Аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво низ девони шоир хеле ҷолиб буда, асосан ишқ (ҳам ишқи ирфонӣ-тасаввуфӣ ва ҳам ишқи заминӣ - байни инсонҳо), масъалаҳои фалсафӣ-ҳакимона, ҳаётӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, васфи табиату манзаранигорӣ, тавсифи хисоли ҳамидаи инсонӣ ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат, танқиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату ақл, хоксорию фурӯтанӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Чунон ки қаблан ёдовар шудем, дар девони Бедили Деҳлавӣ пеш аз ҳама, ғазал мавқеъ дорад. Ба қавли худи ӯ, ғазалсаро беҳтарину тавонотарин эҷодкор аст:
Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз
Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.
Албатта, мавзуи марказии ғазал ишқ ва ҷозибаҳои қалбии инсон, ҳиссиёту ҳаяҷонҳои руҳӣ, эҳсосоти ботинию зоҳирӣ, ғалаёнҳои ботинӣ ва ғайра мебошад. Ишқи тасаввуфӣ-ирфонӣ дар ғазалиёти Бедил мақоми махсус дорад. Ин ишқи ҷӯё буда, асли хешро меҷӯяд ва аз ин рӯ, он маънавиётсоз, тафаккурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишқ инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузир ин инсон марҳалаҳои камолотро мепаймояд. Он вораҳидан аз олами нафсонӣ ва пайвастан ба олами руҳонист.
Барои намуна чанд ғазалро аз девони шоир хоҳем санҷид, ки дар онҳо офаридани мазмун, интихоби мавзуъ, коргирӣ аз ҳунари эҷод, истифодаи радифу қофия, хусусиятҳои вазнӣ ва ғайра то кадом поя сомон дода шудааст.
Чунончи, ғазали «Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад»ро аз назар хоҳем гузаронд:
Айш донад дили саргашта парешониро,
Нохудо бод бувад киштии тӯфониро.
Ашк дар ғамкадаи дида надорад қимат,
Аз буни чоҳ барор ин маҳи Канъониро.
Ишқ набвад ба иморатгарии ақл шарик,
Сел аз каф надиҳад санъати вайрониро.
Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки ҳусн
Карда чатри бадан асбоби парешониро.
Бор ёбӣ чу ба хоки дари соҳибназарон,
Чини домони адаб кун хати пешониро.
Резиши ашки надомат зи сияҳкориҳост,
Лозим аст абри сияҳ қатраи найсониро.
Зери гардун натавон ғайри касофат андӯхт,
Нохуну мӯст расо мардуми зиндониро.
Лофи озодагӣ аз аҳли фано нозебост,
Домани чида чӣ лозим тани урёниро?
Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад,
Нисбате нест ба шероза сухандониро.
Нафаси сӯхта бояд ба тапиш равшан кард,
Нест шамъи дигар ин анҷумани фониро.
Натавон ёфт аз он ҷилваи беранг суроғ,
Магар оина кунӣ дидаи қурбониро.
Бозгаште набувад пойи талабро, Бедил,
Сели мо нашнавад афсуни пушаймониро.
Ғазали мазкур муқаффо буда, калимаҳои парешонӣ, тӯфонӣ, канъонӣ, вайронӣ, пешонӣ, найсонӣ, зиндонӣ, урёнӣ, сухандонӣ, фонӣ, қурбонӣ ва пушаймонӣ ҳамқофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди -ро омадаанд. Ҳарфи равӣ дар калимаҳои қофия «н», ҳуруфи решаи қофия дар калимаҳои қофияшаванда «-ониро» буда, «о»ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хурӯҷ ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то ҳарфи равӣ – «н» ва се унсур (васл, хурӯҷ, мазид) баъди равӣ омадаанд. Аз ин рӯ, қофияи мазкур мутлақ номида мешавад.
Ғазал дар баҳри рамали мусаммани махбуни аслам эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:
- v - - / v v - - / v v - - / - -
яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун.
Аз нигоҳи мавзуъ, мазмуну муҳтаво ғазали боло ишқӣ-иҷтимоӣ буда, оҳанги хеле қавии андарзӣ дорад. Дили саргашта – қалби ошиқ, нохудо – маллоҳ, бод аст. Парешонии дил – айши он, бод – маллоҳ ҳодии роҳи мурод мебошад. Ашк – Юсуф, чашм – чоҳ ва гиристан – зоҳиршавии Юсуф буда, ишқ – сел; хатту зулф – ҷузъи ҳусн, ки боиси парешонии ошиқанд, хеле ҳунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт ҳолати ошиқ мавриди тасвир қарор дорад.
