Баҳория

Имсол тозарӯйтар омад ҳаме баҳор,

Ҳангоми омадан на бад–ин гуна буд пор3.

Пор аз раҳ андар омад чун муфлиси ғариб,

Бефаршу бетаҷаммулу берангу бенигор.

В-имсол – пеш аз он ки дар манзиле расад,

Андар кашид ҳулла ба дашту ба кӯҳсор.

Бар дасти бед баст зи пирӯза дастбанд,

Дар гӯши гул фиганд зи беҷода гӯшвор.

Аз кӯҳ то ба кӯҳ бунафшасту шанбалид4,

Аз пушта то ба пушта суманзору лолазор.

Гӯйӣ, ки риштаҳои ақиқ асту ложвард5,

Аз лолаву бунафша – ҳаме рӯйи марғзор...

Гулбун паранди лаъл ҳаме баркунад ба сар,

Борони гулпараст ҳаме густарад нисор...

Ин созҳо, ки сохт баҳор, аз пайи чӣ сохт?

Имсол чун зи пор фузун сохта нигор.

Розест ин миёни баҳору миёни ман,

Хезам ба пеши хоҷа кунам розаш ошкор.

1 Сулсул – навъи паранда.

2 Катаф – бозу, китф.

3 Пор – порсол, соли гузашта.

4 Шанбалид – номи гиёҳ.

5 Ложвард – лоҷувард.

Ҳарсола, чун баҳор, зи роҳ андар омадӣ,

Ҷойе наёфтӣ, ки дар ӯ ёбадӣ қарор.

Бар санглоху дашт фуруд омадӣ хиҷил,

Андар миёни хораву андар миёни хор.

Пиндоштӣ, ки хор шудастӣ миёни халқ,

Бедил шавад азиз, ки гардад залилу хор.

Имсол нома кард сӯйи ӯ шамолу гуфт:

"Мужда туро, ки хоҷа туро гашт хостор".

Боғе, зи баҳри ту зи нав афганд чун биҳишт,

Дар пеши ӯ – ба сони сипеҳре, яке ҳисор.

Боғе, чу хӯи хеш писандидаву бадеъ,

Кохе, чу ройи хеш – муҳайёву устувор.

Боғе, – к-аз ӯ бурида бувад дасти ҳодисот,

Кохе, – к-аз ӯ кашида бувад дасти рӯзгор.

Боғе, – чу неъмати маликон, номдору хуш,

Кохе, – чу рӯзгори ҷавонон, умедвор.

Боғе, ки нимае натавон гашт з-ӯ тамом,

Гар як – маҳе тамом кунӣ андар ӯ гузор.

Ҳар тахтае, аз ӯ чу сипеҳр аст бекарон,

Ҳар дастае аз ӯ чу биҳишт аст беканор.

Сесад ҳазор гуна бут аст андар ӯ ба пой,

Ҳар як чунон, ки хира шавад з-ӯ бути баҳор.

Аз арғавону ёсуману хайрию суман,

В-аз сарви наврасидаву гулҳои комгор...

Дар зери ҳар ниҳоле аз он маҷлисе кунем –

Бар ёдкарди хоҷаву бар дидани баҳор...

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шоир кадом фаслро тараннум намудааст?

2. Дар шеьр кадом чизҳо ба ҳам қиёс гардидаанд? Онҳо бо ҳамдигар аз кадом ҷиҳат шабоҳат доранд?

3. Шеърро хонда сифатҳо, ҳолату вазъият ва мавқеи ҷойгиршавии парандагону набототро муайян кунед.

4. Қасидаҳоро ифоданок хонед ва байтҳои алоҳидаро мувофиқи интихоби муаллим аз ёд кунед.