Хушо вақто, ки вақти навбаҳор аст

Хушо вақто, ки вақти навбаҳор аст,

Мусоид рӯзу зебо рӯзгор аст.

Замин чун луъбати шамшодзулф аст,

Ҷаҳон чун кӯдаки анбаръузор аст.

Миёни боғ пурмушку абир аст,

Карони1 роғ пурнақшу нигор аст.

Қарор акнун ба саҳни бӯстон дор,

Ки саҳни бӯстон дорулқарор аст.

Канори боғ пур дур асту гавҳар,

Канори ӯ магар дарёканор аст.

Бигиряд абри наврӯзӣ ҳаме зор,

Ки шохи зардгул бемору зор аст.

Замоне андалеб2 аз вай ҷудо нест,

Магар наздики ӯ бемордор аст.

Агар булбул шудаст аз ишқи гул маст,

Чаро чашмони наргис пурхумор аст?

Дар ин фасле, ки мурда зинда гардад,

Чаро шохи бунафша сӯгвор аст?

Магар гулро арӯсе кард Наврӯз,

1 Карон – канор

2 Андалеб – булбул

Ки абраш ҳар замон гавҳарнисор аст?

Баҳор аст ин, надонам, ё биҳишт аст?

Биҳишт аст ин, надонам, ё баҳор аст?...

Дарахти арғувон гар нест оташ,

Чаро шохаш ҳамеша пуршарор1 аст?

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1.Шоир табиатро дар фасли баҳор чӣ тавр тасвир кардааст?

2. Дар фасли баҳор кадом ҳодисаҳои табиӣ ба амал меоянд?

3. Ташбеҳҳои шоирро ба муқоиса гирифта, ба маҳорати ӯ баҳо бидиҳед.

4. Шеърро аз ёд намуда, дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон баромад кунед.