халос. «Агар гулӯла (тир) ба гӯр (гӯрхар) расад ҳам, бо воситаи борут аст ва агар мурда ба гӯр равад ҳам, низ ба дастёрии тобут»… Ё ин ки: «Фарёд аз ин доягони бемеҳр, ки ба атфоли худ ба ҷойи шир хун медиҳанд».
Иштирокчиёни муҳокимаҳо, образҳои тасвиршаванда рамзӣкиноӣ, тамсилӣ-маҷозӣ буда, аз рӯйи амалашон маълум мегарданд, ки киҳоянд.
Насри асар сода ва тарзи баёни адиб хеле шавқангез аст. Саропо Шоҳин аз санъати саҷъ ва навъҳои он истифода кардааст. Ин ҳунари адиб хонандаро барои мутолиаи асар омода месозад. Хонанда аз мутолиаи он лаззати маънавӣ мебарад ва хастагиро ҳис намекунад: «Шалғами пухта бо нуқраи хом ҳамранг аст, тафовут ту медонӣ; обгина бо алмос ҳамсанг аст, агар метавонӣ» ва ғайра.
Аз калимаву ибораҳо, таъбирҳо, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ адиб хеле фаровон кор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки санъаткорӣ ё худ кор гирифтан аз рамзу кинояҳо, маҷозу иҳомҳо фаҳмиши моҳияту муҳтавои асарро мушкилтар намудааст. Хонанда баъзан мақсади ниҳоии адибро ба таври ошкоро фаҳмида наметавонад. Дар ҳар сурат, асар аҳаммияти фарҳангию маърифатӣ ва тарбиявӣ дорад.
Асари мазкур гувоҳи он аст, ки эҷодкори он донишманд, соҳибхирад, боистеъдод ва пуртаҷриба мебошад, зеро тавассути «Бадоеъ-ус-саноеъ» ӯ намунаи волои афкори сиёсӣ-иҷтимоӣ, маданӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ-адабии даврро баён карда тавонистааст.