Дар девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзуи асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзуъ бо тамоми ҷузъиёт: ҳиҷрону висол, сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ, номеҳрубонӣ, сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот ба ин мавзуъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагӣ), васфи баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону ҷоришавии садои обҳо, накҳати гулҳову муаттарии насими субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва монанди инҳо хеле ҳунармандона аст.
Чунончи, дар ин ғазал, ки шояд дар даврони нисбатан солхурдагии Ҳозиқ эҷод шуда бошад:
Ёди айёме, ки пур аз май сабӯе доштем,
Шаб ҳама шаб бар сари ғам ҳою ҳуе доштем.
Шаб ниҳон з-ағёр мову ёр дар базми висол
Бо ҳам аз имои абрӯ гуфтугӯе доштем.
Гардиши даврон гули моро чунин пажмурда сохт,
В-арна, дар ин боғ мо ҳам рангу бӯе доштем.
З-инқилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,
Дар диёри хеш мо ҳам обрӯе доштем.
Қаҳрамони лирикии ғазали Ҳозиқ пайваста дар изтироб, ҳаяҷон аст, зеро ба ин ҳолат ӯро маҳбуба овардааст. Доираи фаъолият ва муносибати қаҳрамони лирикӣ – ман пурвусъат, серҷабҳа ва гуногуншакл аст. Вале, асосан, олами ботинии ӯ дар муносибат бо маҳбуба ошкоро мегардад. Ошиқ намехоҳад, ки ағёр аз ин сир пай барад. Ӯ пурсабру пуртоқат ва ҳифзкунандаи асрору розҳост:
Ҳозиқ, магӯ ба бехирадон рози ишқро,
Аз анбару абир кашад гову хар чӣ ҳаз?!
Қаҳрамони лирикӣ – ман ғолибан ҷанбаҳои васеи иҷтимоӣ мегирад. Дар симои ағёр бехирадию пастфитратӣ, ноқобилию ноуҳдабароӣ, золимию худписандӣ, кӯтоҳназарию зоҳирбинӣ, ҳарисию мардумфиребӣ ва дигар амалҳои зиштро ҷамъбаст менамояд. Аз ин рӯ, душвориҳои ҳаёт пайваста бар дӯши хирадмандону оқилон аст.
Ин аст, ки Ҳозиқ мегӯяд:
Маро чун бишкуфад хотир, ки ҳамчун ғунчаву лола
Дилам хун аст тӯ бар тӯ, ҷигар доғ аст то бар то.
Дар ин айём ҳар кас ҷоми айше мекашад чун гул,
Ману доғи дилу хуни ҷигар чун лолаи ҳамро.
Лирикаи иҷтимоии ӯ баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, ҳатто оҳангҳои қавии сиёсӣ низ мегирад. Ба ақидаи Ҳозиқ, соҳибмансабон бояд шахсони сазовору лоиқ бошанд. На ҳар як шахс аз уҳдаи корҳои роҳбарӣ баромада метавонад. Дар системаи роҳбарӣ бояд принсипи ҷиддие ҳукмрон бошад, то ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шуда натавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки агар шахси нолоиқе сари мансабе ояд, ҷомеа дучори мушкилоти сершумор хоҳад шуд:
Халқи оламро на ҳар дун даст бар сар мекашад,
Ин қадаҳ аз даври гардун меҳри Ховар мекашад.
Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натвонад кашид,
Ҳеҷ тори анкабуте иқди гавҳар мекашад?
Яъне, ба ин восита лирикаи шоир ҷанбаҳои воқеии ҳаётӣ гирифта, ба ҳаёти ҷамъият ва рӯзгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир батаъкид мегӯяд, ки шахсони ҳариси ҷоҳу мансабро набояд имкон дод, ки ҳадафҳои палиди худро амалӣ намоянд. Баръакс, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кӯтоҳназар халос бошанд:
Баски масти бодаи ҳирсанд абнои замон,
Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.
Дар оғози расидан ба ҳадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Ҳамин ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд, ҳамон замон тағйир меёбанд. Ба ин маънӣ шоири мушоҳидакор огоҳ месозад, ки ба тавозуи сохтакоронаи мансабхоҳон фирефта набояд гашт. Онҳо ҳама чизро бо мансаб иваз хоҳанд кард.
Ӯ мегӯяд:
Қадди золим аз тавозуъ нест ҷуз тамҳиди зулм,
Мешавад хам неши ақраб, заҳр чун бармекашад.
Дигар аз мавзуъҳое, ки дар лирикаи Ҳозиқ хеле зиёд реша дорад, масъалаҳои панду андарз, мавъизату насиҳат, тарбиявию ахлоқӣ мебошанд, ки шоир ба мавзуи мазкур бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Чунончи:
Ба гирудори бузургӣ ту бош хуш, ки дили ман
Гирифта аст, таманнои дору гир надорад.
Зи файзи олами маънӣ ба махзани дили Ҳозиқ
Ҷавоҳирест, ки шоҳи фалаксарир надорад.
Бояд гуфт, ки Ҳозиқ шоирест, ки ба қадри сухан ва суханвар бо тамоми ҳастии худ мерасад. Ӯ суханро дурру гавҳар мегӯяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне, агар сухани мансур, ки он ҳам дурру гуҳар аст, накуст ва агар манзум гардад, накутар хоҳад гашт.
Шоир мегӯяд:
Суханро шеър бахшад зеби дигар,
Шавад аз назм афзун қадри гавҳар.
Агар худ шеърро ҳусне набудӣ,
Ба Ҳассон кай набӣ эҳсон намудӣ?!
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ адиби тавоно буда, ҳунари ӯ аз навъҳои лирикӣ, хусусан дар ғазал, сазовори таҳсин аст, зеро ӯ аз эҷодиёти бузургтарин ғазалсароён: Саъдию Хоҷу, Носири Бухороию Салмони Соваҷӣ, Хусраву Ҳасан, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Мушфиқию Шавкат ва дигарон комилан огоҳ будааст. Таъсири эҷодиёти шоирони номбаршуда дар ашъори Ҳозиқ аз нигоҳи ҷанбаҳои ҳунарӣ: коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ, мазмунсозӣ, маъниофарӣ, дарёфти радифу маҳорати қофиясозӣ, интихоби вазнҳои мувофиқу хушоҳанг ва ғайра хеле хуб мушоҳида мешавад.
Сабку услуб, шеваи эҷоду ҳунари таълифи Ҳозиқ низ хеле ҷолиб аст. Аз ин ҷост, ки нуфузи эҷодиёти ӯ ба адабиёти давр ва оянда низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад.