Ҳикоят

Овардаанд, ки дар рӯзгори Нӯшервони Одил1 ду мард биёмаданд ва бар дари боргоҳи ӯ биистоданд, яке бо овози баланд гуфт: "Бад макуну бад маяндеш, то бадат н-ояд пеш".

Ва яке гуфт: "Некӣ куну нек андеш, то некӣ бинӣ беш".

Нӯшервон фармуд, то марди аввалро ҳазор динор оварданд ва бидоданд ва марди дувумро ду ҳазор динор доданд. Хавосу2 надимони3 он ҳазрат суол карданд, ки ҳар ду калимаро як маънӣ бувад, сила4 ва инъом эшонро тафовут аз чӣ афтод?

Гуфт: "Ин ҳама зикри нек гуфт ва он дигар бадӣ гуфт. Ва ҳеч некӣ беҳтар аз дӯстии некон нест ва ҳеч бадӣ бадтар аз дӯстии бадон нест".

ҲИКОЯТ

Як киса5 динори шахсе дар хона гум шуд. Ӯ ба қозӣ хабар дод. Қозӣ ҳамаи мардумони хонаро талабид ва ба ҳар кас як чӯб дод, ки ҳамаи он дар дарозӣ баробар буд ва гуфт: «Ҳар кӣ дузд бошад, чӯби ӯ ба қадри як ангушт дароз хоҳад шуд».

Чун ҳамаро рухсат кард, шахсе, ки кисаро дуздида буд, тарсид ва чӯби худро ба қадри як ангушт бурид.

1 Нӯшервони Одил – писари Қубод, аз сулолаи Сосониён, ки солҳои

531– 579 милодӣ ҳукмронӣ карда, дар адлу адолат шуҳратманд будааст.

2 Хавос – одамони соҳибмартаба.

3 Надимон – ҳамнишинон.

4 Сила – бахшиш, мукофот.

5 Киса – халтача.

Рӯзи дигар чун қозӣ ҳамаро талабид ва чӯбҳоро дид, маълум шуд, ки дузд кист. Кисаи динор аз ӯ гирифт ва ба вай сиёсат1 кард.

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки Бузургмеҳрро2 савол карданд, ки мардумонро чӣ беҳтар аст?

Гуфт: «Хиради модарзод».

Гуфтанд: «Агар набувад?»

Гуфт: «Фарҳанги3 омӯхтанӣ, ки адаби вайро рост кунад».

Гуфтанд: «Агар набувад?»

Гуфт: «Хостае4, ки ҳамаи айбҳоро пӯшад».

Гуфтанд: «Агар набувад?»

Гуфт: «Ҳилм5 ва мадоро, ки ҳилм мардумро биорояд».

Гуфтанд: «Агар набувад?»

Гуфт: «Марг беҳ аз зиндагонӣ, то роҳат ёбад аз худ ва халқ аз вай».

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки амир Наср Аҳмади Сомониро муаллиме буд, ки дар он вақт, ки хурд буд, вайро таълим кардӣ ва чӯби бисёр задӣ. Ва амир гуфтӣ, ки ҳар гоҳ ба султонӣ расам, сазои6 вай бикунам.

Шабе тафаккури7 айёми гузашта мекард, муаллимаш ёд омад, ҳама шаб дар андешаи интиқоми ӯ буд.

Субҳидам ходимро бифармуд, ки аз бӯстон даҳ чӯби обӣ8 биёрад ва якеро гуфт: "Муаллимро ҳозир кун!"

1 Сиёсат кард – ҷазо дод.

2 Бузургмеҳр – вазири Анӯшервон.

3 Фарҳанг – илм.

4 Хоста – бойгарӣ, сарват

5 Ҳилм – ҳалимӣ, нармдилӣ.

5 Сазо – адаб, сазои вай бикунам – адабашро бидиҳам.

7 Тафаккур – фикр.

8 Чӯби обӣ – чӯби биҳӣ, ки сахт бошад.

Ходим рафт, то муаллимро ҳозир гардонад.

Муаллим пурсид: "Султон чӣ мекард, ки маро ёд кард?" Гуфт: "Ғуломеро фармуд, ки биравад аз бӯстон даҳ чӯби обӣ биёварад ва маро гуфт, муаллимро ҳозир кун".

