Чунон шунидам, ки вақте Муътасими2 халифа муҷримеро3 гардан ҳамефармуд задан пеши хеш. Он мард гуфт:
– Ё амиралмуъминин, маро як шурбат об деҳу меҳмон кун. Ва он гоҳ ҳар чӣ мекун, ки сахт ташна шудаам.
Муътасим бар ҳукми савганд фармуд, то ӯро об диҳанд. Чун ӯро об доданд, ба расми араб гуфт:
– Меҳмони ту будам бад-ин як шурбати об. Акнун аз тариқи мардумӣ меҳмон куштан воҷиб накунад. Маро мафармой куштан ва авф кун то бар дасти ту тавба кунам.
Муьтасим гуфт:
– Рост гуфтӣ, ҳаққи меҳмон бузург аст. Туро авф кардам, беш аз ин хато макун.
Аммо бидон, ки ҳаққи меҳмон доштан воҷиб аст, валекин ҳаққи меҳмоне, ки ба ҳақшиносӣ арзад. На чунон ки ҳар қаллошеро1 ба хона барӣ ва он гоҳ чандон эъзозу икром кунӣ, ки ин меҳмони ман аст. Бидон, ки тақаррубу дилдорӣ бо кӣ бояд кардан.
1 Меҳмонхудой – соҳиби меҳмон.
2 Муътасим – халифаи ҳаштуми аббосӣ, ки солҳои 833-842 хилофат кардааст.
3 Муҷрим – гунаҳгор.
Ва пас агар меҳмон шавӣ, меҳмони ҳар касе машав, ки ҳишматро2 зиён дорад. Ва чун равӣ, гурусна марав ва сер низ марав, то нон битавонӣ хӯрдан.
Ва чун дар хонаи мизбон равӣ, ҷое нишин, ки ҷойи ту бошад.
Меҳмони фузул3 мабош ва ба нону косаи мардум тақарруб манамой ва чокарони хешро навола мадеҳ, ки гуфтаанд, ки «Аз-зиллату зиллатун4».
Ва масти хароб машав. Чунон кун, ки дар роҳ, ки равӣ, мастии ту надонанд. Чунон маст машав, ки аз чеҳраи одамиён бигардӣ. Мастӣ ба хонаи хеш5 кун.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Тартиби таом хӯрданро Унсурулмаолии Кайковус чӣ тавр
баён кардааст ва тарзу вақти таомхӯрии хонаводаатон
чӣ хел аст? Муқоиса кунед.
2. Чаро «одоби таом хӯрдан» мегӯянд. Шарҳ диҳед.
3. Ҳикояти Соҳиб Исмоилро ифоданок хонда, мазмунашро
баён кунед.
4. Меҳмон кист ва ӯ ба соҳибхона чӣ ҳақ дорад? Меҳмондории
хонадони худро бо тарзи меҳмондории баёнкардаи Унсу-
рулмаолии Кайковус муқоиса карда, андешаҳоятонро баён
намоед.
1 Қаллош – фиребгар.
2 Ҳишмат – бузургӣ.
3 Фузул – маҳмадоно, касе, ки ба корҳои дигарон дахл мекунад.
4 «Аз–зиллату зиллатун» – чизе, ки аз дастархон бо худ баранд, хорист.
5 Хеш – худ.
ТЕСТҲО
1. Асари «Қобуснома»-ро кӣ навиштааст?
А. устод Садриддин Айнӣ
Б. Аҳмад Махдуми Дониш
В. Унсурулмаолии Кайковус
2. Сабаби таълифи "Қобуснома" дар чист?
А. насиҳати мардум
Б. бақои умр ва нишони некномӣ
В. панду насиҳат ба фарзанди гиромӣ
3. Унсурулмаолии Кайковус дар бобати мероси волидайн чӣ ақида дорад?
А. фарзанд бояд то вафоти волидайн мунтазир шавад
Б. ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон талаб намояд
В. ба мероси падару модар умуман умед набандад
4. Байти зерин аз кадом адиб аст?
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
А. Носири Хусрав
Б. Шайх Саъдӣ
В. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ
5. Албатта, ҳама ҳунарҳо хубанд, вале Кайковус кадом ҳунарро беҳтарин шуморидааст?
А. ҳунари оҳангариро
Б. ҳунари суханвариро
В. ҳунари шиновариро
6. Байти зерин аз кадом адиб аст?
Ба ҳар коре,ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
А. Шайх Саъдӣ
Б. Абушакури Балхӣ
В. Низомии Ганҷавӣ
7. Аз ҳикояи "Мутаваккил ва Фатҳ" ба чӣ хулоса омадед?
А. инсон бояд иродаи қавӣ ва ҳиммати баланд дошта бошад
А. некӣ ва накукориро бояд пеша кард
Б. дилу забонат бояд хилофи ҳамдигар набошад
В. ҳангоми ранҷу машаққат сабру таҳаммулро пеша намояд
8. Кайковус кадом хислатҳои одамиро ситоиш менамояд?
А. мағрурӣ, мардумозорӣ, бесабрӣ, дуруғгӯйӣ
Б. накукорӣ, роҳатрасонӣ, ростгӯйӣ ва сидқу вафодорӣ
В. тундиву ҷоҳилӣ, дуруштиву дағалӣ
9. Сухандониву суханварӣ ба инсон чӣ аҳаммият дорад?
А. шахс сазовори ҳурмату эҳтиром мегардад
Б. аз дуруғгӯйӣ парҳез менамояд
В. бузургӣ ва дараҷаи хирадмандии шахс маълум мегардад
10. Ҳорунуррашид чаро таъбири хобгузори дуюмро пазируфт?
А. чунки хобгузори дуюм ҳақиқатро гуфт
зеро ки хобгузори дуюм ҳамон матлабро бо сухани хубу боадабо-Б. на баён намуд
В. зеро хобгузори якум сухани дарднок ва ғамнок гуфт
11. Андешаи Кайковус дар бобати ифшо намудани розу сирру асрор чӣ гуна аст?
А. онро ба одамон бояд гуфт
Б. онро бояд махфӣ нигоҳ дошт
В. дар бораи розҳо худи шахс бояд андеша намояд
12. Кайковус дар тартиби таом хӯрдан кадом гурӯҳи одамонро меписандад?
А. мардуми оммаро, ки ҳар вақт хоҳанд, хӯрок мехӯранд
хирадмандону бузургонро, ки 24 соати шабонарӯзиро бо тартиби Б. муайян тақсим кардаанд
В. мардумони бозориро, ки бештар шаб таом мехӯранд
13. Кайковус ҳангоми таом хӯрдан кадом шартҳои одобро маслиҳат медиҳад?
А. ба косаи дигарон назар накардан ва сар хам кардану ба қабули ғизои хеш машғул шудан
Б. аз ҳад зиёд хӯрдану аз пеши дигарон низ ғизо гирифтан
В. ҳангоми меҳмонӣ ба таомҳо айб мондан