Бад-ин хуррамӣ ҷаҳон, бад-ин тозагӣ баҳор,
Бад-ин равшанӣ шароб, бад-ин накуӣ нигор.
Яке – чун биҳишти адн3, яке – чун ҳавои дӯст,
Яке – чун гулоби Балх, яке – чун бути Баҳор.
Замин – аз сиришки абр, ҳаво – аз насими гул,
Дарахт аз ҷамоли барг, сари кӯҳ – зи лолазор.
Яке – чун паранди4 сабз, яке – чун абири5 хуш,
1 Ҳамора – ҳамвора, доим, ҳамеша.
2 Паймудан – ҷустуҷӯ, кофтан ва ин ҷо бод паймудан ба маънии кори беҳуда омадааст.
3 Адн – боғи биҳишт, фирдавс.
4 Паранд – як навъ матои абрешимӣ; ҳарир, нарм.
5 Абир – навъе аз хушбӯиҳо.
Яке – чун арӯси хуб, яке – чун рухони ёр.
Тазарви ақиқрӯй, куланги сапедрух,
Гавазни сиёҳчашм, паланги ситезакор.
Яке – хуфта бар паранд, яке – хуфта бар ҳарир,
Яке – раста аз нуҳуфт, яке – ҷаста аз ҳисор.
Зи булбул – суруди хуш, зи сулсул1 – навои нағз,
Зи сорӣ – ҳадиси хуб, зи қумрӣ – хурӯши зор.
Яке – бар канори гул, яке – дар миёни бед,
Яке – зери шохи сарв, яке – бар сари чанор.
Ҳаво – хуррам аз насим, замин – хуррам аз либос,
Ҷаҳон – хуррам аз ҷамол, малик – хуррам аз шикор.
Яке – мушк дар даҳон, яке – ҳулла бар катаф2
Яке – орзу ба даст, яке – дӯст дар канор...