Достони «Лайлию Маҷнун»-и Шоҳин ва муносибати он бо баъзе достонҳои ҳамноми гузаштагон

Дар таърихи адабиёт, ба қавле 147 кас дар ин мавзуъ асар навиштаанд, ки ҳамаи онҳо дар пайравии Низомист. Аввалин касе, ки ба Низомӣ ҷавобия гуфтааст, Хусрави Деҳлавист. Аз ин рӯ, бо асарҳои ин ду тан эҷодкор такя намудан бисёр қонунмандиҳои адабиро муайян ҳам месозад. Маълум аст, ки унвони асарҳо ва сужети онҳо дар маҷмуъ як аст. Фарқ дар лаҳзаҳои ҷудогонаи хатти сужет мебошад.

Аз ин ҷост, ки Шоҳин мегӯяд:

То кай ба саманд медиҳӣ дав,

К-он ҳарфи Низомӣ асту Хусрав.

Он сони вай аст, ту зи худ гӯй,

Гард аз рухи худ ба оби худ шӯй.

З-ин бехирадӣ бувад фузунтар,

К-аз ҷой равӣ ба пои дигар?!

Албатта, Шамсуддини Шоҳин ҳангоми эҷоди асар таҷрибаи хуби эҷодӣ дошт. Аз ин ҷост, ки қонунмандиҳои ҷавобияро риоя кардааст. Бо вуҷуди он, шоир барои ҷолибияти асари хеш, барои фардияти эҷодиёти худ дар хатти сужети достон ва афзалияти образҳо баъзе ҷузъиёти ҳалкунандаро илова намудааст. Аз ҷумла, лаҳзаи ба саҳро рафтани Маҷнун ва раҳо кардани ӯ оҳувонро аз банди сайёд, озод намудани Маҷнун гавазнро аз дом, Маҷнунро ба қабилаи Лайлӣ бурдани пиразан ва ғайра, ки дар достони «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ дида мешаванд, дар достони Шоҳин сарфи назар шудаанд. Шоҳин ҳатто дар зиндагиномаи қаҳрамони марказӣ – Маҷнун лаҳзаи ҳалкунандаи дигарро илова мекунад. Ин лаҳзаи нав хонадоршавии Маҷнун ба духтари Навфал мебошад. Инчунин, лаҳзаҳои дигари нодир: вафоти падару модари Маҷнун, ба хонаи Лайлӣ овардани Маҷнун лаҳзаҳоеанд, ки на танҳо дар достони Низомӣ, балки дар достонҳои Амир Хусрав, Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва дигарон дида намешавад.

Сабабҳои тафовути лаҳзаҳои ҷудогона дар мақсади адибон ва усули пешгирифтаи онҳо низ ҳаст. Низомӣ дар асараш ба тасвирҳои психологӣ ва руҳии образҳои Лайлӣ ва Маҷнун бештар таваҷҷуҳ кардааст. Аз ин рӯ, тасвирҳои ӯ нисбатан тафсил меёбанд, ҷузъиёти бадеӣ ва баёни ҳолату руҳия дар асари Низомӣ муфассалтар сурат мегирад. Аммо дар асари Шоҳин, ҳадафи эҷодкор нишон додани лаҳзаи фоҷеавии ишқи Лайлӣ ва Маҷнун буд. Шоҳин нисбат ба тасвирҳои психологӣ бештар ба воқеияти ҳаётӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Албатта, ин ҳолатҳо бесабаб набуд. Ӯ пайваста дар рикоби амир буд. Завҷааш аз олами фонӣ зуд сафар кард. Тарбияи тифли навзод ва ғайра Шоҳинро водор намуда буданд, ки ҷанбаҳои воқеияти тасвирро бештар пурқувват бисозад, яъне Шоҳин ба нақши замону муҳит ва шароиту ҳолати воқеӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Суоле пеш меояд, ки воқеияти тасвир дар кадом лаҳзаҳо бештар ба назар мерасанд? Барои намуна метавон ишора намуд, ки Лайлӣ ва Маҷнунро бо зӯр аз ҳам ҷудо мекунанд, Лайлиро ба каси дигар медиҳанд, Маҷнунро низ маҷбуран бо духтари Навфал хонадор мекунанд. Онҳо дар муқобили беадолатиҳо ҳеҷ коре карда наметавонанд. Инҳоро метавон лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи Шоҳин гуфт. Амир ғайри хоҳиши Шоҳин мақсадҳои худро дар ҷойи аввал мегузошт. Вазъияти шоирро комилан сарфи назар мекард ва ғайра.

Аз ин ҷост, ки мавзуи достони Шоҳин суннатӣ бошад ҳам, лаҳзаҳои фаровони ҳалкунандаи воқеӣ, ҳаётӣ ва шарҳиҳолӣ дорад, ки марбут ба эҷодкори достон – Шамсуддини Шоҳин мебошад. Ба ин восита Шоҳин ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоии замон, нақши адлу адолат, муносибати шоиру шоҳро низ то ба ҳадде дар асари худ ҷой додааст. Аз ин рӯ, достони Шамсуддини Шоҳин арзиши адабӣ-бадеӣ ва ҳаётӣ-воқеӣ низ дорад.