(Аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун»)
Дар қисса шунидаам, ки боре
Будаст ба Марв тоҷдоре.
Дар силсила1 доштӣ саге чанд,
Девонавашу чу деви дарбанд.
Ҳар як ба салобати2 гурозе,
Бурда сари уштуре ба гозе.
Шаҳ, чун шудӣ аз касе бар озор,
Додеш бад-он сагони хунхор.
Ҳар кас, ки зи шоҳ беамон буд,
Овардану хӯрданаш ҳамон буд.
Буд аз нудамои3 шаҳ ҷавоне,
Дар ҳар ҳунаре тамомдоне.
Тарсид, ки шоҳи ошносӯз,
Бегона шавад ба ӯ яке рӯз.
Оҳуи варо ба саг намояд,
Дар пеши сагонаш озмояд.
Аз бими сагон бирафт пешӣ,
Бо сагбонон бикард хешӣ.
Ҳар рӯз шудию гӯсфанде,
Дар матраҳи4 он сагон фикандӣ.
Чандон бинвохташон бад-он сон,
К-он душворӣ бад-ӯ шуд осон.
Аз миннати даст зери пояш
Гаштанд сагон мутеи рояш.
Рӯзе ба тариқи хашмнокӣ,
Шаҳ дид дар он ҷавони хокӣ.
Фармуд ба сагдилони даргоҳ,
То пеши сагон барандаш аз роҳ.
В-он сагманишон сагӣ намуданд,
1 Силсила – занҷири оҳанӣ.
2 Салобат – андом.
3 Нудамо – надимон, хизматгорон
4 Матраҳ – ҷойи хӯрокхӯрӣ, сагкоса.
Чун саг ба табаррукаш рабуданд.
Бастанду бад-он сагон-ш доданд,
Худ дур шуданду истоданд.
В-он шерсагони оҳанинчанг
Кардаанд нахуст бар вай оҳанг.
Чун мунъими1 худ шинохтандаш,
Думболакунон навохтандаш.
Гирдаш ҳама дастбанд бастанд,
Сар бар сари дастҳо нишастанд.
Буданд бар ӯ, чу доя, дилсӯз,
То рафт бар ин яке шабонрӯз.
Чун рӯзи сапед рӯй бинмуд,
Сайфури сиёҳ2 шуд зарандуд.
Шуд шоҳ зи кори худ пушаймон,
Ғамгин шуду гуфт бо надимон
К: «Он оҳуи бегуноҳро дӯш,
Додам ба саг, интихоби харгӯш.
Бинед, ки он сагон чӣ карданд?
Андоми варо чӣ гуна хӯрданд?»
Сагбон, чу аз ин сухан шуд огоҳ,
Омад бари шоҳу гуфт: к: «Эй шоҳ,
Ин шахс – на одамӣ, фариштаст.
К-эзид3 зи кароматаш сириштаст.
Ӯ дар даҳани сагон нишаста,
Дандони сагон ба муҳр баста.
З-он гургсагони аждаҳорӯй,
Н-озурда бар ӯ яке сари мӯй».
Шаҳ кард шитоб, то шитобанд,
Он гумшударо магар биёбанд.
Бурданд муваккилони роҳаш
Аз силки сагон4 ба садри шоҳаш5.
Шаҳ монд шигифт, ки он ҷавонмард,
Чун буд, к-аз сагон наёзард?
Гирён–гирён ба пой бархост,
1 Мунъим – дӯст.
2 Сайфури сиёҳ – киноя аз шаби сияҳҷома.
3 Эзид – Худо.
4 Силки сагон – ҳалқаи сагон.
5 Садри шоҳ – тахти шоҳ.
Сад узр ба оби чашм аз ӯ хост.
Гуфто ки: «Сабаб чӣ буд, бинмой,
К-ин як нафаси ту монд бар ҷой?»
Гуфто: «Сабаб он ки пеш аз ин банд
Додам ба сагон наволае чанд.
Эшон ба наволае, ки хӯрданд,
Бо ман лаби худ бамуҳр карданд.
Даҳ сол ғуломии ту кардам,
Ин буд баре1, ки аз ту хӯрдам?
Додӣ ба сагонам аз як озор,
В-ин буд, ки набуд саг ошнохор.
Саг дӯст шуду ту ошно на,
Сагро ҳаққи ҳурмату туро на.
Саг сулҳ кунад ба устухоне,
Нокас накунад вафо ба ҷоне».
Чун дид шаҳ он шигифткорӣ,
К-аз мардумӣ аст растагорӣ2.
Ҳушёр шуд аз хумори мастӣ,
Бигзошт сагию сагпарастӣ.
Мақсудам аз ин ҳикоят он аст,
К-эҳсону диҳиш3 ҳисори ҷон4 аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шеърро хонед.
2. Шоҳ ба надимаш чӣ кард?
3. Чаро сагон ба ҷавон зарар нарасонданд?
4. Сагбон ба шоҳ чӣ хабар овард?
5. Чун ҷавонро аз ҳалқаи сагон озод карда ба назди шоҳ бурданд, ба шоҳ сабаби наозурдани сагонро чӣ хел шарҳ дод?
6. Бигӯед, ки ҷавон ба кадом сабаб аз марг раҳоӣ ёфт?
7. Байтҳои алоҳидаи интихобкардаи муаллимро аз ёд кунед.
1 Баре – мевае.
2 Растагорӣ – халосӣ ёфтан.
3 Эҳсону диҳиш – хайру саховат.
4 Ҳисори ҷон – қалъаи ҷон.