«Шаҳрошӯб»-и Саййидо ва сохтори он, тасвири ҳунармандон дар ин асар

«Шаҳрошӯб»-и нахустин ба қалами шоири асри XI тоҷикзабони ҳинд Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад. Маҳастии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Сайфии Бухороӣ, Огаҳӣ, Мирмуҳаммади Ҳошим, Мавлоно Озарӣ ва дигарон навъҳои гуногуни шаҳрошӯб навиштаанд.

Саййидо дар асри XVII суннати эҷоди чунин асарро эҳё кард, ки яке аз хидматҳои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шаҳрошӯб»-и Саййидо дар навъи муайяни адабӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ…) навишта шудааст ва аз ин рӯ, дар шакли худ озод аст. «Шаҳрошӯб»-и Саййидо аз омезиши шаклҳои гуногуни шеърӣ иборат мебошад. Аз ин нигоҳ, бунёди «Шаҳрошӯб»-и ӯро байтҳои фард ташкил медиҳанд ва ҳар як байт як шеъри мустақил аст. Бинобар ин асар дар вазнҳои гуногун навишта шудааст.

Миробид Саййидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» намояндагони касбу кори гуногун мисли: заргар, бофанда, кулол, танбӯрӣ, қаннод, хиштпаз, мӯзадӯз, чарчинфурӯш, тоқидӯз, деворзан, кабобпаз, ҳалвогар, дарзӣ ва ғайраро хеле устодона тасвир кардааст. Дар ин асари шоир ҳамагӣ намояндаи 212 касбу ҳунар ба таври ҳазломез васф карда мешавад.

«Шаҳрошӯб» нишон медиҳад, ки Саййидо то кадом поя бо мардуми заҳматкаш, бо табақаҳои иҷтимоӣ-истеҳсолии ҷамъият наздик аст. Ба мардум, ба нозукиҳои кору пешаи онҳо, ба рӯзгору зиндагӣ, ба муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онҳо аз наздик ошно мебошад.

Асар арзиши адабӣ-ҳунарӣ низ дорад, зеро аз ҷониби шоири тавоно, сухансанҷи соҳибистеъдод рӯйи кор омадааст. Санъати суханофаринии адиб, ҳунари эҷоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Саййидо дар ин асар то ба ҳадде хусусияти халқӣ гирифтааст.

Чунончи:

Дилбари ҳалвогарамро ҳаст теғе дилхарош,

Аз ғами ӯ қоматам хам гашт чун ҳалвотарош.

ё худ:

Дилбари қассоби ман омад, дукони худ кушод,

Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниҳод.