Ҳавза ва марказҳои адабӣ

Дар асри XVIII ва оғози асри XIX дар таърихи халқҳои Осиёи Ми ёна, сарфи назар аз нобасомониҳои давр, ҷунбиши тозаи адабӣ зуҳур кард. Дар ин давра ҳаёти адабӣ, асосан, дар се маркази сиёсӣ-маъ мурӣ ва фарҳангӣ-адабӣ: Бухоро, Хӯқанд ва Хева (Хоразм) ривоҷ ёфт. Инчунин, ҳамин ҷунбиши адабӣ на танҳо шаҳрҳои зикршуда, балки тамоми қаламрави Осиёи Миёна, яъне шаҳрҳои музофотиро ҳам фаро гирифт. Аз ҷумла доираҳои адабӣ дар Самарқанд, Каттақӯрғон, Ми ёнкол, Шаҳрисабз, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дар воз, Бадахшон ва дигар шаҳрҳо фаъол гаштанд.

Яке аз доираҳои адабии бонуфузи ин давра маркази хонигарии Хева – шаҳри Урганҷ, мебошад. Тафовути ин доираи адабӣ нисбат ба доираҳои дигар он аст, ки адабиёти бадеӣ дар ин марказ ғолибан ба забони ӯзбекӣ инкишоф меёфт ва осори адабии ба забони тоҷикӣ эҷодшуда нисбатан камтар ба назар мерасад. Дигар хусусияти ин ҳав заи адабӣ ин аст, ки бисёр осори бадеӣ ва таърихӣ аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда шуданд, аз ҷумла:

«Тӯтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон», «Юсуфу Зулайхо», «Са ломон ва Абсол»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зай нуддини Восифӣ, «Шоҳу Дарвеш»-и Ҳилолӣ ва ғайра. Аз осори таъ рихӣ «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондмир, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд ва аз насри халқӣ «Чор дарвеш» ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуданд. Дар ин кор саҳми сарвари ин мактаби адабӣ – Мӯниси Хоразмӣ басо бузург мебошад.

Аз тарафи дигар, ба ин восита ин марди шариф дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро тақвият бахшида, иртиботи фарҳангӣ-адабии халқҳои Осиёи Миёнаро мустаҳкамтар намудааст.

Дигар доираи адабии шуҳратманд дар он рӯзгор доираи адабии Хӯқанд ба шумор меравад, ки он дар аҳди Олимхони Хӯқандӣ (1799-1809) ташаккул ёфта, дар рӯзгори амир Умархон (1809-1822) эътибо ри хосса пайдо кардааст.

Ба ин доираи адабӣ аз дигар гӯшаву канорҳо қувваҳои адабӣ ҷамъ омада буданд. Ин, албатта, аз нуфузи он шаҳодат медиҳад. Абдулкарим Фазлии Намангонӣ дар тазкираи худ «Маҷмуат-уш-шуаро» таъкид мекунад, ки 75 эҷодкор аз дигар ҷойҳо ба ин ҳавзаи адабӣ омадаанд, зеро худи амир Умархон шоир буда, шеъру адабро қадршиносӣ мекардааст. Ҳатто аз Бухоро адибоне чун Умеди Самарқандӣ, Камоли Бухороӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Шавқӣ, Ваҳшӣ, Муштоқи Шаҳрисабзӣ, Маҳзуни Самарқандӣ ва дигарон ба ин доираи адабӣ омада буданд. Инчунин, баъзе адибоне ҳам буданд, ки онҳоро маддоҳони амир Умархон гуфтан мумкин аст. Онҳо Вазир, Адо, Нола, Маъюс, Афсӯс, Дабир, Нусрат, Ҳотиф, Хиҷлат, Фазлӣ ва дигарон буданд. Дар ин доира як гурӯҳи дигари адибон – эҷодкорони нисбатан ҳақгӯю адолатҷӯе низ буданд, ки баъзе нуқсону камбудиҳоро рӯйрост мегуфтанд. Ба ин тоифа адибон Гулханӣ, Махмур, Шӯхӣ, Нодир (Узлат), Нозил ва дигарон дохил мешаванд.

Дигар хусусияти хеле муҳимми доираи адабии Хӯқанд ин аст, ки адибони ҳавзаи адабии мазкур шоирони зуллисонайн (дузабона) буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод мекарданд.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби доираи адабии Хӯқанд боз аз он иборат аст, ки ин ҷо ҳаҷв нисбатан қувват пайдо карда буд. Аз адибони ҳаҷвгӯйи ин доираи адабӣ метавон чандеро номбар кард. Аз ҷумла Маҳмуди Махмур, Нозили Хуҷандӣ, Гулханӣ ва монанди инҳо, ки дар ҳунари ҳаҷвгӯйӣ панҷаи нисбатан қавӣ доштанд.

