Ҳаҷву истеҳзо ва танқид яке аз мавзуъҳои ҷовидонаи адабиёти бадеист. Ин суннати адабӣ дар адабиёти охири асри XVIII ва оғози асри XIX хеле маъмул буд. Маҳз чунин талаботи ҳаёт дар он рӯзгор чун «Зарбулмасал»-и Гулханӣ асарҳои ҷавобгӯйи даврро ба миён овардааст.
«Зарбулмасал»-и Гулханӣ асари мансури тамсилӣ буда, ҳадафи нависанда аз эҷоди он бевосита танқиди салтанати амир Умархон набудааст. Ин асар ба забони ӯзбекӣ таълиф шудааст. Муаллиф асосан аз ҳикоёти «Калилаву Димна» хеле хуб истифода карда бошад ҳам, бунёди хатти сужаи асар бар як ҳикояи «Махзан-ул-асрор» гузошта шудааст. Дар ҳикояи Низомӣ саҷараи ду бумро мушоҳида намудани Анӯшервон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум ба ҳам саҷара мекарданд, зеро буме ба назди буми дигаре бо мақсади хостгорӣ омадааст. Мехоҳад барои писари худ духтари буми дигарро хостгорӣ кунад. Ба ҳамин тариқ, дар ҳамин ҳолат аз назди ҳамон макони вайрона Анӯшервон бо вазири донишманди худ Бузургмеҳри Бахтакон мегузашт. Анӯшервон саҷараи бумҳоро мушоҳида намуда аз вазираш мепурсад, ки гӯш кун, то он ду паранда дар бораи чӣ суҳбат доранд? Бузургмеҳр лаҳзае ба саҷараи бумҳо гӯш дода, аз мақсади онҳо бохабар гардида, ба Анӯшервони Одил мегӯяд, ки онҳо фарзандони худро хонадор кардан мехоҳанд. Бум барои ширбаҳои духтараш панҷоҳ ҳазор деҳи вайрона талаб дорад. Буми дигар ба шумо ишора намуда гуфт, ки: – Агар ҳамин шахс шоҳ бошад, сад ҳазор деҳаи хароб хоҳам дод.
– Анӯшервон ин ҷавоби Бузургмеҳрро шунида, хеле мутаассир мешавад, ки ҳоло ҳам дар сиёсати пешгирифтаи мамлакатдории ман нуқсонҳо зиёд будаанд. Бояд аз пайи ислоҳи нуқсонҳо шуд…
Гулханӣ дар ҳамин замина суҳбати ду кабӯтари қудошавандаро зикр намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу адолатпарвар нишон медиҳад.
Образҳои амалкунандаи асари Гулханӣ намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъият буда, нависанда нуқсонҳои онҳоро хеле содаву одӣ фош месозад. Қаҳрамонҳои асар ҷонварҳои гуногун ва бештар парандаҳо мебошанд. Образҳои тамсилии асар: Бойӯғлӣ, Япалоққуш, Қӯрқуш, Маликшоҳин, Ҳудҳуд, Шӯрнӯл ва ғайра буда, ҳар кадом хислату хӯй, рафтору кирдор, муносибату гуфтори ба худ хос доранд.
Дар маркази асар амалиёти қудошавии Япалоққуш ва писари ӯ Қуланкирсултон ва инчунин Бойӯғлӣ ва духтари зебои вай Гулнашбону меистанд.
Муаллиф писару падарро, ки аҳли меҳнатанд, ҷонибдорӣ мекунад. Маликшоҳин аз хидматҳои Қуланкир хеле розӣ аст. Вале Бойӯғлӣ марди мағрур, худписанд, ҳавобаланд ва инчунин мумсик аст. Аз ин ҷост, ки ӯ Япалоққушу писари ӯро писанд намекунад. Ҳатто – Япалоқ куҷову ман куҷо? – мегӯяд.
