Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабӯ1е бар дӯш2 дар роҳе мерафт. Фузул3е ба ӯ расиду гуфт:
– Эй нодон, рӯзу шаб пеши ту яксон аст ва равшанию торикӣ дар чашми ту баробар. Ин чароғро фоида чист?
Нобино бихандид, ки:
– Ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кӯрдилони бехирад аст, то ба ман паҳлу назананду сабӯйи маро нашикананд.
ҚИТЪА
Ҳоли нодонро зи нодон беҳ намедонад касе,
Гарчи дар дониш фузун аз Буалӣ Сино бувад.
Таъни нобино мазан, эй дам зи биноӣ зада,
З – он ки нобино ба кори хештан бино бувад.
ИСКАНДАР ВА ҲАКИМ
Искандари Румӣ дар овони4 ҷаҳонгардӣ бо ҳилаи тамом қалъаеро бикшод5 ва ба вайрон кардани он фармон дод.
Гуфтанд:
“Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилот тавоно”.
1 Сабӯ – кӯза
2 Дӯш – китф
3 Фузул – пургӯ, ҳарзагӯй
4 Овон – ҳангоми, вақти
5 Бикшод – яъне забт кард
Искандар вайро талаб карда оваронду дид, ки шаклу шамоилаш аз қабули табъ дур ва манфур1. Табъаш хира шуд ва гуфт:
– “Ин чӣ сурати ғариб асту чӣ ҳайкали муҳиб!”
Ҳаким аз шунидани ин сухан оташин шуд ва бо ин оташинӣ хандон - хандон ҷавоб дод:
Таъна бар ман мазан ба сурати зишт2,
Эй тиҳӣ3 аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон – шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1.Чаро шахси нобино дар шаб чароғ гирифта мерафт?
2. Шахси беадабе ба ӯ чӣ савол дод?
3. Ба одамони шалу кару нобино шумо чӣ гуна муносибат мекунед?
4. Шеъри устод Рӯдакиро ба ёд оред ва ба мазмуни ин ҳикоя муқоиса кунед:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
5. Искандар кӣ буд ва бо ҳаким чӣ гуна назар кард?
6. Оё хирадманду оқил будани инсонро аз зоҳири шахс муайян кардан мумкин аст?
ҶАВОНМАРДӢ
Шабе дар масҷиди ҷомеи Миср оташ афтоду бисӯхт. Мусалмононро таваҳҳум4 он шуд, ки онро насоро5 кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонаҳои эшон андохтанду бисӯхтанд. Султони Миср ҷамоатеро, ки оташ дар хонаҳои эшон андохта буданд, бигирифту дар як ҷо ҷамъ кард ва бифармуд, то ба адади эшон1 руқъаҳо навиштанд: дар баъзе куштану дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо бар эшон афшонданд. Ба ҳар кас ҳар руқъае, ки афтод, ба мазмуни он муомала карданд. Як руқъа2, ки мазмуни он ба куштан буд, бар касе афтод. Гуфт:
1 Манфур – нафратовар
2 Зишт – бад
3 Тиҳӣ – холӣ
4 Таваҳҳум – гумон, шубҳа
5 Насоро – насрониён, пайравони дини Исо
– Аз куштан боке надорам, аммо модаре дораму ҷуз ман касе надорад.
Дар паҳлуи вай дигаре буд, ки дар руқъаи вай тозиёна задан буд. Вай руқъаи худро ба он кас доду руқъаи вайро гирифту гуфт:
– Ман модар надорам.
Инро ба ҷойи ӯ бикуштанд ва онро ба ҷойи ин тозиёна заданд:
Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,
Хуш он кас к – ӯ ҷавонмардӣ ба ҷон кард.
Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,
Ҳаёти худ фидои ҷони ӯ сохт.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Дар Миср чӣ воқеа рух дод ва аз киҳо гумонбар шуданд?
2. Султони Миср чӣ ҳукм кард?
3. Муносибати ҷавонмардии ду ҷавонро нақл кунед.
4. Шумо ба ҷойи ин ҷавонон мешудед, чӣ кор мекардед?
5. Ба симу зар ҷавонмардӣ кардан осон аст ва ё ба ҷон?
6. Ҳикояро аз ёд кунед.