Чунончи, дар ҳаҷвиёти Авазмуҳаммад Нозили Хуҷандӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекард, камбуду норасоиҳои замону муҳит ошкоро баён карда шудаанд. Аз ҷумла, баъзе аз ҳаҷвияҳои адибро метавон зикр намуд: «Дар ҳаҷви Иброҳими қилтамоқ», «Дар ҳаҷви Ҳакими нонвой», «Ҳаҷв дар ҳаққи нархари ноҷинс» ва ғайра, ки дар онҳо зоҳиру ботини ҳаҷвшавандаҳо, марому ҳадафи онҳо фош карда шудааст.

Хусусияти дигари доираи адабии Хӯқанд аз он иборат аст, ки дар он бештар татаббуъ ё ҷавобиягӯйӣ ривоҷ гирифта будааст. Аксари шоирони ин ҳавза ба ашъори амир Умар ҷавобияҳо гуфтаанд.

Дигар доираи бонуфузи адабии ин давра доираи адабии Бухоро ба шумор меравад. Ин доираи адабӣ аз солҳои 30-юми асри XVIII сар карда, нисбатан ба инқирози адабӣ дучор гардид. Албатта, ин вобаста ба авзои сиёсӣ-таърихии Бухоро ва кашмакашҳои дохилии он буд. Танҳо аз солҳои 70-уми ҳамин аср вазъият нисбатан рӯ ба беҳбуд мениҳад. Ин беҳбуд дақиқан аз давраи ба сари қудрат омадани амир Шоҳмурод оғоз шуд. Дар ин доираи адабӣ адибон аз ҳар шаҳру вилоят гирд омада буданд. Аз зумраи он эҷодкорон Мирзосодиқи Муншӣ, Муҳаммадшарифи Ориф, Абдурраҳмонхоҷаи Носеҳ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Парии Ҳисорӣ, Раҳими Ғармӣ ва дигарон (беш аз 70 нафар) буданд, ки боиси равнақи адабиёт дар ҳавзаи адабии мазкур шуданд.

Равнақи адабиёт дар ҳавзаи Бухоро нисбат ба доираҳои дигари адабӣ сусттар буд, зеро ҳукуматдорони Бухоро ба шеъру адаб чандон рағбат надоштанд. Аз ин рӯ, доираи адабии Бухоро пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки адабиёт ғолибан дар шаҳрҳо ва навоҳии тобеи Бухоро нисбатан пеш рафтааст. Адибони қаламрави Бухоро бештар дар шаҳрҳои Ҳисор, Самарқанд, Насаф, Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Каттақӯрғон ва Дарвозу Бадахшон гирд омада, маҳфилҳои адабиро ободу бонуфуз мекарданд. Бахусус, дар замони ҳукумати Абдулкаримбӣ ва Яъқуб маҳфили адабии Ҳисор нисбатан фаъолтар будааст. Аз шоирони ин доираи адабӣ Тошхоҷаи Асирӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Муллораҷаби Парӣ ва дигарон бо Бухоро иртиботи қавӣ доштаанд.

Навъҳои асосии адабӣ. Дар ҳар се доираи адабӣ асосан жанрҳои маъмули адабӣ рушд кардаанд. Махсусан, ғазал, мусаммат, рубоӣ, қитъа ва маснавӣ нисбатан серистифода будаанд. Яке аз жанрҳои нисбатан маъмули давр ғазал ба ҳисоб мерафт. Ғазали ин давра суннатӣ бошад ҳам, дар мавзуи он андаке оҳангҳои иҷтимоӣ: сӯзу гудоз, оҳу нола, фироқу ҳиҷрон баландтар садо додаанд.

Дар ғазалҳо ҳасби ҳоли шоирон бештар ба назар мерасад. Заминӣ намудани сабки ғазал ва даст кашидан аз услуби печидабаёнӣ низ мушоҳида мешавад. Машҳуртарин ғазалсароёни ин давра Мирзосодиқ, Ҳозиқ, Ҳасрат, Нозили Хуҷандӣ, Музтар, Мирзо Атои Бухороӣ ва дигарон мебошанд.

