Шабе дар Петербург

ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ

(бо каме ихтисор)

Боре дар пойтахти императори рус будам... шабе аз хоб барҷастам, бинобар тараддуди мардум ба кӯча давидам. Ҳама рафиқон рафтаанд, сабаб пурсидам, гуфтанд ки маҳалле оташ гирифта, ба тамошо баромаданд.

Ман ҳам хоболуда... ба кӯча баромадам, дидам ароба бо ходимаш тайёр аст. Гуфтам: "Агун паридуш1?"

Агарчи ин лафз бетартиб аст, яъне «дар оташ меравед?», бо ин ишора фаҳмонидам, ки маро ба ҷое, ки оташ афтода, мебарӣ. Аробачӣ фавран маро ба ароба нишонида, ба он маҳалла расонид. Фуруд омадам, боз бо имову ишора бо лафзҳои ғалати бемаънӣ гуфтам, ки: «Ин ҷо бош, маро то манзил хоҳӣ бурд». Қабул намуд.

Ман ба сайри иморатҳои сӯхта даромадам, дидам... ки бо асбоб ва фаввора об аз баҳр оварда оташро хомӯш мекунанд. Ман саргарми тамошо шуда аз рафиқон низ касеро наёфтам ва бо ман тарҷумон ҳам набуд. Баъд аз фурсатҳо баромадам, ки ҳаво абр шуда ва барфи шиддатнок меборид...

Омадам, ки асп ва аробаи худро ёбам, бисёр ҷустам. Дар охир аробаи холӣ дидам, ки бачаи ходим2 дорад. Савор шудам ва ишора кардам, ки суръат кун. Вай ҳам надониста асп меронд. Вақти баргаштан ба воситаи тарокуми1 барф ва талотуми ҳаво ҳеҷ самт маълум намешуд. Аммо роҳи омадагӣ шарқӣ буд, пас – ҷанубӣ. Ин аробачӣ маро рост ба тарафи шимол мебурд ва ҳарчанд имову ишора мекардам, ки ба тарафи ғарбӣ равад, сухани маро сарфаҳм намерафт ва ҳар ҷо аспро нигоҳ дошта, ба ман сухане мегуфт, ки: «Ман туро куҷо мебарам?» ба лафзи русӣ ҷавобе мегуфтам... Ӯ маро дашном медод ва ҳар соат таклиф ба фуромадан мекард, ман намефуромадам. Чунки агар фуруд оям, дигар ба аробааш бор намекунад ва агар пиёда монам, асас2 ҳабс мекунад. Миқдори панҷ соат дар болои ароба нишаста мондам ва дар ин шаб чандон барф меомад, ки ман чун қуллае аз барф шуда саропо бо барф пӯшида шуда будам.

1 Агун паридуш – лафзи вайрони забони русӣ, агун-огонь, ба маънои оташ ва паридуш – поедешь, яъне меравӣ.

2 Ходим – нӯкар, аробачӣ.

Нимаи шаб маро дар кӯча монда, худ ба ҳавлии дарун рафт ва бисёр дарро кӯфт. Садое набаромад, маро чандон воҳима гирифта буд, ки агар он дар боз шавад, албатта, маро ба дарун металабанд ва қатл мекунанд ва дар чоҳе меандозанд. Агар аз ароба фуруд оранд ва дар кӯча гузоранд, пулисҳо3 ғӯл дар гардан ва занҷир дар поям кунанд...

Аробачӣ аз боз нашудани дар маъюс шуд, боз дар ароба нишаста асп меронд ва маро дашном медод, ман хомӯш мондам ва маҷоли гап задан наёфтам.

Аробачӣ маро назди миршаб овард ва шикоят кардан гирифт, ки марде ба ароба савор шудааст, забон намедонад ва ман низ аз фаҳми гуфтаи ӯ оҷизам, ҳеҷ чора намедонам, ки ӯро ба куҷо барам, ки маро аз бори ӯ халосӣ рӯй диҳад. Миршаб омада, маро аз таги барф бароварда, ба лафзи русӣ саволе кард, гуфтам: Моя паслоник чалавик, яъне ман ҳамроҳи элчиам4, ин бача қуши5 маро гум кардааст ва маро ҳайрон намудааст, маро агар ба растаи Балшуй Марскуй барад, қуши худро меёбам.

1 Тарокум – яъне бисёрии барф.

2 Асас – миршаб.

3 Пулис – политсия.

4 Элчӣ – намояндаи як давлат дар давлати дигар, сафир.

5 Қуш – манзили муваққатӣ, бошишгоҳ.

Миршаб аз ин сухани ман огоҳ шуда, бачаро дашном карда ва гуфт:

– Ин марди мусофир аст ва ҳамроҳи сафир омадааст. Ту ин мардро чаро дар ин паскӯчаҳо саргардон доштаӣ? Агар аз аввали шаб ба он ҷо мебурдӣ, ӯ ба қуши худ мерафт, ҳам ту халос будӣ ва ҳам ӯ. Ҳоло низ ӯро бурда дар растаи калон андоз.

Ходим пас аз ин гуфтугӯ маро ба растаи Балшуй Марскуй овард, то дари дарвозаи сафоратхона маро оварда фуруд овард.

Музди савораи ароба ҳафт дирам дода аз он ҳалокат раҳоӣ ёфтам.

Агар ман андак аз гуфтугӯи он хабардор мешудам, кори ман ин гуна бад анҷом намеёфт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ҳикоятро хонед ва мазмунан нақл кунед.

2. Аҳмади Дониш ба куҷо рафтагор шуд ва муҷиби саргардонӣ ва ба таҳлука афтодани ӯ чӣ буд?

3. Забонро надонистан ба кас чӣ ногувориҳо меовардааст?

4. Аҳмади Дониш бо овардани ин ҳикоят моро чӣ ҳушдор медиҳад?