Агар сухан дар бораи шахсиятҳои сиёсии давр, руҳониён, амалдорони муосираш равад, адиб ба образҳои тамсилӣ: парандаҳо, ҷонварҳои дигарро ба кор мегирад. Агар сухан дар бораи табақаҳои дигари иҷтимоӣ: савдогарон, муфтиҳо, баққолон, судхӯрҳо равад, Гулханӣ номи ҳақиқии онҳоро ба кор мебарад. Чунончи, Саидазимҷони Сӯфӣ, Муҳаммадқосим – даллоли рангфурӯш, Муҳаммадаминхӯҷаи муфтӣ ва дигарон, ки ҳар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд. Усули корбурди ҳикояҳо ва ҳикоясозӣ дар асари Гулханӣ ба «Калилаву Димна» монанд аст. Масалан, «Қӯрқуши хостгор дар ҳузури Бойӯғлӣ ҳикояти Муҳаммадқосими даллоли рангфурӯшро нақл мекунад:
– Қӯрқуш гуфт: Омадӣ, суханони ту ба Муҳаммадқосими даллоли рангфурӯш монанд аст, ки як рӯз барои деворзанӣ мардикор андохтааст. Дар вақти намози аср, ҳангоми таҳорат ба мардикор нигоҳ карда истода, тоқияшро ба оби равон афтондааст. Ӯ тоқияшро аз об гирифта натавониста товонашро аз мардикор гирифтанӣ шудааст. Баъд аз кор мардикор музд талаб кардааст. Муҳаммадқосим мегӯяд: Тоқии ман се танга буд, тоқии ту базӯр як танга аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. Ҳаққи як тангаи ман дар гардани туст, зеро ман ба ту нигоҳ кардам ва тоқиям ба об афтод. Акнун товони онро ту медиҳӣ. Боз як рӯзи дигар кор карда деҳ. Дар ин ҳикоя образи даллол манфӣ аст, ки ба образи мусбат
– мардикор муқобилгузорӣ шудааст. Дар асар порчаҳои шеърӣ ва ҳикояҳои хурд-хурди манзум низ зиёданд. Аз ҷумла ҳикоёти «Сангпушт ва Каҷдум» (мансур), «Маймуни наҷҷор» (манзум) мебошанд. Умуман, Гулханӣ аз ҳикоёти классикони дигари таърихи адабиёт истифода кардааст.
Муҳим он аст, ки асари Гулханӣ барои содабаёнӣ ва мактаби вуқуъгӯйии баъдии (даврони шуравӣ) адабиёти тоҷик заминаи хуб фароҳам овард.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Оид ба овони ҷавонии Гулханӣ чӣ медонед?
2. Сабаби ба дарборҳо роҳ ёфтани Гулханиро шарҳ диҳед.
3. Поёни умри Гулханӣ чӣ гуна сипарӣ шудааст?
4. Аз осори адабии Гулханӣ чиҳо боқӣ мондаанд?
5. Кадом тахаллусҳои адабии шоирро медонед?
6. Мавзуъ ва мазмуни ғазалҳои Гулханиро баён намоед.
7. Ғазали «Ай бути ширинлабу симинтану рангинқабо» -
ро азёд кунед.
8. Мазмуни ғазали «Ҳазратам, аз гушнагӣ мурдам, ба ман нунам бидеҳ»ро нақл кунед.
9. Мазмуну муҳтаво ва хусусиятҳои ҷудогонаи «Зарбулмасал»-ро баён намоед.
10. Образҳои тамсилии асар ва маънии иҷтимоии онҳоро шарҳ диҳед.
САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ
1. Поёни умри Гулханӣ дар куҷо сипарӣ шудааст?
А. Бухоро
В. Самарқанд
С. Тошканд
D. Хоразм
Е. Хӯқанд
2. «Зарбулмасал» асари кист?
А. Саййидо
В. Соиб
С. Мирзо Содиқ
D. Ҳозиқ
Е. Гулханӣ
3. Гулханӣ дар таълили «Зарбулмасал» бештар аз кадом асар истифода кардааст?
А. Аз «Қобуснома»
В. Аз «Сафарнома»
С. Аз «Гулистон»
D. Аз «Хористон»
Е. Аз «Калила ва Димна»