Мухаммас ҳамчун як навъи мусаммат дар ин аҳд то ба дараҷае рушд кардааст. Дар ин аср мусаммати мухаммас ва ҳар ду навъи он: озод ва тазмин дида мешавад. Бо вуҷуди он, мусаммати мухаммаси тазмин бештар эҷод шудааст. Шоирон ба ашъори Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрав, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Бедил ва адибони зуллисонайн ба ғазалҳои Навоию Фузулӣ бештар мусаммати мухаммас бастаанд. Махсусан, ба ғазалиёти Ҳофизу Бедил мусаммати мухаммас бештар мушоҳида мешавад.

Рубоӣ низ яке аз жанрҳои нисбатан маъмули ин давра ба шумор меравад. Шоироне, ки барои идома додани суннати рубоисароӣ саъй кардаанд, Мирзосодиқ, Носеҳи Хатлонӣ, Шавқӣ, Нозил, Фано ва дигарон мебошанд. Муҳимтарин хусусияти рубоиёти ин рӯзгор дар он зоҳир мешавад, ки дар онҳо, хусусан дар мисраи чаҳорум зарбулмасалу мақолҳои халқӣ бештар истифода шудаанд. Умуман, рубоиҳои ирсолимасалдор бештар дучор мегарданд. Албатта, ин падидаро тамоюли халқияти адабиёт гуфтан мумкин аст.

Қитъа ҳам мисли навъҳои дигари адабӣ дар ин давра нисбатан рушд кардааст. Муқаттаоти адабиёти садаи мазкур аз нигоҳи ҳаҷм низ маъмулӣ буда, ғолибан аз ду то 15-17 байтро ташкил додаанд. Аз нигоҳи мазмуну муҳтаво низ қитъаҳои ин аҳд андарзӣ, пандуахлоқӣ, шикваву эътироз нисбат ба режими ҳукмрон, танқиду мазаммати амирон, золимон ва ғайра буданд. Қитъаҳои мадҳӣ, васфӣ, таърихӣ низ хеле зиёд мебошанд. Намунаи комили чунин қитъаҳоро мо дар эҷодиёти Мирзосодиқ, Ҷумъақулии Хумулӣ дучор меоем.

Оид ба бунёди масҷидҳо, таваллуду вафоти шахсиятҳои гуногун ва ғайра низ қитъаҳои зиёде эҷод шудаанд, ки аз ободии давру замон ва эътибори шахсиятҳо гувоҳӣ медиҳанд. Умуман, шоирон Содиқ, Носеҳ, Ҳофиз, Шавқӣ, Нозил дар таҳаввули ин жанр саҳми сазовор доранд.

Қасида аз маъмултарину машҳуртарин навъҳои адабии ин давра буда, баъзан заминаҳои рушду таҳаввул ва ё пасравию аз инкишоф бозмондани адабиётро таъмин намудааст. Дар охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX қасида басо паст рафтааст. Таназзули қасида дар ин давра дар муҳити адабии Бухоро хеле назаррас аст. Ҳатто баъзе шоирон, мисли Қонеии Насафӣ, Мирзо Атои Бухороӣ, Маҳзуни Самарқандӣ, Ҳаҷрии Дарвозӣ ва Фориғи Ҳисорӣ қасида нагуфтаанд. Дар девони шоирони тавонои ин давра низ қасида хеле кам дида мешавад.

Масалан, дар девони Мирзосодиқи Муншӣ танҳо ду қасида, дар таълифоти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ се қасида, дар девони Гулмуҳаммади Афғон се қасида мавҷуд аст. Таназзули жанри қасида гувоҳи он аст, ки амирони манғит ба равнақи шеъру адаб чандон эътибор намедоданд ва аз ин рӯ, аҳли адаб низ онҳоро ба сифати мамдуҳ намепазируфтанд. Ин падида гувоҳи он аст, ки адибон аз баёни воқеият дур нашудаанд. Дар қаламрави Мовароуннаҳр нисбатан амир Умархон ба шеъру адаб таваҷҷуҳи бештар дошта бошад ҳам, вале қасидаҳое, ки дар ин доираи адабӣ эҷод шудаанд, тақлидӣ буда, дар онҳо тозакорӣ ва ё ҷолибияте дар муқоиса бо пешиниён ба назар намерасад.

Чунончи, Ҳозиқ дар як қасидаи хеш хаёли ба хориҷи кишвар сафар кардани худро баён намуда, мартабаи эҷодии хешро таъйин кардааст:

Уторид аз сари шафқат, ки Хизри роҳи ман аст,

Намуда хобу хаёли маро чунин таъбир,

Ки ай ситамкаши айём, ин қадар ғам чист,

Зи рӯзгор чӣ биншастаӣ чунин дилгир?

