Достони мазкур бо он характернок аст, ки он фоҷиавӣ нест. Аз тарафи дигар, дар ин қисса Зулайхо (нисбат ба достонҳои дигари ишқӣ-романтикӣ) хеле фаъол аст. Зулайхо тамоми душвориҳои зиндагӣ, бори муҳаббатро бар дӯши худ мегирад. Ҷанбаҳои воқеии рӯзгор дар достони Ҳозиқ боз ҳам бештар ба назар мерасанд. Дар ин достон Юсуф таҷассуми иффат – покист.
Мазмуни мухтасари достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҳозиқ
Дар Мағриб шоҳе бо номи Таймус ҳукмронӣ мекард. Ин шоҳ фарзанд надошт. Баъдҳо ӯ фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо ном мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар ҳафт иқлим ҳамонанд надошт. Ӯ ба балоғат расида, шабе зеботарин ҷавонеро дар хоб мебинад ва мафтуни ӯ мешавад. Танҳо бори сеюми хоббинӣ Зулайхо аз ҷавон ному нишон мепурсад:
Куҷо будӣ, ки ман девона будам,
Зи хешу ошно бегона будам.
Бигӯ, шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?
Туро, ай бенишон, охир, чӣ ном аст?
Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:
Азизи Мисраму дигар ту худ рас,
Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.
Ба ӯ аз ҳар тараф хостгорҳо омада бошанд ҳам, ба касе розӣ намешавад. Вазири шоҳи Миср – Азиз низ тавсифи ҳусни Зулайхоро шунида, бо ҳадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розигӣ медиҳад. Зулайхо тӯй шуда, ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро ҳамон ҷавони дар хоб дидааш гумон карда хеле хурсанд буд. Вале маълум мешавад, ки ин он нест. Азиз базми бошукӯҳе ороста, ҳокими Миср – Малик Руён низ дар он иштирок мекунад. Зулайхо дар қасри зеботарин зиндагӣ кунад ҳам, хурсанд набуд. Дар Канъон Яъқуб умр ба сар мебурд, ки дувоздаҳ писар дошт. Юсуф фарзанди пеш аз охирини ин мард буда, зеботарин буд. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам ниҳоят хушодобу хушрафтор буд. Аз ин рӯ, Яъқуб ӯро бештар дӯст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва онҳо дар пайи нест кардани Юсуф мешаванд. Онҳо як рӯзи баҳор падарро розӣ кунонида, Юсуфро бо худ мебаранд. Онҳо панди падарро фаромӯш намуда, Юсуфро бераҳмона мезананд, азоб медиҳанд. Ӯ аз ташнагӣ бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медиҳад, вале Шамъун хашмгин шуда, аз ӯ обро кашида мегирад. Вале Яҳудо бо ханҷар ба Шамъун ҳамла намуда, Юсуфро наҷот медиҳад. Онҳо ба сари чоҳе омада, Юсуфро ба он меандозанд.
Онҳо бо нолаву зорӣ пеши падар меоянд ва пироҳани хунолуди Юсуфро ба падар нишон дода мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Вақте ки падар ба иғвои онҳо чандон бовар намекунад, онҳо ба саҳро рафта, гургеро пайдо мекунанд ва даҳони онро хунолуд намуда, ба Яъқуб нишон медиҳанд. Вале гург ба забони ҳол омада, бегуноҳии худро хабар медиҳад.
Корвони Молик аз Мағриб ҷониби Миср раҳсипор буд. Онҳо барои ҷустани об ҷӯёи чоҳ мешаванд. Бишрӣ ном ғулом аз қаъри чоҳ ба ҷойи об Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта, Юсуфро ба ивази ҳаждаҳ дирҳам мефурӯшанд. Вақте корвон ба Миср мерасад, ҳокими он ҷо – Малик Руён, вазири ӯ – Азиз ва завҷаи вазир Зулайхо низ огоҳ мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида, ҷавони дар хоб дидаашро мешиносад. Азиз бо маслиҳати Зулайхо Юсуфро ҳамчун ғулом харида, ба хона меорад.
Зулайхо ба Юсуф на мисли хоҷа бо ғулом, балки ҳамчун дӯстдоштаи худ муносибат менамуд. Онҳо ба ҳамдигар саргузашти худро нақл мекунанд. Баъдтар Юсуф пешаи чӯпониро ихтиёр мекунад. Зулайхо барои висол тадбирҳо меҷуст, вале Юсуф аз рафтори ӯ ҳаросида, аз Худо имдод металабад. Бо хоҳиши Зулайхо қасри муҳташаме сохта мешавад. Зулайхо Юсуфро ба тамошои қаср мебарад. Дар ҳуҷраи ҳафтум Юсуфро оғӯш карданӣ мешавад, вале Юсуф дурӣ меҷӯяд. Зулайхо аз қафо домани Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада, Юсуфро туҳмат мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони Миср ба зиндон меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон мешавад. Дар зиндон обдор ва хонсолори шоҳ низ зиндонӣ буданд.
Шабе обдор хоб мебинад, ки шоҳ аз ӯ оби ширин хостааст. Юсуф хоби ӯро ба некӣ таъбир менамояд, ки аз зиндон озод гардида соҳиби мансабе хоҳӣ шуд. Он гоҳ дар бораи ман, – мегӯяд Юсуф, – ба шоҳ хабар бидеҳ. Иттифоқо, шабе Малик Руён низ хоби даҳшатборе мебинад, вале касе онро таъбир карда наметавонад. Обдор хабар медиҳад, ки Юсуф – ном шахси таъбиргаре дар зиндон ҳаст, ки бо амри Азиз зиндонӣ шудааст. Юсуфро аз зиндон озод намуда, ба назди шоҳ меоранд. Ӯ хоби шоҳро мудҳиш мегӯяд ва тадбирҳоро ҳам қоил мешавад.
Руён Азизро аз вазирӣ озод намуда, Юсуфро вазир таъйин менамояд. Зулайхо дар вайронае иқомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро шунида, ба назди Зулайхо меравад. Ӯ ҳоли Зулайхоро дида, раҳмаш меояд ва ӯро ба боргоҳи худ меорад. Зулайхо ғаму ғуссаро аз худ дур намуда, аз нав ҷавон мешавад ва ҳуснаш бо амри Худо барқарор мегардад:
Маро дубора бахшид зиндагонӣ,
Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.
Намояд дидаам равшан зи рӯят,
Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.
Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,
Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.
Юсуф базм ороста, бо Зулайхо хонадор мешавад. Онҳо якҷо сӣ сол умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф олами фониро падруд мегӯяд. Зулайхо сари қабр омада, онро оғӯш мекунад ва ӯ низ ҷон месупорад.
Достони Ҳозиқ бо ҳамин хотима меёбад.