Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!
Ин замон бар кас вафодорӣ намонд,
Он вафодорону ёрон ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши бодахорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!
Мубтало гаштам дар ин банду бало,
Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!
Гарчи сад рӯд аст дар чашмам мудом,
Зиндарӯди боғкорон ёд бод!
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шеърро ифоданок хонед.
2. Аз ғазал калимаҳои «дӯстдорон», «вафодорон», «ҳақгузорон»,
«боғкорон» ва «роздорон»-ро бо ёрии муаллим шарҳ диҳед ва
онҳо ба маънии байтҳо чӣ тобише додаанд, фаҳмонед.
3. Шоир аз чӣ афсӯс мехӯрад ва киҳоро ёдовар мешавад?
4. Ғазалро аз ёд кунед.
1 Нақши нигор – тасвири маҳбуба, сурати дилбар.
2 Нақди муҳаққар – ҳақир, камарзиш, ночиз, хурд.