Туро ба илму ҳунар кист дар замона адил,

Туро ба донишу фан дар ҷаҳон куҷост назир?

Кашида килки ту хатте ба нусхаи Буқрот,

Шикаста гавҳари назми ту қадри шеъри Заҳир.

Ба гӯшае бинишин, сайр ҳам макун ҳаргиз,

Ба ҳоли хеш мадеҳ роҳ ин ҳама таъмир.

Ту гар нишастаӣ, шеъри ту гашта ҳафт иқлим,

Расида гавҳари назмат ба гӯши шоҳу вазир.

Дар ин аҳд қасоиди ҳаҷвӣ то андозае рушд кардааст, ки баъзе ҷузъиёти рӯзгор, нуқсону норасоиҳои даврро инъикос менамояд. Чунончи, қасидаи Ҳозиқ, ки «Дар ҳаҷви шоир Ҷалолӣ» ном дорад, намунаи даъвии болост.

Тавонотарин шоирони ин рӯзгор низ ба шоирони машҳури гузашта, аз ҷумла ба Хусраву Ҷомию Навоӣ тазмин - ҷавобия гуфтаанд. Чунончи, Ҷомӣ гуфтааст:

Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст,

Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст.

Аз Навоӣ:

Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,

Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Ҳозиқ дар ҷавоби онҳо гуфтааст:

Подшоҳонро куҷо бар афсаре зарринтар аст,

З-оташи савдои ҳирс он чоҳи дуде бар сар аст.

Маснавӣ яке аз жанрҳои маъмул дар ҳама давру замонҳо буда, навъҳои ҷудогонаи он бисёр заминаҳои инкишофу пасравии адабиётро таъмин намудааст. Аз тарафи дигар, адибон на танҳо дар таълифи анвои лирикӣ саҳм гузоштаанд, балки дар эҷоди осори эпикӣ низ ҳиссагузоранд. Ин аст, ки дар ин давра як силсила осори достонӣ низ таълиф шудааст. Масалан, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ достони «Юсуфу Зулайхо», Мирзосодиқ – «Дахмаи шоҳон», Салоҳи Бухороӣ – «Юсуфу Зулайхо», Масеҳои Бойсунӣ – «Раънову Зебо», Муҳаммаднабии Аҳқар – «Лайлию Маҷнун», Носеҳи Хатлонӣ – «Маҷлисафрӯз»-у «Ҳайратангез» ва «Ҳадиқат-ур-расул» ва ғайраро рӯйи кор овардаанд. Ин осор, аз як тараф, анъанаро нигоҳ дошта бошад ва аз тарафи дигар, ҳолати воқеии замони адибонро низ то андозае инъикос намудааст. Ин ҳолат, махсусан дар манзумаҳои «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод» ва «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш»- и Мирзосодиқ нисбатан ҷолиб ба тасвир омадааст.

Ривоҷи таърихнависӣ. Яке аз дастовардҳои илму фарҳанг дар ин асрҳо идома бахшидан ба суннати таърихнависӣ мебошад. Асарҳои таърихӣ дар ин давра низ эҷод шудаанд ва таълифи ин навъи осор, пеш аз ҳама, тақозои замон мебошад. Осори таърихии садаи мазкур, асосан, бо наср навишта шудаанд. Ба тариқи намуна метавон чанде аз он асарҳои мансури таърихиро зикр намуд: «Туҳфаи хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ, «Тоҷ-ут-таворих»-и Муҳаммадшарифи Нақӣ, «Гулшан-ул-мулук»-и Муҳаммадяъқуб, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳоҷӣ Ҳакимхон, «Таърихи амир Ҳайдар»-и Мулло Муҳаммадшарифу Мулло Ибодуллоҳ ва ғайра. Ин асарҳо, аз як тараф, авзои таърихии давру замон, ҳолати таърихии ин ва ё он давраро равшан кунанд, аз тарафи дигар, пояҳои рушду таҳаввулоти насри таърихиро низ таҳким бахшидаанд. Инчунин, осори мазкур дар баробари арзиши таърихӣ доштан, барои тадқиқи адабиёту авзои адабӣ ва ҳолати илму фарҳанг ёрии фаровон мерасонад.

