Яке аз дӯстон гуфт:
"Дар Бойсун мардеро дидам тануманд, осори мардӣ ва боқувватӣ аз зоҳири1 ҳолаш ҳувайдо буд, ки Холмуҳаммадаш мегуфтанд. Миёни ману ӯ бисёр мубоҳиса2 ва муколамаҳо мегузашт. Басе ҳикоятҳои ҷолиб нақл мекард, ки аз шуниданаш дар ҳайрат мемондӣ. Бо хирсу хук набард намуда, бо шер ва паланг ҷанг карда, аз чанголашон раҳоӣ ёфта буд. Аз он ҷумла гуфт: «Рӯзе ба хонаи дӯстам, ки бояд тӯй барпо мешуд, ҳамроҳи дӯстонамон роҳакӣ шудем. Аз байни кӯҳу марғзор мегузаштем. Ман аз рафиқон ҷудо шудам, муштоқи1 шикор гашта будам. Ба даруни дара даромадам, кабку оҳу шикор карда саргарм шуда монда, рӯзро бегоҳ кардам. Дилам майли хонаравӣ надошт. Ноилоҷ дар камари кӯҳ сатҳе ҷойи сабзазор ёфтам, ки дарахти азиме бо сояаш он ҷойро зеб медод. Як чашмаи оби мусаффо аз паҳлуяш мегузашт. Аз аспи худ фаромада ба болои дарахт баромада, ҷое барои худ ва ҷое барои асп рост кардам, то ғуруб аспро ғунча баста, гӯсфандвор болои дарахт кашидам. Асп аз фаросате, ки дошт, он чӣ ман дар боби ӯ андешида будам, мефаҳмид. Ҳамчунон дасту побаста болои дарахт ба паҳлу орамид2 ва намеҷунбид.
1 Зоҳир – сурат.
2 Мубоҳиса – бо ҳам баҳс кардан.
Муҳаррири сутур (яъне нависанда) гӯяд:
"Ман дар ин ҳикоят инкоре доштам, ки як мард, агар ҳама аз фӯлод бувад, аспро бад-ин ранг натавонад бардошт. Магар ки муболиға бошад. То дар «Унсур»-и Бедил дидам, ки Мирзо Қаландар, амаки Бедил аспи савории худро, ки монда ва кӯфта гашта буд, дар як муддат аз кӯҳистон бардошта гузарондааст. Он гоҳ эътиқод кардам, ки дар бадани инсон як қувваи зӯроварӣ ҳаст, ки на ҳар кас онро дошта метавонад".
Мулло Хол гуфт:
"Шабҳангом, пеш аз он ки сар ба хоб диҳам, ногоҳ овози шикастани сангпораҳо маро беқарор гардонид. Донистам, ки ҳайвоне ба тарафи мо меояд.
Шаб маҳтоб буд. Дидам шере хашмгину зӯровар монанди гови калони шохзан ба самти мо меояд. Ва чашмҳо ҳамчу машъале медурахшиданд ва назди қадамаш сангҳои бузург ғалтон мешуд. Туфанг ба даст гирифтам ва оташ дар пилта додам ва рост кардам, то шер бубинад ва битарсад ва баргардад. Ӯ ҳамчунон ғуррон, бе ҳарф ва ҳарос тӯфон карда ба сӯйи мо меомад. Дидам, ки ин шер бо як тир сард намешавад, ҳам марову аспамро нобуд мегардонад.
1 Муштоқ – иштиёқманд, ҳавасманд.
2 Орамид – бихуспид, хоб кард.
