Шунидам, ки вақте Соҳиб Исмоил ибни Аббод нон мехӯрд бо надимону касони хеш, марде луқмае аз коса бардошт. Мӯе дар он луқмаи ӯ буд. Мард намедид. Соҳиб бидид, гуфт: – "Он мӯй аз луқма берун кун".
Мард луқма аз даст биниҳод ва бархосту бирафт.
Соҳиб фармуд, ки боз оредаш. Соҳиб пурсид, ки ё фалон, нон нохӯрда аз хон чаро бархостӣ?
Мард гуфт: – "Маро нони он кас нашояд хӯрд, ки мӯй дар луқмаи ман бинад. Соҳиб сахт хиҷил шуд аз он сухан".
Аммо ту ба хештан машғул бош ва лахте диранг3 ҳамекун. Он гоҳ баъд аз он коса фармой овардан. Ва расми муҳташамон ду гуна аст. Баъзе нахуст косаи хеш фармоянд ниҳодан ва он гоҳ аз они дигарон. Ва баъзе нахуст косаи дигарон ниҳанд ва он гоҳ – аз они хеш. Ва ин тариқи карам1 аст ва он – тариқи сиёсат.
1 Тухма – истилоҳи тиббӣ, ки сахтшавии меъда ва фасоди ғизост.
2 Сутурон – ҳайвонот
3 Диранг – оҳистагӣ, сустӣ.
Чунон кун, ки чун аз хон бархезанд, бисёрхӯру камхӯр ҳама сер бошанд. Ва агар пеши ту хӯрданӣ буваду пеши дигарон набувад, аз пеши худ ба пеши дигарон фирист.
Ва бар сари нон туршрӯй мабош ва бо хонсолор ба хира ҷанг макун, ки фалон хӯрданӣ нек асту фалон бад аст...