Гузашта аз ин, дар баробари осори мансури таърихӣ, боз асарҳои манзуми таърихӣ дар ин давра таълиф шудаанд, ки аз чанд ҷиҳат муҳим мебошанд. Ин асарҳо ҳамчун асари таърихӣ, пеш аз ҳама, арзиши таърихӣ доранд, зеро дар бораи авзои таърихӣ-сиёсии давр маълумот медиҳанд. Аз тарафи дигар, аҳаммияти адабӣ-эстетикӣ доранд, зеро бо шеър – бо ҳунари адабӣ ва истеъдоди шоирона рӯйи кор омадаанд. То ба имрӯз аз он осор дутояш маълуму дастрас аст, ки яке «Фатҳномаи хоқонӣ»-и Абдулхолиқи Муншӣ ва дигаре «Футуҳоти амир Шоҳмурод дар Эрон»-и Мирзосодиқ мебошад.

Ривоҷи сабки ҳиндӣ. Сабки ҳиндӣ сеюмин сабк дар таърихи адабиёти тоҷик буда, анъанаҳои сабкҳои хуросонӣ ва ироқиро чун суннати тарзи таълиф пазируфтааст. Яъне, ин сабк ҳам ҷаҳонбинӣ, системаи образҳо, воқеоти адабӣ ва тарзи ягонаи тасвир дар давраи муайян аст.

Аз ин нуқтаи назар, заминаҳои зуҳури он аз асри XIII ва дақиқтараш аз эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ оғоз гардида, аз се марҳала иборат аст. Марҳалаи аввали он то асри XVI ва марҳалаи сонӣ асри XVI -нимаи аввали асри XVII буда, ин марҳалаи комилан ташаккулёбии он ба шумор меравад. Марҳалаи сеюми он аз эҷодиёти Бедил ибтидо мегирад, зеро ин падида то ба ҳаддест, ки он бо номи Бедил пайванди ногусастанӣ дошта, дар адабиёт ибораҳои «Сабки бедилӣ», «Услуби бедилӣ», «Тарзи бедилӣ» ва ғайра маъмул гаштаанд.

Аввалин унсури ин сабк ҷаҳонбинии нав дар эҷоди бадеъ аст, ки эҷодкори сухани бадеъ худро ҳаким мешуморад, зеро дар эҷоди бадеъ он метавонад истиқлоли андеша дошта бошад: «Имрӯз на шоирам, ҳакимам…». Мушоҳидаҳои эҷодкорон низ басо муҷаррабона ва хеле санҷидаву дақиқанд, то ба дарди ниёзманде дармон бошад. Ба қавли Мирзо Бедил:

Зи пойи мӯр то боли магас сад бор санҷидам,

Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозуе.

Маҳз ҳамин дақиқкории эҷодкорон дар сабки мазкур ҷанбаи ҳакимонаи шеърро тақвият бахшид. Ин падидаи хаёлангезу муассир, ки қалбу ҳиссу идроки инсонро тасхир менамояд, ирсоли масал ё ирсоли масалайн (агар дар байт бошад) аст, ки онро ҳосили истеъдод, дониш ва таҷрибаи эҷодкор метавон гуфт.

Яке аз муҳимтарин хусусиёти сабки ҳиндӣ баёни халқӣ, тасвир ва ашёву аҷзои тасвиршаванда мебошад. Образҳои шеърӣ, тасвирҳо ва ҷузъиёти тасвиршаванда ҳама аз рӯзгори рӯзмарраи мардум аст, вале дарки моҳияти ашё на ба ҳар кас даст медиҳад.

Масалан, барои намуна як ғазали шоири тавонои давр Ҳусайни Донишро метавон зикр намуд:

На махмурам, на мастам – турфа найранги тамошоям,

Қиёмат нусхаи ҳолам, чунин тафсири симоям.

Тазаллум боли парвозам, таҳайюр нағмаи созам,

На анҷомам, на оғозам – садои боли анқоям.

Саводи нусхаи ваҳмам, ғубори сафҳаи баҳрам,

Надорад имтиёзе ҳастии имрӯзу фардоям.

Ҳуҷуми ваҳшатам, барқи таҳайюр, вазъи мазмунам,

Куҷо дар мулки мавҳумӣ сароб афтода ҳамтоям.

Ба чашми дӯстон хорам, на ҷуз таҳсили ғам корам,

Намуди ашки хунборам, ки ғалтон бар замин оям.

Далели ҷавҳари фардам, надими меҳнату дардам,

Нишони орази зардам, аз ин бишнос пайдоям.

