Саййидои Насафӣ

Дар фикри дона мӯрчае

буд даргузар,

Омад ба шеру гуфт, ки:

Ай Рустами замон!

Аз иттифоқи мӯрчагон

ғофилӣ магар,

В-арна, чаро ҳақир

шуморию нотавон?

Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рӯзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халқ бо дили пурдард дар бораи сахтию душвориҳои бофандагӣ сурудҳо эҷод кардааст:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,

Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.

Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак,

Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Санаи таваллуди адибро интиҳои нимаи аввали садаи XVII тахмин кардаанд. Таҳсили оғозинро дар зодгоҳаш – Насаф фаро гирифтааст.

Баъд Миробид Саййидои Насафӣ барои таъмини рӯзгори хеш пайваста нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомӯзад ва дар баробари касбомӯзӣ дар мактаб низ таҳсил мекард. Ин буд, ки тадриҷан хатту савод бароварда, эҷодиёти пешиниёнро меомӯхт. Ашъори Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасан, Ҳофизу Камол ва бисёр дигаронро ҳифз мекард ва худ низ аҳён-аҳён шеър мегуфт. Муҳаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханварӣ, ҳунари нотакрори ҳар як эҷодкор ӯро мафтун намуда буд. Ҳамин дилбастагӣ ӯро водор сохт, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Ӯ ба Бухоро омада, таҳсили олии худро дар мадрасаи Лаби ҳавзи Нодир – девонбегӣ пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медиҳад. Пас аз дарс Саййидо бештари вақти худро барои омӯхтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукиҳои каломи бадеъ, сирри ҳунари эҷодро меомӯхт. Илова бар ин, ба табақаҳои ҳунарманди ҷомеаи онрӯзаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дӯстони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дӯстонаш дар мавридҳои зарурӣ ба Саййидо ёрии моддӣ мерасонанд, то ки ӯ таҳсилашро давом диҳад. Чунин вазъи зиндагӣ имкон дод, ки Саййидои Насафӣ таҳсили мадрасаро бомуваффақият ба анҷом расонад ва дар айни замон маҳорати суханварию нуктасанҷии худро такмил диҳад ва беш аз ин дар ҳаёти адабии шаҳр ширкат варзад.

Баъдтар ҳаёти оилавӣ Саййидои Насафиро маҷбур месозад, ки дар рӯзгори ҷавонӣ пешаи бофандагиро давом диҳад. Ӯ дар ғазали «Мекунам бофандагӣ» аз ноҷӯриҳои аҳди худ шикоят менамояд:

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,

Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.

Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.

Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гӯшагир,

Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.

Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,

Рӯзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.

Саййидои Насафӣ бо мақсади раҳоёбӣ аз мушкилоти рӯзгор бо баъзе соҳибмансабони замонаш Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбӣ Юз наздикӣ пайдо мекунад. Шоир ҳатто дар васфи ҳокимони давр Абдулазизхону Субҳонқулихон ва Убайдуллоҳхон бо нияти дарёфти инъому эҳсон чандин шеър менависад. Саййидои Насафӣ ашъори ҳадафноки мадҳии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону соҳибмансабон дигар муттакоҷӯию мураббикобӣ намекунад, зеро ба ӯ асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин рӯ, дур будан аз эшонро авлотар медонад.

Ин аст, ки шоир мегӯяд:

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд,

Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.

Аз ҳеч хонае набарояд садои ҷуд,

Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд.

Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,

Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.

Ҳол он ки ашъори Саййидо дар замони худи ӯ на танҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон, ҳатто дар қаламрави Эрону Ҳиндустон паҳн гардида буд.

Шоир ба ин маънӣ чунин мегӯяд:

Ба мулки Исфаҳону Ҳинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.

Чун зимомдорон аз аҳли шеъру адаб, илму фарҳанг қадршиносӣ намекарданд, бисёре аз фарҳангиёни замони шоир ҷалои диёр карда буданд ва бештари онҳо ба сарзамини Ҳинд мерафтанд.

Шоир ба ҳолати мазкур чунин ишора менамояд:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанӯз,

Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанӯз.

Аз як тараф, заъфи пирию дурии роҳ ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдастӣ ба шоир имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари Ҳиндро ихтиёр бикунад:

Аз тиҳидастӣ чу сарви боғ поям дар гил аст,

Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.

Кӯшишу такопӯҳои Саййидо бенатиҷа поён ёфт ва ин ҳолатҳо шоирро рӯҳан азият медод. Ин буд, ки шоир раҳоӣ аз ин ҳолати пешомадаро дар гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ пайдо кардан хост ва ин роҳро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинӣ намуд.

Гӯшанишинӣ аҳволи Саййидои Насафиро боз ҳам вазнинтар, ҳолати руҳии ӯро заифтар намуд.

Чуноночи, шоир мегӯяд:

Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст

В-он ки бардорад сарам аз хок, болини ман аст.

Ин буд, ки шоир аз рӯйи эҳтиёҷоти рӯзгор боз рӯ ба миёни мардум меорад ва ғалати худро фаҳмида, дар як муддати кӯтоҳ ислоҳ менамояд:

Ҳосил нашуд зи гӯшанишинӣ муроди ман,

Худро зи хона бар сари бозор мекашам.

Ӯ на танҳо азоби эҷодиро аз сар мегузаронду тоқат менамуд, балки меҳнати ҷисмонӣ – бофандагӣ мекард ва дар ин роҳ худро ба Фарҳоди Кӯҳкан ҳамсангу монанд медонист.

Ба ин маънӣ ишора намуда мегӯяд:

Ба зӯри дасту бозу мехурам, ай Саййидо, рӯзӣ,

Маро чун Кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Аз баъзе тасвирҳои иҷтимоии шоир бисёр лаҳзаҳои рӯзгори ӯро метавон пеши назар овард, ки барои барқарор намудани зиндагиномаи Саййидо ёрӣ мерасонад. Масалан, ба ин тасвири иҷтимоии шоир агар таваҷҷуҳ карда шавад, аҳволи иҷтимоии адиб боз ҳам равшантар мегардад:

Видоаш карда мерафтам ба хона,

Таваҷҷуҳ зад қадам бар остона.

Даре дидам ба нокомӣ кушода,

Ба роҳам дидаи во истода.

Фиғон ногаҳ зи қуфли дар баромад,

Ки «Имшаб турфа дузде бар сар омад.

Қавичангол гурге, тезхашме,

Ба бозу филзӯру тангчашме.

Сари ӯро зи дор андешае не,

Ба ғайр аз дуздӣ ӯро пешае не».

Ман он ҷо то саҳар дар хоби роҳат,

Кушода дузд ин ҷо дасти ғорат.

Даруни хонаам ҷуз бӯриё не,

Ба зери пой ғайр аз нақши по не.

Зи беасбобиям дар сина чок аст,

Матои хонаи ман обу хок аст.

Чӣ гӯям ман ба рӯйи хонаи худ

Шудам шарманда аз кошонаи худ.

Шудаш тороҷи ӯ кунҷи фаромӯш,

Зи дасти дузд гаштам хонабардӯш.

Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,

Ба як шодӣ кунӣ омода сад ғам.

Дар ин ҷо асосан вазъи хонаводагии шоир, аҳволи иҷтимоии Саййидо ба тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории соҳибдавлатону мансабдорони даврони худ ҳатто бо қавитарин оҳангҳои эътирозӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусан, бераҳмию ҷафопешагии дуздон, ки онҳо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу ҳарос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст.

Поёни умри Саййидои Насафӣ низ дар Бухоро гузаштааст ва ӯ тахминан соли 1711 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.