Рубоӣ

Рубоӣ калимаи арабӣ буда, маънояш чоргона аст ва он яке аз навъҳои шеъри адабиёти форсу тоҷик буда, пайдоишаш ба адабиёти араб алоқамандие надорад. Рубоӣ ба адабиёти хаттӣ аз эҷодиёти шифоҳии халқ гузаштааст. Рубоӣ бори нахуст ба забони форсӣ–тоҷикӣ гуфта шуд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин шоирест, ки онро ба назми хаттӣ ворид кардааст. Рубоӣ асосан аз 24 вазни шеърӣ иборат буда, ба ду шаҷара ҷудо мешавад. Ҳар шаҷара 12 вазн дорад. Яке аз далелҳои халқӣ будани рубоӣ гуногунии вазни он аст.

Рубоӣ аз лиҳози қофиябандӣ ду навъ аст: навъи якум бо қофияи ааба ва навъи дуюм бо қофияи аааа сохта мешавад. Рубоии ҳар чор мисрааш ҳамқофияро рубоии тарона ҳам мегӯянд.

Доираи мавзуъҳои фарогири рубоӣ хеле васеъ аст. Дар рубоӣ аз андешаҳои баланди ҳакимонаву файласуфона сар карда, то лаҳзаҳои ҷудогонаи рӯзгори шахсӣ ва эҳсосоти гуногуни маҳрамона тасвир меёбанд. Донишмандони машҳури тоҷик Абӯалӣ Сино, Рӯдакӣ, Форобӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва дигар бузургони адабиёти форсу тоҷик ақидаҳои фалсафӣ, ҳакимона ва пандомезашонро дар қолаби рубоӣ хеле дилрас баён кардаанд.Чунончи Рӯдакӣ мефармояд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ва ё Умари Хайём, ки дар рубоисароӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, андешаи файласуфонаи хешро дар рубоие чунин баён кардааст:

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,

Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.

Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре:

Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.

Вале бо вуҷуди ба жанри рубоӣ рӯ овардани бузургони адабиёти классикӣ ва муосири мо, афзалияти рубоисароӣ боз ҳам дар эҷодиёти шифоҳии халқ боқӣ мемонад.

Сари сарчашма рафтам ман ба вахте,

Ба оби дида биншондам дарахте.

Шамол омад, дарахтам решакан шуд,

Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.

ё

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

НАҚШАИ ҚОФИЯ ВА РАДИФ ДАР РУБОИҲО ВА ДУБАЙТИҲОИ ХАЛҚӢ

Шакли пурраи рубоиҳо ва
дубайтиҳои халқӣ

Калимаҳои
ҳамқофия

Сохти
қофия

Радиф

Сари кӯҳи баланд буд хонаи ман,

Фалак тире задаст бар шонаи ман.

Фалак тире задаст, пайкон надорад,

Ба ҳасрат пур шудаст паймонаи ман

«хона»

«шона»

«паймона»

а а б а

Калимаи

«ман»

Дар ғарибӣ гашта–гашта ранги зард овардаам,

Ранги зардамро ба пеши

аҳли дард овардаам.

Ранги зардамро бубину

аз хазонам ёд кун,

Бар сари қабрам нишину

як даме фарёд кун.

«зард»

"дард"

"ёд"

«фарёд»

а а б б

Калимаи

«овардаам»

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Рубоӣ чӣ гуна навъи шеърист?

2. Чаро рубоиро моли адабиёти форсу тоҷик меҳисобанд?

3. Тарзи қофиябандии рубоиро шарҳ диҳед.

4. Рубоиҳои овардаро бурро ва возеҳ қироат карда мазмунаш-

ро баён кунед.