Сурудҳои таърихӣ

Сурудҳои таърихӣ як навъи асарҳои шифоҳӣ ҳастанд, ки дар онҳо дар бораи воқеаю корномаҳои шахсони таърихӣ ва миллӣ ҳикоя мешавад. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ дар шаклҳои гуногуни шеърӣ, ба монанди рубоӣ, ғазал, марсия эҷод шуда, аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ ва панҷмисраӣ таркиб ёфтаанд. Матни то имрӯз боқимондаи суруди таърихии «Шӯриши Восеъ» бештар аз 300 мисраъ мебошад. Яке аз аввалин намунаи суруди таърихӣ, ки дар шакли марсия офарида шудааст, «Кини Сиёвуш» ё худ «Гиристани муғон» аст, ки мувофиқи маълумоти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ 3000 сол пеш аз даврони мо дар мотами шоҳзода Сиёвуш аҳли Бухоро сурудаанд. Шӯришу ҷунбишҳои халқи тоҷик дар сурудҳои таърихии «Шӯриши Восеъ», «Шӯриши Қаландаршоҳ» ва «Шӯриши Усмон» хеле таъсирбахш инъикос гардидаанд.

Чунончи, Восеъ камбағали одие буд, ки ҷабру ситами амир ва гумоштагони ӯ косаи сабрашро лабрез мекунанд ва ӯ ба мубориза бармехезад. Шӯриш соли 1885 рӯй медиҳад. Халқ ӯро дастгирӣ мекунад. Ҳарчанд шӯриш пахш карда мешавад, ин амали савоби Восеи қаҳрамон дар ёдҳо мемонад. Мардум дар васфи қаҳрамони маҳбубашон ва ёронаш суруди хотирмоне эҷод мекунанд.