Достони «Комде ва Мадан»-и Бедили Деҳлавӣ

Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони асримиёнагист, ки қаҳрамонҳои марказии он – ошиқ ва маъшуқа намояндаи аҳли ҳунар, санъатанд. Ин достон мустақил ё ҷудогона набуда, дар дохили маснавии «Ирфон» ҷой дода шудааст. Аз сабаби он ки соли таълифи «Ирфон» 1712 эътироф шудааст, санаи эҷоди «Комде ва Мадан» низ бояд ҳамон сол бошад. Достон аз 900 байт иборат буда, 10 бобро фаро мегирад ва дар шакли маснавӣ буда, дар баҳри хафифи махбуни аслам (баъзан аслами мусаббағ, махбуни маҳзуф, махбуни мақсур) таълиф шудааст.

Афоъили он чунин аст:

- v - - / v - v - / - -

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун ё фаъилун, фаъилон, фаълон.

Мазмуни достони «Комде ва Мадан» чунин аст: яке аз шоҳони номдори қаламрави Ҳиндустон дар ҳарамсарои хеш бо номи Комде раққосаи ҳунарманду хубрӯе доштааст. Комдеи соҳибҷамол бо ҳунари волои худ, ки дар базмҳои шоҳона барпо мешуд, ҳамаро мафтуну шайдо ва шефтаву ҳайратӣ менамудааст.

Чунончи:

Базми шаҳ бе рухаш ҳузур надошт,

Бо ҳазорон чароғ нур надошт.

Овозаи ҷамоли зебо ва санъати волои Комде оламгир мешавад. Дар мулки Шимоли Ҳиндустон санъатвари дигаре – Мадан – ном зиндагию фаъолият менамуд, ки хунёгари бемонанд ва сарояндаи хушсавте буд. Мадан овозаи Комдеро шунида, бо илоҷе худро ба қаламрави Комде мерасонад. Ӯ дар як базми шоҳ иштирок намуда, ҳунарнамоӣ мекунад ва ба ҳозирин ниҳоят писанд меафтад. Ҳунарнамоии Мадан шоҳро ба ҳадде мутаассир месозад, ки шоҳ шаддаи марвориди гаронарзишеро ба вай ҳадя мекунад. Санъати Мадан Комдеро низ тасхир карда буд ва Мадан шаддаи ҳадяшударо ба Комде мебахшад.

Бедил лаҳзаи мазкурро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

К-он чи ман дорам аз сарафрозӣ,

Беҳ, ки халхоли38 пойи худ созӣ.

Рафтори Мадан боиси ғазаби шоҳ мешавад.Шоҳ амр мекунад, ки Мадан аз шаҳр бадарға карда шавад ва агар касе ба ӯ тараҳҳум раво дорад, ба қатл расонида мешавад. Комде дар ҷазои Мадан худро сабабгор медонад ва аз ин рӯ, мехоҳад Маданро бубинад:

38 Халхол – ҳалқаи тилло ё нуқра, ки занон барои зинат ба пой мебанданд.

Комде ҳар тараф «Мадан»-гӯён,

Буд чун ашк аз қафо пӯён.

Кӯчаҳо дод чок бар ҷигараш,

То расонид хешро ба сараш.

Комде ба сифати ришва зару зевари зиёдеро сарф намуда, Маданро ба муҳлати як шаб халос менамояд ва ошиқро ба хонаи худ меорад. Онҳо бо ҳам аз гардиши айёму аз ноҷӯриҳои рӯзгор шикваҳо мекунанд. Рӯзи дигар золимон онҳоро ҷудо намуда, Маданро ба биёбон бурда, дар он макон танҳо мегузоранд.

Дар ҳамон суҳбати якшаба Мадан ба Комде гуфта буд, ки дар кадом як гӯшаи мулки Шимол дарахти муқаддасест, ки инсонро ба мурод мерасонад. Яъне, агар касе он дарахтро пайдо намуда, каме дар сояи он нишинад, ба мурод хоҳад расид. Ба ҳамин мақсад Мадан он дарахтро ҷӯён мешавад ва аз ҷумла мегӯяд:

Меравам, то ба он дарахт расам,

Шояд аз сояаш ба бахт расам.

Лаҳзаи хайрухуш Мадан ба Комде гуле тақдим намуда, таъкид мекунад, ки агар гулро хазон бинӣ, бидон, ки ҳаёти ман дар хатар аст ва умрам ба поён расидааст. Агар гул пажмурда нашавад, маро чизе таҳдид намекунад.

