Марҳабо, эй пайки1 муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст,
То кунад ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст.
Волаву шайдост доим, ҳамчу булбул дар қафас,
Тӯтии табъам зи ишқи шаккару бодоми дӯст.
Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому ман
Бар умеди донае афтодаам дар доми дӯст!
Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр2
Ҳар кӣ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.
Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми3 дӯст.
Гар диҳад дастам, кашам дар дида, ҳамчун тӯтиё,
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад аз иқдоми дӯст.
Майли ман – сӯи висолу қасди ӯ – сӯи фироқ,
Тарки номи худ гирифтам, то барояд коми дӯст.
Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бедармон бисоз,
З-он ки дармоне надорад дарди беороми дӯст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Ғазал дар кадом мавзӯъ навишта шудааст?
2. Шоир дӯстро чӣ гуна тасвир намудааст?
3. Дар баёни сифату хилқати дӯст кадом калима ва ифодаҳо истифода шудаанд?
4. Шеърро ифоданок хонед ва чор байти аввалро аз ёд кунед.