Ҳунари Қоонӣ дар қасидасароӣ

Сабаби ба қасида бештар рӯ овардани шоир он аст, ки шоҳони қоҷор адабиётро асосан дар дарбор мутамарказ намуда будаанд. Аз ин рӯ, шоир ба мақсади беҳбуди рӯзгори хеш асосан ба эҷоди қасида камар бастааст. Ҳукумати қоҷорӣ усули кишвардорӣ ва муносибат ба адабиёту адибонро мисли Ғазнавиёни давраи аввал ба роҳ монда буд. Аз ин ҷост, ки Қоонӣ дар қасида ба Унсурӣ, дар тарҷеъбанд ба Фаррухӣ ва дар мусаммат ба Манучеҳрӣ пайравӣ намудааст.

Қоонӣ асосан қасидаҳои мадҳӣ сурудааст. Ӯ дар тағаззули як қасидаи мадҳии худ ба маҳбуба аз омадани фасли баҳор, аз эҳёи табиат ва зебоиҳои он, накҳати гулу лола, вазидани насими гуворо, атрогин гардидани ҳаво ва резиши борони найсон ва ғайра хабар медиҳад.

Чунончи:

Ай турки ман, ай баҳори ҷонафзо,

Бурқаъ бикаш аз рухи биҳиштосо,

К-аз боғи Биҳишт навбаҳор инак

Ҳамвор фурӯ чамид зӣ дунё.

Иди аҷамӣ ба фарри Фарвардин

Дар сабза гирифт соҳати ғабро.

Баст абри сафед килла бар гардун,

Зад лолаи сурх хайма бар саҳро.

Домони чаман аз он пур аз луълу,

Сомони замин аз ин пур аз дебо.

Андар даман аз шақиқу озаргон

В-андар чаман аз бунафшаву мино.

Оварда бурун баҳори луъбатгар

Аз парда ҳазор луъбати зебо.

Навшоду ҳисор гашт, пиндорӣ,

Боғ аз гулу сарву сунбули бӯё.

Ҳар субҳ орад сабо ба пинҳонӣ

Бас нағз сувар зи ҳар карон пайдо.

Бозори Хутан шудаст, пиндорӣ,

Дашту даман аз шавоҳиди раъно.

Тағаззули мазкур, албатта, комилан ба тағаззулоти Фаррухӣ нарасида бошад ҳам, дар тасвири ҷузъиёти фасли баҳор хеле ҳунармандона мебошад. Хусусан, дар мазмунсозӣ табъи баланд доштани шоир ҳис шавад ҳам, дар кор гирифтан аз унсурҳои шаклӣ: вазн, қофия, радиф, матлаъсозӣ ва ғайра чандон ҳунармандона нест. Алоқамандона ба тасвири баҳор мавзуъҳои дигари қасидаҳои Қоонӣ васфи маю бодагусорӣ, мусиқию суруд, таваҷҷуҳ ба маҳбуба ва умуман шодию нишот яке аз мавзуъҳои марказии қасидаҳои ӯ ва хусусан, тағаззулоти Қоонӣ аст. Ҳатто тағаззули як қасидаи шоир, ки ба васфи баҳор ва ҷузъиёти он бахшида шудааст, 38 байтро дар бар мегирад.

Дар қасидаҳои Қоонӣ мавзуъҳои шикоятию эътирозӣ, танқидию ҳаҷвӣ, мисли шиква аз беадолатиҳои рӯзгор, бадкории ҳасудон, бадгӯйиҳои ҳаннотону нотавонбинон, танқиди муфтхӯрону айёшон, ҳокимону соҳибмансабон, амалдорон, ҳамкасбони ҳасадхӯр, қалтабонҳову авомфиребон ва ғайра хеле хуб мушоҳида мешавад.