Дар ғазали боло чаҳор байт муҳтавои пурвусъате дорад, ки ҳадафро мураккабтару доираи тасвирро фарохтар менамояд. «На анҷомам, на оғозам…» моҳияти фалсафӣ дошта, ҳадафи эҷодкорро дар маърифати пурвусъаттаре рӯйи тасвир меорад.

Умуман, ғазали зикршуда ҳасбиҳолӣ буда, ҳолати қаҳрамони лирикиро хеле музтарибона ва ҳаяҷонангез ба тасвир гирифтааст.

Дар ташаккули сабки ҳиндӣ шоирон Бобофиғонӣ, Урфии Шерозӣ, Ғании Кашмирӣ, Толиби Омулӣ, Соиби Табрезӣ, Носиралии Сарҳиндӣ мақоми арзанда доранд.

Масалан, таъсири эҷодиёти Толиби Омулӣ ба шоирони баъдӣ, махсусан ба Соиби Табрезӣ хеле зиёд ҳис карда мешавад. Вале ҳанӯз дар ашъори Толиб баён, дар маҷмуъ, мураккаб нест.

Чунончи, мегӯяд:

Дур аз ту ранги сабзаву сунбул надидаам,

Сад раҳ ба боғ рафтааму гул надидаам.

Хубон ҳазор шева намоянду ман зи ёр,

То дидаам, ба ғайри тағофул надидаам.

Толиб, забони тӯтии деҳлинажодро

Ҷуз дар даҳони булбули Омул надидаам.

Тарзи баёни шоирон тадриҷан рӯ ба мураккабӣ овардан мегирад. Яке аз муҳимтарин хусусиёти сабки ҳиндӣ дар сохтори байт низ зоҳир мегардад. Ин хусусият он аст, ки дар мисраи аввал андешаи шоир ба таври муҳокима баён гардида, дар мисраи дуюм бо далелҳои бисёр қавӣ асоснок карда мешавад ва мисраи дуюм ҷанбаи қатъии ҳукмро мегирад. Чунончи, ин байтҳои Нозими Ҳиравӣ:

Баски аз ширинии гуфтор талхӣ дидаам,

Чун забони мор килки тарзабонам мегазад.

Ё худ:

Сарафроз аст хуршед аз қазои ҳоҷати мардум,

Ба кори худ қалам аз ҷо чу хезад, сарнигун бошад.

Ё ин ки Ғании Кашмирӣ мегӯяд:

Одами хокӣ зи хомӣ дорад аз май иҷтиноб48,

Кӯзаи гил пухта мегардад, наметарсад зи об.

Ва ё байти зерини Шавкати Бухороӣ, ки хеле ҳунармандона аст:

Ғариқи баҳри ваҳдат ҷилваи касрат намебинад,

Зи зери об натвон дид мавҷи оби дарёро.

Сабки ҳиндӣ дар қаламрави Ҳиндустон ва баъдтар дар Мовароуннаҳр ва қаламрави Афғонистон бештар вусъат пайдо намуда бошад ҳам, дар қаламрави Эрон чандон хуш қабул нашудааст. Ҳатто яке аз бузургтарин сабкшиносон Маликушшуаро Баҳор мегӯяд:

48 Иҷтиноб – парҳез

Сабки ҳиндӣ гарчи сабке тоза буд,

Лек ӯро заъфи беандоза буд.

Фикрҳо сусту тахайюлҳо аҷиб,

Шеър пурмазмун, вале нодилфиреб.

В-аз фасоҳат бенасиб.

Агар шоирони қаблан номбаршуда дар таҳаввулоти сабки ҳиндӣ саҳми арзанда гузошта бошанд, баъдтар симои адабие зуҳур намуд, ки ин раванди адабӣ, ин ҷараёни эҷодиро ба авҷи аълояш расонид ва ин корро то ба ҳадде сомон дод, ки ибораи «сабки бедилӣ» ба миён омад ва ин тарзи баёни мураккаб ва печидагии баёни эҷодиро сараввал худи Бедил ҳис карда, мегӯяд:

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,

Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.

Маълум аст, ки эҷодиёти Бедил комилан дар муҳити Ҳиндустон ҷараён гирифта, дар ҳамон ҷо рушду нуму кардааст. Сабки Бедил, бахусус, дар асри XVIII, дар қаламрави Ҳиндустон нуфузи бузург пайдо намуд. Ин даврае буд, ки сабки ҳиндӣ тавассути эҷодиёти Бедил такмил ёфт ва сабки бедилӣ машҳур гардид. Ҳатто дар даврони баъдӣ шоирон Муншӣ, Ирсӣ, Парии Ҳисорӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Маъдан, Наҷиби Ҳиндӣ, Ҳодии Самарқандӣ ва дигарон зери таъсири Бедил эҷодиёти худро ба роҳ мондаанд.

