Шунидам, ки дар он рӯзгор, ки Мутаваккил3 халифа дар Бағдод буд, ӯро бандае буд Фатҳ ном, бағоят хубрӯю рӯзбеҳ ва ҳама ҳунарҳову адабҳо омӯхта. Мутаваккил ӯро ба фарзандӣ пазируфта ва аз фарзандони худ азизтар доштӣ. Ин Фатҳ хост, ки шино кардан омӯзад. Маллоҳон4 биёварданд ва ӯро дар Даҷла5 шино кардан ҳамеомӯхтанд ва ин Фатҳ ҳанӯз кӯдак буд ва бар шино кардан далер нагашта буд. Ва аммо чунонки одати кӯдакон бувад, аз худ менамуд, ки шино омӯхтаам. Як рӯз ба ниҳонии устод ба Даҷла рафт ва андар об ҷаст. Ва об тез ҳамеомад. Фатҳро бигардонид.
1 Мало – дар байни мардум.
2 Заҷрат – дилтангӣ, ғаму андуҳ.
3 Мутаваккил – даҳумин халифаи Аббосӣ.
4 Маллоҳ – шиновар, баҳрнавард.
5 Даҷла – дарё дар Ироқ.
Фатҳ чун донист, ки бо об басанда наёяд, худро ба об гузошт (яъне ба ихтиёри об худро гузошт) ва бар рӯйи об ҳаме рафт, то аз дидаи мардум нопадид гашт. Чун вайро обпорае бибурд, бар канори Даҷла сӯрохиҳои оббурда буд. Чун ба канори об ба сӯрохӣ бирасид, ҷаҳд кард ва даст бизад ва худро андар он сӯрох андохт ва он ҷо бинишаст ва бо худ гуфт, ки то Худой чӣ хоҳад. Бад-ин вақт боре худро аз ин оби хунхор раҳонид ва ҳафт рӯз он ҷо бимонд.
Ва аввал рӯз, ки хабар доданд Мутаваккилро, ки Фатҳ дар об ҷасту ғарқа шуд, аз тахт фуруд омад ва бар хок нишаст ва маллоҳонро бихонду гуфт:
– Ҳар кӣ Фатҳро мурда ё зинда биёрад, ҳазор динораш бидиҳам ва савганд хӯрд, ки то он гоҳ, ки вайро бар он ҳол ки ҳаст, наёранд, ман таом нахӯрам.
Маллоҳон дар Даҷла рафтанд ва ғӯта мехӯрданд ва ҳар ҷой талаб мекарданд, то сари ҳафт рӯз иттифоқан маллоҳе бад-он сӯрох расид. Фатҳро бидид. Шод гашту гуфт:
– Ҳамин ҷо бош, то заврақе биёрам.
Аз он ҷо боз гашт ба пеши Мутаваккил рафт ва гуфт:
– Ё амирулмуъминин, агар Фатҳро зинда биёрам, маро чӣ диҳӣ?
Гуфт:
– 5000 ҳазор динори нақд бидиҳам.
Маллоҳ гуфт:
– Ёфтам Фатҳро зинда.
Заврақе биёварданд ва Фатҳро бибурданд. Мутаваккил он чӣ маллоҳро гуфта буд, бифармуд то дарвақт бидоданд. Вазирро бифармуд ва гуфт, ки дар хазинаи ман рав, ҳар чӣ ҳаст, як нима ба дарвешон деҳ.
Он гоҳ гуфт: "Таом оред, ки вай гуруснаи ҳафтрӯза аст".
Фатҳ гуфт: "Ё амирулмуъминин, ман серам".
Мутаваккил гуфт: "Магар аз оби Даҷла сер шудӣ?"
Фатҳ гуфт: На, ки ман ин ҳафт рӯз гурусна набудам, ки ҳар рӯз бистто нон бар табақе ниҳода бар рӯйи об фуруд омадӣ ва ман ҷаҳд кардаме, то ду-сето аз он нон баргирифтаме ва зиндагонии ман аз он нон будӣ ва бар ҳар нон навишта буд: «Муҳаммад ибн ал-Ҳусайн ал-Аскоф».
Мутаваккил фармуд, ки дар шаҳр мунодӣ кунед, ки он мард, ки нон дар Даҷла афканд, кист ва бигӯед, то биёяд, ки амирулмуъминин ба ӯ некуӣ хоҳад кард, то натарсад.