Аз байти 5-ум ҷанбаи ирфонӣ қувват мегирад, ки ҳангоми мушарраф гардидан ба суҳбати соҳибназарон – пирон, муршидон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар заррае риоя нашавад, ашки пушаймонӣ рехтан фоида надорад. Тибқи назарияи сӯфиҳо ҷаҳони моддӣ – зиндон, тан ҳам барои ҷон зиндон аст. Аз ин рӯ, дунёдӯстӣ ва танпарварӣ норавост. Ҳадаф аз ҷамъи кутуб фаъолияти амалӣ накардани ориф аст. Ҳадаф аз ҷилваи беранг қурб аст, ки он на ба воситаи дидаи зоҳир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.
Ибораи изофии «пойи талаб» – ҳадафи ниҳоӣ, зеро он бебозгашт буда, пазирандаи афсуни пушаймонӣ нест. Яъне, дар роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ пушаймонӣ ҷой нахоҳад дошт. Ориф ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳад шуд.
Ғазали дигари шоири мутафаккир, ки бо матлаи зерин шуруъ мешавад, хеле ҷолибу ҳунармандона ва марғуб рӯйи кор омадааст:
Маоли27 кор нуқсонҳост ҳар соҳибкамолиро,
Агар моҳат кунанд, аз даст нагзорӣ ҳилолиро.
Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад,
Ба воҳат пеш бояд бурд аз ин саҳро ғизолиро.
Ба нақши неку бад равшандилонро дасти рад набвад,
Кафи оина мечинад гули беинфиъолиро.
Бисоти гуфтугӯ тай кун, ки дар анҷоми кор охир
Ба ҳукми хомушӣ печидан аст ин фарши қолиро.
Ваболи ранҷи пирӣ барнатобад соҳиби ҷавҳар,
Чанор оташ занад ночор далқи куҳнасолиро.
Дар ин водӣ, ки хок аст эътибори ҷаҳлу донишҳо,
Ғуборе бар ҳаво дон қасри фитратҳои олиро.
Ба ваҳдатхонаи дил ғайри дил чизе намегунҷад,
Бар ин оина ҷуз туҳмат мадон нақши мисолиро.
Агар хунсардии дил обёри мазраат бошад,
Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.
Ба чанги ағниё домони фақр осон намеафтад,
Ба чинӣ хок гардад, то шавад қобил сафолиро.
Чӣ имкон аст, Бедил, мунъим аз ғафлат бурун ояд,
Ҳуҷуми хоби харгӯш аст яксар шери қолиро.
27 Маол – ҷойи бозгашт, оқибати кор.
Ғазали мазкур мураддаф нест, муқаффост. Калимаҳои соҳибкамолиро, ҳилолиро, ғизолиро, беинфиъолиро, қолиро, куҳнасолиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро ҳамқофия шудаанд. Решаи қофия «олиро» буда, ҳарфи решагии калимаи қофия ё худ равӣ «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи муфрад ва «и»- васл, «р»хурӯҷ, «о»-мазид буда, пас аз равӣ се унсур ва пеш аз равӣ якто омадааст. Шакли қофия мутлақ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ғазали мазкур қофия ба ҷуз талаботи жанрӣ, инчунин вазифаи хушоҳангӣ, равонӣ ва бештар аз он бори маънибофӣ, мазмунофаринӣ низ мекашад.
Аз нигоҳи истифодаи вазн ин ғазал хеле ҷолибу ҷаззоб аст. Он дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим иншо гардида, дорои афоъили зерин мебошад:
v - - - / v - - - / v - - - / v - - -
яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.
Ғазал аз нигоҳи мазмуну муҳтаво комилан мазмуни иҷтимоӣ дошта, таҷрибаи ҳаёт, ҳикмати зиндагӣ, андарзи рӯзгор бунёди тематикии онро фароҳам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва таҷрибаҳои ҳосилкардаи инсон асоси онро ташкил намуда, аз оғоз то анҷом давом мекунад. Яъне, махлуқ пас аз ҳадди камол дучори нуқсон аст. Пас, ғизолиро низ гоҳе метавон касб кард, ки мақсад сифат аст, яъне, рамандагӣ аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани уқбо баён шудааст.
