Бодему нагирем зи хирман пари коҳе,
Барқему намоем қаноат ба гиёҳе.
Иззат натавон ёфт ба тақлиди азизон,
Юсуф нашавад ҳар кӣ дарафтод ба чоҳе.
Азбаски дилафсурдаам аз сафҳатирозӣ,
Дастам ба раҳе мераваду хома ба – роҳе.
Чун мурғ, ки аз шох ба шохе кунад оҳанг,
Ҳар лаҳза шавам мунтақил3 аз оҳ ба оҳе.
Хоранд зи бас халқи ҷаҳон дар назари ҳам
Аз ҳам биситонанд сареро ба кулоҳе.
Аз саъйи ту, Нозим, чӣ барояд, ки дар ин дашт
Дар сояи ҳар хорбун афтода сипоҳе.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шарҳи ҳоли Нозими Ҳиротиро хонда нақл кунед.
2. Дар бораи мероси адабии Нозим чиҳо медонед?
3. Қитъаи аз маснавии «Юсуф ва Зулайхо» овардашударо хонда мазмунашро гӯед.
4. Ғазалро бурро ва ифоданок хонед ва мазмунашро бо ёрии муаллим нақл кунед.
1 Сафеҳ – нодон, нолоиқ, камақл.
2 Маъзул – сабукдӯш шудан аз вазифа.
3 Мунтақил – интиқол додан аз ҷое ба ҷое.