“Баҳористон” яке аз асарҳои машҳуртарини насри адабиёти классикии тоҷик аст. Ҷомӣ ин асарро дар пайравии “Гулистон”- и Саъдӣ навиштааст. Ҷомӣ дар ин асар андешаҳои пандомези хешро аз таҷрибаи рӯзгор дар боби зиндагӣ, ахлоқу одоби ҳамидаи инсон, дӯстиву рафоқат, муносибат, қадру қимати ҳунар ва ҳунаромӯзӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба китобхонӣ ва моҳияти он, ҳурмату эҳтироми аҳли меҳнат ва кӯмаку ёрӣ ба муҳтоҷону дармондагон ва амсоли он баён намудааст.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар оғози асари “Баҳористон” шавқу завқи хонандаро нисбати ин асар бедор менамояд. Чунончӣ:
Гузаре кун ба ин “Баҳористон”,
То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо.
Дар латофат ба ҳар гулистоне,
Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.
Асари “Баҳористон” аз ҳашт боб иборат аст.
МӮРИ БОҲИММАТ
Мӯреро диданд, ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:
– Ин мӯрро бинед, ки ба ин нотавонӣ бореро ба ин гаронӣ чун мекашад?!
Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:
– Мардон борро бо неруи ҳиммату бозуи ҳамият кашанд, на ба қуввати тану заҳомати бадан.
Боре, ки осмону замин кашид аз он,
Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Тарҷумаи ҳоли Абдурраҳмони Ҷомиро нақл кунед.
2. Аз чӣ сабаб Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш машҳур гардид?
3. Асарҳои Ҷомиро номбар кунед.
4. Ҷомӣ “Баҳористон”-ро дар пайравии кадом асари машҳур навиштааст?
5. Чор сатри дар бораи асараш навиштаи адибро аз ёд кунед.
6. Дар ҳикояи “Мӯри боҳиммат”кадом хислатҳои инсон зикр ёфтааст?