«Равшандилон» истиора буда, киноя аз орифону сӯфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онҳо монанд ба кирдори оина аст, ки зишту накуро яксон инъикос менамояд. Водӣ ё худ ин водӣ – дунёи моддӣ, хок – камарзишӣ ва фитрати олӣ – шахсиятҳои соҳибмаърифат буда, ҳадафи Бедил бевафоии олам ва ҳақшиносии инсон мебошад. Дил – каъбаи сират ва ваҳдатхона – хона барои як нафар – Худо, яъне хонаи Худост. Аз ин рӯ, ба ҷуз худи дил дар ӯ (дар дидаи зоҳир) чизи дигаре нест.
Мунъим – сармоядор, касе, ки умре ҷуз сарвати моддӣ – танпарварӣ чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабеҳ донистааст: яке хоби харгӯш, дигаре расми шери рӯйи қолӣ ва ҳадаф аз ҳар ду монандӣ ғафлатварзӣ ва бехабарӣ аз гузашти умр ва газидани ангушти ҳайрат мебошад.
Умуман, мазмуни ғазал паймудани мароҳили камолот ва ҳушёриву зиракӣ дар ин ҷода ва беш аз он, эҳтиёт аз тағофул аст, ки боиси пуштидастгазиҳо мегардад.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои назми Бедил ва аз ҷумла, ғазалиёти шоири мутафаккир он аст, ки ӯ шеъри андеша мегӯяд. Аз ин рӯ, дар гузашта пас аз омӯзиши «Каломи шариф», «Чаҳоркитоб», «Девон»-и Ҳофиз, баъд ба омӯхтани эҷодиёти Бедил шуруъ менамуданд.
Умқи андеша, паҳнои фикр, ҷавлони тахайюл, санъати вожасозию суханороӣ, дарёфти ҷузвиёти суварӣ ва назокати тасвир танҳо хосси ҳунари эҷодии Абулмаонӣ аст. Аз ҷумла барои ифодаи мушаххастар ба ғазали зерин рӯ меорем:
Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад,
Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.
То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман
Аз ҳалқаи гесӯят гулҳои назар хандад?!
Дар кишвари муштоқон бе партави дидоре
Хуршед чаро тобад, баҳри чӣ саҳар хандад?
Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,
Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад.
Бо аҳли фано дорад ҳар кас сари якрангӣ,
Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.
Як хандаи ӯ барқи бунёди ду олам шуд,
Дигар чӣ бало резад, гар бори дигар хандад?
Дар ҷӯйи дами теғат ширинии обе ҳаст,
К-аз ҷӯши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.
Сомони тараб саҳл аст з-ин нақш, ки мо дорем,
Субҳ аз ду нафар фурсат бар худ чӣ қадар хандад?
Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,
Бо гиря мудоро кун, чандон ки асар хандад.
Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан
Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад.
Ғазали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимаҳои назар, ҳунар, саҳар, агар, сар, дигар, шакар, қадар, асар, зар ҳамқофия шудаанд. Қофияҳои дар ғазали боло зикршуда муқайяд буда, бо равӣ (ҳамсадои «р») интиҳо ёфтаанд.
Ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраб эҷод гардида, афоъили он чунин аст:
- - v / v - - - / - - v / v - - -
яъне, мафъӯлу, мафоъӣлун, мафъӯлу, мафоъӣлун.
Ҷузъиёти ҳунарӣ ва дарки маънӣ вобаста ба маърифати маъноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти ҳадафи эҷодкор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм – назарафканӣ, нози хор дар чаману тамасхури айб бар ҳунар киноя аз барҳамзании ғаразҳо ва дарки асолати сидқ аст. Рағми нигоҳ, гули назар, ҳалқаи гесӯ… ибораҳои маъмулӣ буда, ошиқ аз назораи ҷамоли маҳбуба бенасиб аст, зеро ҳалқаҳои мӯ чун ҳиҷобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз назора маҳрум мебошад. Ҳадафи аслӣ висол буда, шиква аз фироқу ҳиҷрон басо шоирона рӯйи тасвир омадааст. Фано оғози бақост ва нурафкании шамъ – гузаштан аз сар, бақои ӯст, ки дар вуҷуди маҳбуб бақоро мебинад. Ҳадаф аз теғу ҷӯши ҳаловатҳо ибораи рамзии “теғи нигоҳ” аст, ки ҳаловати гуворо дорад, ки киноя аз захми теғ – қурбони нигоҳ гардидан мебошад. Дар байтҳои баъдӣ низ ҳадафҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст, зеро татбиқи орзуву ниёзҳои инсонӣ, ба қавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мудоро, тамҳид, ҳавас ва ғайра ҷузъиёти онанд, он гоҳ даст медиҳанд, ки ғанои моддӣ бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили ғунча) надошта бошад, намешукуфад. Яъне, аз хандидан маҳрум аст. Албатта, муроди шоир ҷаҳони моддист, зеро ин гулшан ҳамин маъниро дорад.
