Аҳмади Дониш

Аҳмад Махдуми Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир таваллуд шудааст.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш мегирад ва пас аз он дар мадраса мехонад.

Аҳмади Дониш тақрибан соли 1855 ҳамчун муҳандису меъмор дар дарбори Амир Насруллоҳ ба кор оғоз мекунад. Ду бор ба Русия сафар кардааст. Баъдтар аз дарбор дур шуд ва дар солҳои 1875 - 1882 «Наводир-ул-вақоеъ»-ро навишт.

Дар охирҳои соли 1873 Амир Музаффар ба Петербург боз ҳайъати нави сафорати худро мефиристад. Аҳмади Дониш ба сифати сармуншии сафорат ва машваратчии элчӣ таъйин мегардад. Баъди бозгашт аз Русия Аҳмади Дониш дар бораи давлатдорӣ, ислоҳоту тағйироти тарзи ҳукуматдории аморат рисолае менависад ва онро ба амир пешкаш мекунад, вале амир онро рад менамояд.

Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб бо қарз як ҳуҷрае мехарад, то дар танҳоӣ корҳои адабиву илмиашро сомон диҳад.

Ӯ соли 1897 дар Бухоро аз олам чашм мепӯшад.

Аҳмади Дониш аз худ мероси бой ва гаронмояи илмиву адабӣ боқӣ гузоштааст: «Манозир-ул-кавокиб»1, «Рисола фӣ аъмол-ил-кура»2, «Табодули хамсаи мутаҳаййира», «Меъёр-ут-тадайюн», «Наводир-ул-вақоеъ»1, «Рисолаи таъ рихӣ», ашъори пароканда дар баёзҳо, дафтарҳои мусаввада.

1 «Манозир–ул–кавокиб» – манзараҳои ситораҳо.

2 «Рисола фӣ аъмол–ил–кура – рисола дар бораи амалиёт бо кура.

Пайдо шудану рушд кардани ҳаракати маорифпарварӣ дар охири асри XIX дар Бухоро ба номи Аҳмади Дониш алоқаманд аст.