Чӣ тарз ва то кадом дараҷа сурат гирифтани сабки ҳиндӣ тавассути эҷодиёти Бедил масъалаи ҳанӯз хеле печида аст, вале ҳоло ҳаминро месазад таъкид намуд, ки дар мураккаб шудани сабки ҳиндӣ Бедил бо истеъдоду дониши қавӣ, бо ҳунари эҷод ва бо ҷаҳонбинии пурвусъат ворид шуд. Ин буд, ки сабки мазкур эҷодиёти ӯро натавонист тасхир кунад, вале ӯ тавонист сабки ҷории замонро ба зери таъсири хеш бигирад ва дар ҳамин замина тозакориҳо бикунад, зеро шеъре, ки Бедил дар 10-солагӣ гуфта буд, ҳеҷ мураккабӣ надошт ва комилан одию сода буд:

Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,

Бӯйи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯйи қаранфул аст ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.

Баъдтар зери таъсири сабки давр ин тарзи баён чунин ташаккул намуд:

Хомушнафасе, ки табъи мавзун дорад,

Сад ғунча баҳор аз дили пурхун дорад.

Тасхири паризоди сухан осон нест,

Ин ҷо нафаси сӯхта афсун дорад.

Муҳимтарин хусусиятҳо дар тадриҷан мураккаб гардидани тарзи баён дар он зоҳир мегардад, ки мо дар тарзи баёни афкори адабӣ-бадеӣ таҳлили тозаи фалсафӣ-ирфонӣ ва мантиқи хеле қавиро дучор мешавем, ки дарки он на ба ҳар кас даст медиҳад. Ин тарзи мураккаби баён дар лексикаи ифодаи фикр низ таъсири комил гузоштааст. Аз ин рӯ, хонанда бештар калимаҳои худсоз (яъне, хоси худи шоир), мураккабро, ки баъзан аз чор ё панҷ калима низ сохта шудаанд, дучор меояд: асарпарвард, парешонрӯзгор, хомӯшнафас, рамзошно, вусъатобод, силамуштоқ ва ғайра. Алоқамандона бо калимаҳои нодир ибораҳои ҷолиб низ ба назар мерасанд: адабгоҳи муҳаббат, паҳлуи аҷз, муҳри ашк, паризоди сухан, хуни нафас, рамзошнои маънӣ, либоси хунбофта, хасми забунёфта, хаёли қомат ва ғайра. Чунончи, ба ин ғазали Бедили Деҳлавӣ агар зеҳн монда шавад, ҳунари шоир дар интихоби лафз, ҷобаҷогузории калимаҳо, коргирӣ аз наҳв, интихоби вазн, истифодаи қофия, радиф ва беш аз инҳо, мазмунсозию хаёлбофӣ ва ғайра беҳтар манзур мегардад:

Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё,

Дил зи навбат ҷамъ кун, пур бедиранг аст осиё.

Саъйи рӯзӣ бо балои беамон ҷӯшидан аст,

Бештар дар гардиш аз боди туфанг аст осиё.

Як надомат49 кори чандин донаи дил мекунад,

Гар тавонӣ даст бар ҳам суд, нанг аст осиё.

Аз ману мо ҳар чӣ андӯзӣ, гудози нестист,

Ошиқи ин хирмани оташбачанг аст осиё.

Санг ҳам оинаи таҳқиқ сайқал мезанад,

Умрҳо шуд, дар талоши рафъи занг аст осиё.

То қиёмат гардиши афлок дар кор асту бас,

Кас нафаҳмид, он ки мегардад, чӣ ранг аст осиё.

То нафас боқист, гирди ризқ мегардида бош,

Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё.

Зери гардун ноумеди амн то кай зистан?

Донаҳо з-ин ҷо бурун оянд, танк аст осиё.

Осмон ҳам то куҷо дар фикри мардум таг занад?

49 Надомат – пушаймонӣ, афсӯс

Баски рӯзихор бисёр аст, данг аст осиё.

Не заминат офиятгоҳ аст, не чархи баланд,

То чӣ хоҳӣ тарф баст? Охир, дусанг аст осиё.

Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан,

Алвидоъ, эй дона, гӯ, коми наҳанг аст осиё.