Дигар аз нозукиҳои санъати ғазалсароии ин мутафаккир он аст, ки ҷузъиёти лирикии тасвир комилан ҳиссӣ, воқеӣ, мушаххас, дастрас, табиӣ, ҳаётиянд. Ӯ аз чунин ашёву ҷузъиёти табиат тасвирсозию маъниофаринӣ мекунад, ки он танҳо хоси ҳунари эҷодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир ҷой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи ҳавас – орзу кардан, ин гулшан – дунёи моддӣ, паҳлу – ба маънии неру, мусоидат – дастгирӣ ва зар – гарди дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоидат мекунад. Яъне, шоир беҳбуди сатҳи зиндагиро марбут ба дороӣ ё ғанои моддӣ медонад, ки дуруст аст.
Мақсади адиб дар ин ҷо он аст, ки дар олами моддӣ бе ғанои моддӣ, бе дороӣ зиндагӣ кардан муҳол аст. Ҳамчунон ки, агар гул ҳам аз зардии дохили худ маҳрум бошад, ёрои шукуфтан намекунад.
Дарёфти мақсад, дарки маънӣ, фаро гирифтани ҳадафи асосии шоир дар назми Бедил ва бахусус, дар ғазалиёти ӯ зуд ва ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ асосан сарбаста сухан мегӯяд. Маънии шеър, моҳияти мақсади адиб печида аст ва аз ин рӯ, онро тавассути заҳматҳои шабонарӯзӣ метавон сарфаҳм рафт.
Барои мисол ба ғазали дигари Бедил рӯ оварда мебинем, ки он аз нигоҳи ҳунар, маҳорату малака, завқу истеъдоди шоирӣ дар кадом поя қарор дорад. Инчунин, ғазали мазкур ба кадом мақсад эҷод шудааст ва дарки мазмуну муҳтаво ва маънии он чӣ гуна даст медиҳад.
Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,
Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.
Бастаам маҳмил ба дӯши яъсу аз худ меравам,
Боли парвозе надорад субҳ ҷуз чоки дигар.
Хидмати мӯйи миёнат то киро бошад насиб,
Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар.
Ваҳшати ҳасрат ба ин камфурсатӣ махмури кист?
Сурати хамёза дорад чини домони саҳар.
Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем,
Нест мижгон қобили шероза бе забти назар.
Ин таносонӣ далели ваҳшати саршор нест,
Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад камар.
Гар фалак беэътиборат кард, ҷойи шиква нест,
Бар ҳаловат бастаӣ дил чун гиреҳ дар найшакар.
Сайри рангу бӯ ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош,
Шӯхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар.
Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди касби эътибор,
Марҳам, ай ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар.
Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист,
То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар.
Ғазали мазкур дорои матлаъ ва мақтаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Ғазал радиф надорад ва қофияҳои он аз калимаҳои зер: назар, якдигар, ҷигар, камар, саҳар, найшакар, пар, сар, сафар фароҳам омадаанд. Решаи қофия «ар» буда, «р» ҳарфи равӣ мебошад. Аз сабаби он ки қофия бо равӣ тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шакли қофияро қофияи муқайяд мегӯянд.
Ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:
- v - - / - v - - / - v - - / - v -
яъне, фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.