Ӯро маълум шуд, ки дар банди интиқоми вай аст. Дар роҳ, ки меомад, ба дари дукони мевафурӯше расид ва дурустӣ1 бидод ва аз он обии хуб харид ва дар остин кард. Чун пеши Наср омад, амир чӯберо баргирифт ва гуфт: "Дар ин чӣ мегӯйӣ?"

Гуфт: "Саҳл2 аст".

Даст дар остин кард ва он мева берун овард ва гуфт: "Зиндагии подшоҳ дароз бод, калимае дорам",

Гуфт: "Бигӯй!"

Гуфт: "Ин мевае бад-ин латифӣ зодаи он чӯб аст".

Султон чун бишунид, бағоят писандид ва расми маоши вай, то зинда буд, муайян гардонид. Баъд аз он зиндагонӣ ба фароғат гузаронид.

ҲИКОЯТ

Афлотунро3 гуфтанд: "Чӣ гӯйӣ, ки ҳаргиз ғамгин набошӣ?"

Гуфт: "Дил дар чизе набандам, ки аз дасти ман биравад".

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки Шаҳидии шоир рӯзе нишаста буд ва китобе мехонд. Ҷоҳиле ба назди ӯ даромад ва салом карду гуфт: "Хоҷа, танҳо нишастаӣ?"

Гуфт: "Танҳо акнун гаштам, ки ту омадӣ, аз он ки ба сабаби ту аз мутолиаи китоб бозмондам".

Ва шоир чунин гуфтааст:

Суҳбати аблаҳон чу деги тиҳист4,

Андарун холиву бурун сияҳист.

1 Дуруст – сиккаи тилло.

2 Саҳл – осон, раво.

3 Афлотун – донишманди юнонӣ, Платон.

4 Тиҳӣ – холӣ.

ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки саъвае бар лаби дарёе бар сари дарахте ошёне дошт ва пиле будӣ, ки ҳар рӯз биёмадӣ ва худро дар дарахт молидӣ ва бачагони ӯро зери пой андохтӣ. Саъва ба ҷон дармондӣ ва бо худ гуфтӣ, душмане азим аст ва ӯро ҷуз ба ҳикмат ҳалок натавон кард. Пас ба наздики пашша рафт ва гуфт: «Агарчи пеш аз ин дар боби ту аз ҷониби ман қасд будааст, валекин омадаам, то имрӯз узр бихоҳам ва умеди он медорам, ки маро ҳоҷате наздики ту овардааст ва тамаъ дорам, ки маро ноумед боз нагардонӣ».

Гуфт: «Чист?»

Гуфт: «Ҳоҷати ман он аст, ки ин пил маро заҳмат медиҳад ва бачагони маро таарруз мерасонад, аз ту мехоҳам, то чашми пил бо неши худ реш кунӣ, ки дили ман аз тундии ӯ реш шудааст».

Пашша қабул кард ва фавҷе1 аз пашшагон биёмаданд ва чашми ӯ бо неши худ реш карданд.

Пас, саъва ба наздики магас рафт ва гуфт: «Ҳоҷате бардоштаам ба пашша ва ӯ онро раво кардааст, валекин мақсуди ман ба саъйи2 ту тамом хоҳад шуд, пашша бар чашми пил неш фурӯ бурдааст ва онро реш кардааст.

Мехоҳем, ки ту ҳадас3 бар он кунӣ, то ҷароҳати ӯро кирм дарафтад ва чашми ӯ тамом нобино шавад».

Пас магас меомад ва бар он ҷароҳати ӯ саргин4 меандохтӣ, то дар он кирм афтод ва чашми ӯ тамом нобино шуд ва аз фоидаи дидан маҳрум монд. Ва пил чун роҳ намедид, дар паси он дарахт бимонд ва ба чаро наметавонист рафт.

Саъва гуфт: «Агарчи ба ҳилат ӯро кӯр кардам ва аз ӯ интиқоми худ кашидам, аммо бояд, ки акнун ӯро ҳалок кунам».