Азбаски майдон буд ва атроф нишеб, шер ҳарчанд хост, ки худро дар болои дарахт барҷаҳонад, муйяссар нашуд. Омада ба решаи дарахт даст зад. Гумон кардам, ки ҳамин замон дарахтро аз бун1 мебарорад. Натавонист ва як-ду зӯр овард, матлаб2 ба чанг наёмад ва дарахт ҳамчунон, ки дар рӯзи боди шадид биларзад, ба ҷунбиши сахт гирифтор шуд. Ва аспи ман дар изтироб омада сахт тарсид, ман худдорӣ карда ба мулоимат саре меҷунбондам, ки: «Ман қасди ту надорам ва имшаб дар роҳ мондам, ин ҷо меҳмонам, аз сари сахти ман даргузар». Гоҳе таъзиме ба сӯйи шер мекардам ва шукуфон менигаристам, то аз вазъи ман эмин3 бошад ва донад, ки ман ба ӯ муқобила надорам. Шер аз ин муомила сурати таслим муайян карда аз ғурриш ва ғазаб сокин4 шуд. Вай аз дарахти ҳомили5 ман даст бардошт ва сина бар замин ниҳода биншаст ва дум меҷунбонид. Боз ман суруде, нағмае сар карда шерро ба мулоимат ва мурувват даъват мекардам. То субҳ дамид ва бо имо ва ишора маълум мекардам, ки: «Маро роҳ бидеҳ, то ба манзили худ муроҷиат кунам». Вай низ ишорае мекард ва дасти худро рост мекард. Ман намедонистам, ки чӣ мехоҳад. Камтар нон ва яхнӣ6 пеш андохтам, бӯйида илтифот7 накард ва боз ба дасти худ ишора мекард. Он гоҳ донистам, ки туфанги8 маро мехоҳад. Ноилоҷ онро ҳам назди шер андохтам. Бархост ва онро гирифта ва худ низ рост шуда бар атрофи он диққат мекард ва маҳалли қундоқ ва оташхонаро медид. Пас туфанг худ бишкасту ба ҳаво бияндохт, ки аз назарам нопадид шуд.
1 Бун – бех.
2 Матлаб – мақсад.
3 Эмин – бехавф, бехатар, дар амон.
4 Сокин – ором.
5 Ҳомил – бордор, ин ҷо ба маънои дарахте, ки мо дар болои он қарор доштем, омадааст.
6 Яхнӣ – гӯшти пухтаи хунуккардашуда.
7 Илтифот – лутф, ин ҷо ба маънои аҳамият надод, омадааст.
8 Туфанг – камон.
Ман он гоҳ дил бар марг ниҳодам, ки кори аҳмақӣ кардам ва сипари ҷон ба дасти душман супоридам. Он гоҳ изҳори хурсандӣ ва хуррамӣ намуда, нон ва яхнӣ бардошт ва ишора кард, ки фуруд ой ва бирав. Ва худ дуртар рафта боз бинишаст. Ман аспро фуруд оварда зин ва лаҷом ниҳода савор шудам. Ва шер низ ба ҳаракат даромада пеши роҳи ман фуромада ва имо мекард, ки «биё».
Ман оҳиста аз паси вай асп мерондам. То аз ду-се ағба ва сой бигзаштам ва роҳ аз кӯҳ ба пастӣ кашидам. Он гоҳ шер баргашт ва ба болои қуллаи кӯҳ барнишаст ва дар мушоҳидаи аҳволи ман шуд, то аз назари ӯ ғоиб гаштам.
Ин рафтор аз он сабаб буд, то даррандагони дигар маро қурбон насозанд. Ва саломат ба хона омадам".
Мақсад аз ин ҳикоят дар он аст, ки агар дар азал мавҷуд муҳлат бувад, душман дӯст гардад ва заҳр тарёк1 ва шери далер роҳбар ва дастгир бувад.
Гар шавӣ дар даҳани шеру паланг,
Нахӯрандат магар ба рӯзи аҷал.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Ҳикоятро хонед ва мазмунашро нақл кунед.
2. Ба фикри шумо чаро шикорчӣ бо шер муқобилат накард?
3. Чаро камони Холмуҳаммадро шер шикаст?
4. Чаро унвони ҳикояро муаллиф «Адолати шер» гузошта-
аст?
1 Тарёк – давои зидди заҳр.