Ба Тоҷикистон

Эй умеди дили рамидаи ман,

Қуввати дасту нури дидаи ман.

Ватани кору хонаи ишқам,

Табъи шеъру таронаи ишқам!

Ваҳ, чӣ рахшонӣ, эй шарораи сурх,

Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх!

Бурҷи Машриқ агарчи хонаи туст,

Лек олам пур аз фасонаи туст.

Солҳо пеш аз ин замона, ҳазор,

На фақат як, ҳазор – чандин бор

Ту ҳунарманду паҳлавон будӣ,

Равшанибахши ин ҷаҳон будӣ.

Номдорони Шарқ дар гирдат

Гирд буданд ҳамчу шогирдат.

Хонаат мактабу маориф буд,

Дари эҳсон ба оламе бикушуд.

Боре, ин сон сухандарозӣ чист?

Мункири ту ба ғайри душман кист?

Дар ҷаҳон ҳар кӣ достон хонад,

Номи деринаи туро донад.

Лек чанде ту бенаво мондӣ,

Аз ҳунарҳои худ ҷудо мондӣ...

Солҳо бо талошу бо мардӣ

Ҷангу ҷонбозию ҷадал кардӣ.

Ҷанг кардӣ ба зидди ҷабру ситам,

Гоҳ-гоҳе шудӣ музаффар ҳам.

Лек зӯри ситам маҷол надод,

Ки тамоман шавӣ зи банд озод.

Ногаҳон шуъла аз Шимол дамид,

Шуълаи сурх то ба Шарқ расид.

Гуфт ин шуъла: Ҳей, ба по бархез!

Дар раҳи зиндагӣ зи ҷо бархез!...

Эй умеди дили рамидаи ман,

Қуввати дасту нури дидаи ман!

Он аламро ту роҳбар кардӣ,

Сӯйи майдон шудӣ, зафар кардӣ...

На фақат Шарқ аз ту хуррам шуд,

Рӯи ту нурбахши олам шуд.

БАНДАГӢ ДАРКОР НЕСТ!

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,

Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест.

Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,

Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест.

Бо ҳақорат гар биборад бар сарат борони дурр,

Осмонро гӯ: бирав, борандагӣ даркор нест!

Гар ба шарти пойбӯсӣ сар бимонад бар танат,

Ҷон деҳу рад кун, ки сарафкандагӣ даркор нест.

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеъри «Ба Тоҷикистон»-ро ифоданок хонед.

2. Мақсади муроҷиати шоир аз чӣ иборат аст? Бо ёрии муаллим шарҳ диҳед.

3. Мисраъҳои ба зиндагӣ ва ҳолу аҳволи гузаштаи халқи мо бахшидаи шоирро аз шеър пайдо карда, бо мадади муаллим тавсиф кунед.

4. Шеъри «Бандагӣ даркор нест!»-ро бурро ва ифоданок хонед.

5. Ҳар байтро аввал бо мадади муаллим ва сипас мустақилона шарҳ диҳед.

6. Шеърро аз ёд кунед.