Дар байти аввал шоир мегӯяд, ки ба ҷуз ту ман аз ҳама рӯй гардонидам ва ду олам барои ман ҳеҷ аст. Маҳмил бастан – ихтиёри сафар кардан, дӯши яъс – ҷониби навмедӣ, аз худ рафтан – нест гардидан ва ғайра, ки омадан ба ин ҷаҳон омодагӣ ба ҷаҳони дигар (боқӣ) аст. Ин мисли субҳ аст, ки баробари фарорасӣ нест мешавад ва муҳлати ҳастияш низ хеле кӯтоҳ аст. Мӯйи миён – нозукӣ, хидмат – омодагӣ ба кор, зуннор бастани камар – ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне, ба умеди шарафёбӣ ба хидмати маҳбуба ҳама омодаи хидмат ҳастанд. Ваҳшат – рамандагӣ, ваҳшати ҳасрат – лаҳзаи ҳавасҳо, махмур – хуморолуда, хамёза – даҳанвоҷак – кӯтоҳии фурсат. Чини домон – ҳаракати босуръат ва ғайра. Маънии ин ифодаҳо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки ҳатто кирои орзуҳову ҳавасҳо намекунад. Ё ин ки: оламе – ҷаҳоне, дунё, ки киноя аз инсонҳост. Тағофул – ғафлат, бехабарӣ; рабти улфат – низоми хушҳолӣ, шероза – васлкунандаи авроқ ё чизи дигар, забти назар – сарфи назар ё боз доштани нигоҳ. Мақсад он аст, ки бехабарии мо боиси хушҳолии дигарон шудааст. Ҳолати қаҳрамони лирикӣ ҳолати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пӯшида аст, аз фоида холӣ нест. Дар ҳолати боз будан мушоҳида мекунад, мебинад. Дар ҳолати пӯшидани чашм мижгонҳо ба ҳам меоянду осуда мешаванд.
Ва ё вожаҳои таносонӣ – танпарварӣ, осудагӣ; далел – аломат, нишонӣ… ваҳшат – одамгурезӣ; саршор – фаровон, бисёр; афсуда гаштан – корношоямӣ, фарсудашавӣ, яъне, киноя аз қувватгирӣ ва омодашавӣ буда, камар бастан сифати ҳамон тайёрӣ мебошад. Яъне, манзури адиб соликони роҳи ҳақ аст, ки онҳо ҳар қадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба ҳамон андоза омодаву дастандаркоранд, зеро таносоӣ инсонро ба дунёву неъматҳои он пойбанд месозад.
Лафзи ҳаловат – гувороӣ, ширинӣ киноя аз нозу неъматҳои дунёӣ; гиреҳ – пардаҳои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани ҳосил онҳо нолозим мешаванд.
Мақсади шоир он аст, ки аз беэътиборӣ шиква кардан хуб нест, зеро худи шахс гунаҳкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастагӣ дорад. Яъне, шахси ҳарис – каси беэътибор, хору залил мегардад.
Ифодаи сайри рангу бӯ – майл ба сӯйи бӯю ранг, яъне дунё; гул – манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накҳат ҳамоно гул аст. Шӯхии парвоз – азми парвоз, бавуқуъоӣ, ҳадафи адиб он аст, ки инсон олами муъҷизаосоро набояд зоҳирбинӣ кунад, мисли он ки ҷавҳари накҳат – гул, ҷавҳари олам – Холиқи он аст. Яъне, парвозро ҳамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.
Ё ин ки калимаҳои ҳавасфарсуд – дар ҳасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор – бообрӯ шудан; марҳам – дору; яъне то кай баҳри эътибор саъй мекунӣ? Агар обрӯю эътибор барои инсон марҳам бошад, талош баҳри он ранҷ аст.
Ниҳоят, калимаи «манзил» – роҳи ҳадафноки мусофир; роҳи аҷз – роҳи тариқат; ҳадди сафар – масофаи тайкардаи солик аст. Мақсади шоир он аст, ки нозукии роҳи соликро мисли роҳи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Ҳамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода, нобуд мешавад.
Дигар аз хусусиятҳои ғазалиёти ин шоири бузург он аст, ки аз нигоҳи шакл комилан суннатист, яъне вазн, радифу қофия, теъдоди абёт, риояи матлаъ ва мақтаъ, истифодаи тахаллус ва ғайра. Албатта, дар ҷузъиёти масъалаҳои шаклӣ, хусусан ҷиҳатҳои забонӣ, тозакориҳо дорад, вале асосан ҳунари ӯ дар эҷоди маъниҳо, ҳадафнокии тасвирҳост. Маҳз ҳамин сабаб буд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил унвони ифтихории «Абулмаонӣ»- ро сазовор гардид.
