Андар шинохтани ҳаққи падар ва модар

Бидон, эй писар, ки аз муҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст... худро ҳурмат доштан ва тафаққуд1 кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд2 кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. Музоифи шаафи (яъне хурсандии аз ҳад зиёд) эшон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд ... ва он фарзандро, ки модом хирад раҳнамуни ӯ бувад, аз ҳақ ва меҳри падару модар холӣ набошад...

Ва зинҳор, эй писар, ки ранҷи дили падару модар нахоҳӣ ва хор надорӣ... Ҳаққи падару модар агар аз рӯйи дин нанигарӣ, аз рӯйи хирад ва мардумӣ бинигар... Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир1 бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси асли некӣ набошад, некии фаръро2 ҳам қадр надонад. Ба носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бувад ва ту низ хирагии хеш маҷӯй ва бо падару модари хеш чунон бош, ки аз фарзандони хеш тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд, зеро ки он ки аз ту ояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз вай зодӣ, ба масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд беш кунӣ, мева аз вай накутар ва беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмату озарм3 беш дорӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар бувад ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ.

1 Тафаққуд – парасторӣ, ғамхорӣ.

2 Тааҳҳуд – ба маънои нигоҳбонӣ.

Ва зинҳор, ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чӣ рӯзии ту бошад, ба ту бирасад...

Ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба касе нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту бадтар бошад...

Агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷахд кун, то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат, ки гуфтаанд: яъне: адаб нишонаи хирад аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Унсурулмаолӣ кӣ буд ва чаро «Қобуснома» эҷод кард?

2. «Қобуснома» кадом мавзуъҳоро дар бар мегирад ва аз чанд

бобу ҳикоя фароҳам омадааст?

3. Чаро нависанда ба таъкид изҳор мекунад, ки падару

модарро эҳтиром кунед?

4. Тавонгарии хирад хуб аст ё тавонгарии мол? (яъне бой будан?)

5. Матнро бурро хонед ва мазмунашро дар хотир нигоҳ доред.

1 Муқассир – гунаҳгор.

2 Фаръ – сохта, дуюмдараҷа.

3 Озарм – эҳтиром.