Мадан он дарахтро пайдо карда, дар сояи он муддате хоб меравад ва ҳар замон аз Комде ёд мекунад. Аз забони Мадан номи Комдеро ҳатто парандагони биёбон низ ҳифз карда, онҳо «Комде»-наво мешаванд.

Чунончи:

Ваҳшу тайри саводи он саҳро

Баст минқору лаб зи савту наво.

Баски бо созаш ошно гаштанд,

Якқалам «Комде»-наво гаштанд.

Боре шоҳи мулки Шимол ҳангоми шикор гузораш ба ҷавони парешонҳоле меафтад, ки дар биёбон басо афсурдаву саргашта афтодааст. Шоҳ ҷавонро ҳолпурсӣ мекунад ва пас аз огоҳӣ ёфтан аз ҳоли хеле парешони Мадан ба ӯ хоҳиши ёрӣ расондан пайдо мекунад, зеро Мадан саргузашти пурмоҷарои худро ба шоҳ мерасонад. Шоҳ аз шунидани ин хеле мутаассир гардида, мехоҳад ба ошиқон ёрӣ расонад. Шоҳи мулки Шимол ба шоҳи золим нома навишта, хоҳиш менамояд, ки барои ба мақсад расидани ошиқон мусоидат бикунад. Инчунин, боисрор таъкид ҳам мекунад, ки агар ба кори ошиқон монеъ шавад, бо ӯ ҷанг хоҳад кард. Вале подшоҳи золим хоҳиши шоҳи одилро рад мекунад. Ниҳоят, ҷанг сар мезанад ва дар ин ҷанг шоҳи одил пирӯз мешавад:

Хоки он бевафо ба хун тар шуд,

Подшоҳи Мадан музаффар шуд.

Мадан аз ғалабаи шоҳи одил шод гардида, наздик омадани висолро ҳис мекунад. Комде аз ҳолати гул қиёс мекунад, ки Мадан хушҳол бояд бошад. Аз ҳолати ошиқон шоҳи одил низ хурсанд гардида, мехоҳад иродаи Маданро бисанҷад. Ӯ тавассути суханчине ба Комде мерасонад, ки Мадан дар яке аз лаҳзаҳои ҷанг ҳалок шуд. Комде баробари шунидани ин хабар аз ҳуш меравад ва шоҳ низ аз кори худ пушаймон мешавад, зеро ҳамон шахс хабари ҳоли Комдеро ба шоҳи одил мерасонад.

Ҳангоми ба шоҳ арз намудани саргузашти Комде ва Мадане, ки дар ҳузури шоҳ буд, хабар ёфта, ӯ низ аз ҳуш меравад. Шоҳи одил аз ҳазли беҷои худ пушаймон мегардад. Ӯ амр мекунад, ки ҷасади ошиқонро ба гармоба гузоранд, зеро шоҳ бо табибон машварат намуда буд. Онҳоро ба гармоба мебаранд ва баъди бахудойӣ онҳо ҳамдигарро дар канори якдигар пайдо намуда, хурсандӣ мекунанд ва ба ҳамин тариқ, ба мурод мерасанд.

Достон бо ҳамин хотима меёбад. Албатта, дар адабиёти тоҷик достонҳои ишқӣ-лирикӣ хеле зиёданд: «Варқаву Гулшоҳ», «Вису Ромин», «Хусраву Ширин»-ҳо, «Лайлию Маҷнун»-ҳо, «Юсуфу ва Зулайхо», «Фарҳоду Ширин» ва ғайра. Вале дар асари Бедил тозакориҳо фаровон аст. Муҳим он аст, ки оптимизми бисёр қавӣ дорад, зеро қаҳрамонҳои асосии он ба мақсад мерасанд.

Аз тарафи дигар, қаҳрамонҳои марказии достон намояндагони аҳли ҳунар мебошанд, ки ба ҷуз ҳунари хеш ва хидмат ба мардум, ба сиёсат ва низоъҳои дигар сару кор надоранд.

Дар ин асари Бедил шоҳи одил низ рафтори дигар дорад. Ӯ бисёр қатъӣ, ҷиддӣ ва дӯстдори ҳақиқату адолат аст. Агар ҷое беадолатиеро бубинад, онро то ба охир месанҷад ва адолатро барқарору ҳақиқатро пойдор месозад.

Бедил исбот мекунад, ки зулм ва золимӣ бебақо ва сустпоя аст.