Кавсар ҳарифи чашми тари ман намешавад

Кавсар ҳарифи чашми тари ман намешавад,

Дӯзах ғубори раҳгузари ман намешавад.

Инъоми халқ чист, ки асбоби коинот

Сандал баҳои дарди сари ман намешавад.

Гирам, ки осмону замин офтоб шуд,

Оинахонаи назари ман намешавад.

Миннат зи офтоби қиёмат чаро кашам?!

Ин қурс тӯшаи сафари ман намешавад!

Шавкат, дилам зи шуълаи идрок равшан аст,

Оташ муқобили шарари ман намешавад!

МУҲРИ ХОМӮШӢ

Кай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд,

Барги гул натвонад аз боди хазон осуда шуд.

Баски имшаб дид гесуи сиёҳи худ ба хоб,

Чашми масти ӯ зи нози сурмадон осуда шуд.

То ба шӯхе додаам дил, аз ғами дил фориғам,

Рафт чун гул аз гулистон, боғбон осуда шуд.

Роҳ – оташхезу бори корвони мо – сипанд,

Чун тавонад дил зи савдои ҷаҳон осуда шуд?!

Захмро аз марҳами кофур ояд лаб ба ҳам,

То ниҳодам муҳри хомӯшӣ, даҳон осуда шуд.

Шуълаи овози моро барги гул доманзан аст,

Чун тавонад булбули мо аз фиғон осуда шуд?!

Ғунчаи минқори мо то гашт ранги нағмарез,

Гӯши гулҳо аз фиғони булбулон осуда шуд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ғазали «Кавсар ҳарифи чашми тари ман намешавад»-ро бурро ва ифоданок хонед.

2. Байти аввали ғазалро бо ёрии муаллим шарҳ диҳед.

3. Ғазали «Муҳри хомӯшӣ»-ро шево ва хушоҳанг хонед.

4. Шоир осудагиро дар кадом омилҳо мебинад?

5. Мазмуни ҳар байтро дар алоҳидагӣ бо ёрии муаллим маънидод намоед.

Нозими Машриқзаминам, нест гар бовар туро,

Мешавад маълум аз назми ҷаҳонорои ман.

Шарбати абрешими маънӣ мураккаб кардааст,

Баҳри дилҳои заифон килки анбарсои ман.

Нозим