Дар ғазали зикршуда аз нигоҳи корбурди калимаҳо алфози хосси сабки Бедил ба назар мерасад, ки худ яке аз хусусиятҳои шеваи эҷоди ин шоири тавоност. Масалан, калимаҳои фурсатинтизор, оташбачанг, офиятгоҳ ва ё ибораҳои даври ранг, боди туфанг, донаи дил, гудози нестӣ, оинаи таҳқиқ, ноумеди амн ва монанди инҳо, ки дар чунин шакл миёни мардум маъмулу ҷорӣ нестанд.

Ғазал моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳадаф нафси инсон ва ҳарисии ӯ баҳри аз дунё ҳосил намудани фоида буда, саъйи ба даст овардани суд мушкил аст. Кибру ғурур беҷост ва инсон бояд пайваста дар талоши ризқу рӯзӣ бошад, зеро бе ин мисли он мебошад, ки сангҳои осиё беоб ҳеҷанд.

Умуман, инсон ба донаҳои гандум ва дунё ба осиё монанд карда шудааст, ки аз нигоҳи ҳунар ва бадеиёт хеле ҷолиб мебошад.

Асрори эҷоди Бедил – ин ҳайкали бузурги назм то ба имрӯз нокушодаву пинҳон аст, вале ин ҷиҳат равшан аст, ки таъсири ӯ ба сабки ҳамасрони худ ва эҷодкорони баъдӣ ниҳоят бузург мебошад. Хусусан ба эҷодиёти Шоҳин, Савдо, Асирӣ, Ҳайрат, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Нақибхони Туғрал, Зуфархон Ҷавҳарӣ таъсири мактаби Бедил хеле хуб мушоҳида мешавад. Адабиётшиносон Зуфархон Ҷавҳариро охирин намояндаи мактаби Бедил дар Осиёи Миёна гуфтаанд, ки воқеан дуруст аст. Муҳаббате, ки ба эҷодиёти Бедил адибони қаламрави Мовароуннаҳр доштанд, дар дигар кишварҳо то ба ин ҳад набудааст.

Масалан, Нақибхони Туғрал мегӯяд:

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,

Набошад ҳеч касро ҷойи Бедил.

Намоям тӯтиёи дидаи хеш,

Агар ёбам ғубори пойи Бедил.

Надидам аз сухангӯёни олам

Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил.

Агар кӯҳ аст, бошад Тури Сино

В-агар дарё бувад, дарёи Бедил.

Дили афлокро созад мушаббак50

50 Мушаббак – сӯрохдор, сӯрох - сӯрох

Ливои ҳиммати волои Бедил.

Ба мижгон метавонам кард берун,

Агар хоре халад дар пойи Бедил.

Намеёбам кунун холӣ диламро

Замоне аз ғаму савдои Бедил.

Қабои атласи нуҳ чархи гардун

Бувад кӯтоҳ бар болои Бедил.

Ба рифъат51 бартар аст аз кӯҳ, Туғрал,

Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Доир ба вазъияти сиёсӣ-таърихии Осиёи Миёна дар охири асри

XVIII ва аввали асри XIX чӣ медонед?

2. Дар ин давра кадом сулолаи таърихӣ ҳукмронӣ мекард?

3. Сабабҳои бе ҷанг ба Бухоро ворид гардидани Нодиршоҳи Афшор чӣ буд?

4. Сулолаи манғитиҳо кай ба сари қудрат омад ва дар ин давра кадом тағйирот рух дод?

5. Сабабҳои таназзули ҳукмронии амир Дониёл дар чист?.

6. Айёми салтанати амир Шоҳмуродро нақл кунед.

7. Дар хусуси муносибат ва рақобатҳои хонигариҳои Осиёи Миёна,

Афғонистон ва Эрон чӣ медонед?

8. Доир ба марказҳои фарҳангӣ-адабии ин давра маълумот диҳед.

9. Умумият ва тафовути доираҳои адабии давраи мазкурро шарҳ диҳед.

10. Кадом хусусиятҳои адабиёти ин давраро медонед?

11. Кадом навъҳои адабӣ дар ин давра бештар ривоҷ ёфтаанд?

12. Машҳуртарин шоирони ғазалсарои давраро номбар кунед.

13. Аз инкишофи маснавӣ ва маснависароёни машҳур маълумот диҳед.

14. Оид ба ташаккул ва такомули сабки ҳиндӣ маълумот диҳед.

15. Чаро шоирони ин давра ба пояи Бедил расида натавонистаанд?

51 Рифъат – бузургӣ, баландӣ