Чунин мунодӣ карданд. Рӯзи дигар марде биёмад ва гуфт:
– Манам он кас.
Мутаваккил гуфт:
– Ба чӣ нишон?
Мард гуфт:
– Ба он нишон, ки номи ман бар рӯйи ҳар ноне навишта буд, ки Муҳаммад ибн ал-Ҳусайн ал-Аскоф.
Мутаваккил гуфт:
– Нишон дуруст аст. Аммо чанд гоҳ аст, ки ту дар ин Даҷла нон меандозӣ?
Муҳаммад ибн ал-Ҳусайн гуфт:
– Як сол аст.
Мутаваккил гуфт:
– Ғарази ту аз ин чӣ буд?
Мард гуфт:
– Шунида будам, ки некӣ куну ба об андоз, ки рӯзе бар диҳад. Ва ба дасти ман некии дигар набуд. Он чӣ тавонистам кардам, ҳамекардам то худ чӣ бар диҳад.
Мутаваккил гуфт:
– Он чӣ шунидӣ, кардӣ, бад-он чӣ кардӣ, самара ёфтӣ.
Мутаваккил вайро дар Бағдод панҷ деҳ мулк дод. Мард бар сари мулк рафт ва муҳташам гашт ва ҳанӯз фарзандони ӯ дар Бағдод мондаанд.
Пас, то битавонӣ, аз некӣ кардан маёсой ва худро ба некуиву некукорӣ ба мардумон намой ва чун намудӣ, ба хилофи намуда мабош. Ва бар зуфон дигар магӯй ва ба дил дигар мадор, то гандумнамои ҷавфурӯш набошӣ... Ва асари ғаму шодӣ пеши мардумон пайдо макун ва ба ҳар неку бад зуд шодмону зуд андӯҳгин машав, ки ин феъли кӯдакон бошад... Ва ҳар шодӣ, ки бозгашти он ғам бошад, онро шодӣ машумор ва ҳар ғаме, ки бозгашти он ба шодист, онро ба ғам машумор. Ва ба вақти навмедӣ умедвортар бош ва навмедӣ дар умед баста дон ва умедро дар навмедӣ ва ҳосили ҳамаи корҳои ҷаҳон бар гузаштан дон (яъне ҳамаи ҳодисаҳои дунё гузарандаанд). Ва, то ту бошӣ, ҳақро мункир машав. Ва агар касе бо ту биситезад1, ба хомӯшӣ он ситезандаро бинишон ва ҷавоби аҳмақон хомӯшӣ дон.
Ва ба ҳунари худ ғарра2 машав. Ва ба ҳунару хиради мардумон нигоҳ ҳаме кун... Ҳунар омӯз ва аз омӯхтану сухани нек шунидан нанг мадор, то аз нанг раста бошӣ.
Ва нек бинигар ба неку бад ва айбу ҳунари мардумон ва бишинос, ки нафъу зарари эшон ва суду зиёни эшон аз чист ва то куҷост ва манфиати хеш аз он миён биҷӯй. Ва пурс, ки чӣ чизҳост, ки мардумро ба зиён наздик кунад, аз он дур бош ва бад-он наздик бош, ки мардумро ба манфиат наздик гардонад ва тани хешро ба фарҳангу ҳунар омӯхтан одат деҳ. Чизе ки надонӣ, биёмӯзӣ ва ин туро ба ду чиз ҳосил шавад: ё ба кор бастани он чиз, ки донӣ, ё ба омӯхтани он чиз, ки надонӣ.
Дигар тундиву тезӣ макун ва аз ҳилм3 холӣ мабош. Лекин якбора чунон нарм мабош, ки аз хушиву нармӣ бихӯрандат ва низ чунон дурушт мабош, ки ҳаргизат ба даст бинасованд ва бо ҳама гурӯҳ мувофиқ бош, ки ба мувофиқат аз дӯсту душман мурод ҳосил тавон кард. Ва ҳеҷ касро бадӣ маёмӯз. Агарчи бегуноҳ касе туро биёзорад, ту ҷахд кун, ки ӯро наёзорӣ... Ва асли мардумӣ гуфтаанд, ки камозорист.
Пас агар мардумӣ, камозор бош ва дигар кирдор бо мардумон неку дор.