Аз ин рӯ, мавзуи ғазалиёти ӯ хеле ғанӣ, серсоҳаву серпаҳлу, мухталифу гуногун аст. Ӯ, махсусан, вассофи ишқи ирфонӣ, тарғибгари фалсафаи ирфону тасаввуф, ҳимоятгари адолату адолатхоҳӣ, тавсифгари илми ҳикмат, ҳақиқату покӣ, ҳақҷӯию ҳақгӯйӣ ва ғайра мебошад.
Дар ғазалҳои ӯ, мисли кулли осораш, хислатҳои ҳамидаи одамӣ: эҳтироми инсон, бузургдошти илму ирфон, некукорӣ, ростгӯйиву ростқавлӣ, илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, дурандешӣ, сидқу садоқат, қаноатпешагӣ, сабурӣ, хотирҷамъӣ ва ғайра бо одитарин ҷузъиёт рӯйи тасвир омадаанд. Баръакс, хислатҳои разилаи одамӣ: беадолатӣ, кибр, ҳасад, бухл, дурӯғгӯйӣ, ҳавобаландӣ, инсонбадбинӣ, мардумфиребӣ, ҷоҳиливу нодонӣ, мунофиқӣ, рибохорӣ, палидӣ ва ғайраро сахт маҳкум менамояд, ки ҷанбаҳои фалсафӣ-иҷтимоии мавзуи ашъорашро ташкил намудаанд. Ӯ ба мавзуъҳои суннатии ғазал рӯ оварда бошад ҳам, дар ҷузъиёт тозакорӣ дорад. Вале тозакориҳои ҷиддиро Бедил дар маънӣ, муҳтаво ва моҳияти масъалаҳо ворид сохтааст.
Дар маркази тематикии ашъори Бедил, бахусус, ғазалҳои ӯ симои инсон меистад. Шоир тарҷеҳи инсонро нисбат ба дигар махлуқот қоил шуда, бартарии инсонро дар хиради ӯ, дар фаъолияти вай мебинад, шоир тавассути эҷоди бадеъ мехоҳад оламеро (инсонҳоро) аз ғафлат барорад. Аз ин рӯ, ғазали Бедил ғазали андеша аст. Бунёди ғазалиёти Бедил бар андеша асос ёфтааст. Ӯ ҳатто оид ба мақому мартаба, ҷоҳу ҷалоли инсон қасидаи ҷудогона дорад, ки метавон чанд байте аз онро зикр намуд:
Ай шамъи базми қудс28, надонам, чӣ мазҳарӣ29,
К-аз ваҳм30 гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ31.
Гоҳ аз самуми32 қаҳр чу гулхан пуроташӣ,
Гоҳ аз насими лутф чу гулшан муаттарӣ.
Дар чор рукни33 даҳр туӣ ҳайрати зуҳур,
Дар ҳафт баҳри чарх34 ту ноёб гавҳарӣ.
Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб
Иқболи ҳафт маҳфилу35 нуҳ қасри ахзарӣ.
Аз ҳар шайе36, ки ақли ту фаҳмид, афзалӣ,
Аз ҳар макон, ки фаҳми ту пай бурд, бартарӣ.
Ҳар ҷо нигоҳ меравад, он ҷо ту рафтаӣ,
Ҳар сӯ хаёл меравад, он ҷо ту мепарӣ.
Маҳкуми нафс, ин ҳама дунҳимматӣ чаро,
К-андар бисоти қудс ту садрию сарварӣ.
Олам ҳама мусаххари амри замири37 туст,
Ай бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?!
Бузургдошти инсон нисбат ба кулли мавҷудоти рӯйи замин яке аз масъалаҳои марказии эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи эҷодиёти ӯ низ дар гузориши масъалаи мазкур ва роҳи ҳалли он зоҳир мешавад. Азбаски доираи фаъолияти инсон серсоҳа, худи инсон мураккабтарин мавҷудот аст, дарки моҳияти эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ низ ҳамин гуна мураккаб аст. Албатта, Бедил ғазалҳое низ дорад, ки дар онҳо зебоиҳои олами мавҷуда, тасвири манзараҳо, хусусан ҷузъиёти фасли баҳор, ҷирмҳои самовӣ ва ғайра мавриди тасвир қарор дода шудаанд.
28 Қудс – покӣ
29 Мазҳар – зоҳиршавӣ
30 Ваҳм – хаёл
31 Мукаддар – тира
32 Самум – шамоли сӯзон
33 Рукн - поя
34 Чарх - осмон
35 Маҳфил - замин
36 Шай – чиз
37 Замир – ботин, дил