Пас, ба наздики ғук рафт ва гуфт: «Ба инояти5 пашша ва магас коре баромадааст ва хасме, ки маро буд, мақҳур1 гаштааст, валекин ба як мадади ту агарчи душман қавӣ аст, ҳалок хоҳад шуд».

1 Фавҷ – даста, гурӯҳ.

2 Саъй – кӯшиш.

3 Ҳадас – ифлосӣ, наҷосат.

4 Саргин – ахлот.

5 Иноят – мадад, ёрӣ.

Ғук гуфт: «Он кадом хидмат аст, ки бар дасти ман хоҳад омад, то дар итмоми он камари хидмат бандам?»

Саъва гуфт: «Мебояд, ки аз даре мавзее2, ки амиқтар бошад, мақом созӣ ва бонг кунӣ, то овози ту ба самъи ӯ расад ва дар ақиби овози ту дар об ояд ва чандон, ки пой бар об ниҳад, ғарқ шавад ва аз шарри3 ӯ боз раҳам».

Пас, ғук бирафт ва мавзее, ки қаъри он падид набуд, он ҷо мақом кард ва бонг мекард. То он гаҳ, ки пил ташна шуд ва ба ғояти аташ4 расид, ба овози ӯ бирафт, чандон ки бар лаби об расид, қадам дар об ниҳод, ҳамон буд ва ғарқ шуд ва саъва бад-он ҳилати латиф аз шарри ӯ халос ёфт.

Ва ин ҳикоят намудорест мар арбоби5 хирадро, то хасмони6 заифро хор надоранд, ки шамшер агарчи сари шеронро рабояд, аз он чӣ сӯзан кунад, оҷиз ояд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ҳикоятҳоро бурро ва равон хонед.

2. Бигӯед, ки чаро Анӯшервони Одил ба ду марди ба дарбораш омада баробар инъом надод? Фазилати некгӯиро дарк кардед?

3. Дар ҳикояти дигар қозӣ чӣ тадбир кард, ки дузд ба осонӣ фош шуд?

4. Дар ҳикояти «Наср Аҳмади Сомонӣ ва муаллим» адиб аз муносибати муаллиму шогирд ҳарф мезанад. Бигӯед, ки хашми амирро боис чӣ буд?

5. Муаллим чӣ тадбир андешид, ки на танҳо хашми амир фурӯ нишаст, балки ҳатто соҳиби инъом ҳам гардид?

6. Чаро фил бо чунин бузургҷуссагӣ аз дасти як парандаи хурдакак ба ҳалокат расид?

1 Мақҳур – оҷиз, нотавон.

2 Мавзеъ – ҷой, макон.

3 Шарр – бадӣ, зиштӣ.

4 Аташ – ташнагӣ.

5 Арбоб – оқилон, фозилон.

6 Хасмон – душманон.

ТЕСТҲО

1. Чаро Наср Аҳмади Сомонӣ мехост аз устодаш қасос гирад?

А. чунки устод ӯро ҳангоми таълим дар кӯдакияш чӯб мезад

Б. чунки ӯ ба мансаби султонӣ расид.

В. чунки шӯхӣ ва беадабӣ мекард.

2. Муколамаи байни султон ва устод ба чӣ анҷом ёфт?

А. султон устодро ҷазо дод.

Б. султон бар ивази мева аз устод интиқом нагирифт.

В. султон хатои худро фаҳмид, маоши устодро муайян намуда, арзи сипосу миннатдорӣ изҳор намуд.

3. Барои чӣ саъва аз пашша мадад хост?

А. барои он ки аз фил қасос бигирад.

Б. барои он ки бачагони худро аз фил наҷот бидиҳад.

В. барои он ки ҷони худро халос намояд.

4. Чаро фил бо чунин бузургҷуссагӣ аз дасти як парандаи хурдакак ҳалок гардид?

А. чунки фил саъваро писанд накард ва ҳақир шуморид.

Б. чунки фил лонаи саъваро вайрон кард.

В. чунки бадӣ кард ва ҷазояшро дид.

5. Ба киҳо бояд некӣ кард?

А. ба касоне, ки аз онҳо некӣ дидаӣ.

Б. ба бадон низ некӣ бояд кард.

В. бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро (Ҳофиз).