Қасидаҳои Қоонӣ гуногунмавзуъ буда, дар онҳо панду андарз, ситоиши шахсиятҳои динию мазҳабӣ, васфи инсони комил, тасвири шаҳрҳову қасрҳо, тарғиби адлу одилӣ ва адолатхоҳӣ, танқиди риёкорону мутаассибон, манзаранигорию хушгузаронии умр ва ғайра ба назар мерасад. Масалан, баъзе қасидаҳояш арзиши таърихӣ доранд, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои сиёсӣ ва фаъолияти онҳо, лашкаркашиҳо, фатҳу ғалабаҳо, кишваркушоиҳо ва ғайра баён шудаанд. Яке аз ҳамин гуна қасидаҳои шоир 268 байтро дар бар гирифта, калонтарин қасида дар таърихи адабиёти тоҷику форс ба шумор меравад. Ё худ қасидаи «Дар манқабати Алӣ», ки аз 337 байт иборат аст, аз қасидаи қаблан зикршуда ҳаҷман калон буда, достонро ба ёд меорад.

Ӯ дар пайравии Фаррухӣ қасидае дорад, ки дар он воқеаи фатҳи Ғӯриёну Ҳирот ба тасвир гирифта шудааст. Қасидаи Фаррухӣ «Фатҳи Суманот» ном дошта, корномаи Маҳмуди Ғазнавиро дар бар мегирад, ки дар он қиссаҳои шоҳони гузаштаро афсона мешуморад:

Фасона гашту куҳан шуд ҳадиси Искандар,

Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар.

Қоонӣ мегӯяд:

Сухан газофа чӣ ронӣ зи хусравони куҳан?

Яке зи шавкати шоҳи ҷаҳон сарой сухан.

Шоир ғалаба дар қалъаи Ғӯриёну Ҳиротро ба тасвир гирифта, корномаи шоҳро ба зафару пирӯзӣ ҳангоми кишваркушоиҳо ба қалам додааст:

Ба соли панҷаҳу анд аз паси ҳазору дивист,

Чу кард оҳуи Ховар ба бурҷи Шер ватан,

Ба азми чолиши афғонхудо зи Рай ба Ҳирот

Сипаҳ кашиду барангехт азмро тавсан.

Ин ҷо низ ҳайбати лашкари шоҳӣ ва васоити ҷангии ӯ ситоиш карда шудааст:

Ҳазор бухтии сармасту ҳар кадом ба шакл

Чу заврақе, ки аз ӯ чор лангар аст ован.

Ҳазор ародаи гардандатӯпи қалъакушой,

Чунонки бар китифи бод садде аз оҳан.

Шоир лаҳзаҳои пирӯзии лашкари шоҳ ва мағлубияти ҳиротиёнро чунин мавриди арзёбӣ қарор медиҳад:

Яке анишаи маккорпеша бурд хабар

Ба марзбони Ҳарӣ, к-ай ҳамеша ёри миҳан,

Шаҳ аз Рай омаду бигрифт Ғӯриёну парер

Ба шодӣ омаду дар ҷода ҷой дошт паран.

Шоир омодагии ҳиротиёнро ба муқобили ин ҳуҷум чунин баён кардааст:

Ҳам аз миёна гузин кард шаш ҳазор далер,

Ҳужабрзаҳраву пӯлодпӯшу теғожан.

Ба ҳамин тариқ, дар боби чӣ тавр тавассути сафорати Англия ёрӣ расонидан барои пешгирии паҳншавии ҷанги мазкур ва анҷоми ин кишваркушоӣ шоир чунин мефармояд:

Шунидаам, ки сафире зи ингилисхудой

Ду сол рафт, ки сӯйи Рай омад аз Ландан.

Паём деҳ, ки малик гар гирифт мулки Ҳарӣ,

Инони Рахш нагирад магар ба мулки Дакан.

На Қандаҳор бимонад ба ҷой, на Кобул,

На Бомиён, на Лаҳовур, на Ғазна, на Парван.

Аз ин андешарониҳо бармеояд, ки қасоиди Қоонӣ арзиши таърихӣ низ доранд. Хонанда аз онҳо бисёр лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти мардуми кишвар ва умуман, Шарқро меомӯзад, аз худ менамояд.

Ба ҳамин тариқ, Қоонӣ дар шаклҳои дигари шеърӣ: тарҷеот, рубоӣ, ғазал, мусаммат ва ғайра низ панҷаи қавӣ доштааст. Вале маҳз дар қасида ва махсусан, қасоиди мадҳӣ шуҳрати оламгир дорад. Қасоиди ӯ мадҳӣ бошад ҳам, арзиши волои таърихиро дорост.