Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил асосан дар ҳамаи навъҳои адабӣ таълиф кардааст. Ӯ дар кадом навъи адабие, ки эҷод карда бошад, ҳатман тозакору навовар эътироф шудааст.
Девони ӯ дар дохили «Куллиёт»-аш ҷойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигоҳи навъҳои адабӣ низ нисбатан ғанӣ буда, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитаот, таркибот ва тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Навъҳои адабии мазкур дар давраҳои гуногун эҷод карда шудаанд.