Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист,
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз...
Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муаййид, маъруф ба Низомии Ганҷавӣ, соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд шуда, соли 1209 дар ҳамон ҷо фавтидааст. Низомии Ганҷавӣ аз зумраи шоирону мутафаккирони машҳур ва яке аз устодони мактаби шеъру адаби тоҷику форс аст.
Низомии Ганҷавӣ дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мемонад ва тарбияву сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба уҳда гирифта, имконият фароҳам овард, ки ӯ илму дониш андӯзад. Таҳсили Низомӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Ӯ илмҳои фиқҳ, таърих, фалсафа, тиб, мантиқ ва нуҷумро низ омӯхтааст. Ҳамчунин аз мероси фалсафӣ ва адабии Юнони Қадим, осори адабиёти пешазисломии халқҳои ориёинажод ва таърихи халқҳои эътиқодманди насронияву яҳудия ба хубӣ огоҳ буд.
Аз осори Низомии Ганҷавӣ то замони мо панҷ достон, ки «Хамса» ном гирифтаанд, инчунин қасидаҳову ғазалҳо, рубоиёту қитъаҳо ва байтҳои алоҳида расидаанд.
«Хамса»-и Низомӣ бо гуногунии мазмун, тозагии санъати суханпардозӣ, ғановати забонӣ ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Шоир зимни тасвири воқеаҳои достонаш аз ахлоқу ҳикмат сухан гуфта, бахусус ҷавононро панд медиҳад.