Мирзо Муҳаммадсодиқи Муншӣ тақрибан байни солҳои 1753 – 1758 дар деҳаи Ҷондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ Мирзосодиқ ба яке аз мадрасаҳои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд.
Шоир пас аз хатми мадраса ҳамчун донишманди закӣ, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад. Муосири Мирзосодиқ, шоири закӣ Носеҳи Хатлонӣ ба табъу санъати Содиқ чунин баҳо медиҳад:
Хусусан Муншии маънимувофиқ,
Сипеҳри назмро субҳ аст Содиқ.
Кунад таҳрири иншо он гуҳаррез,
Қалам гардад саропо найшакаррез.
Содиқ ҳамчун шоир ва олими забардаст зуд машҳур мешавад. Ӯро ба зудӣ шоҳони манғит ба дарбор даъват мекунанд. Вай дар дарборҳои амир Дониёл (1758 – 85), амир Шоҳмурод (1785 – 1800) ва амир Ҳайдар (1800 – 1826) хидмат намудааст. Содиқ баробари дафтардорӣ ва муншигӣ, инчунин ба мадҳи амирони мазкур камар бастааст. Аз баъзе ишораҳояш маълум мешавад, ки Содиқ аз хидмати дарбор чандон хурсанд набудааст.
Чунончи:
Гаҳ мадҳи яке зи нафси томеъ кардам,
Гаҳ қадҳи яке беманофеъ кардам.
Шуд умри азиз сарф бо нокасу кас,
Афсӯс, ки нақди умр зоеъ кардам.
Содиқ хеле шахси ҳозирҷавоб будааст. Рӯзе ӯ ҳамроҳи амир Шоҳмурод дохили чорбоғ мешаванд. Ӯ аз он ҷо себе мечинад ва амир аз шоир талаб мекунад, ки таърихи чаҳорбоғро фавран иншо кунад.
Содиқ мегӯяд:
Таърихи чаҳорбоғи гулгун кардам,
«Себе» зи «чаҳорбоғ» берун кардам.
Дар ин байт калимаҳои «себе» ва «чаҳорбоғ», ки мутаносибанд, моддаи таърих буда, вожаи «чаҳорбоғ» ба ҳисоби абҷад 1212 мешавад. Аз он се «б»-ро берун кунем, яъне шашро тарҳ кунем, 1206 боқӣ мемонад, ки он ба соли 1792 м. баробар буда, таърихи бинои чаҳорбоғ аст.
Баъдтар Мирзосодиқ бо иғвои ҳасудон ба Дарвоз бадарға мешавад. Дар ин бора баъзе ишораҳои худи шоир низ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ ба ҳокими Дарвоз Муҳаммадраҳимхон ду қасида бахшидааст, ки дар яке аз онҳо чунин ишораҳои шарҳиҳолӣ дида мешавад:
Намуда нафъи ватан омадам суйи Дарвоз,
Ки то зи худ кунам исботи фикри султонӣ.
Зи гарди роҳи Муҳаммадраҳим Баҳодурхон
Ба чашми бахт кунам сурмаи сулаймонӣ.
Аз ин қазоват бармеояд, ки дар пирсолӣ шоир ба ин қаламрав бадарға гардида будааст. Шоир баъдтар ба амир Ҳайдар маъзаратномае навишта, дар он ёд мекунад, ки синнаш аз 63 гузашта ва то ин муддат хидматҳои арзандае ба дарбор кардааст. Вале акнун дар айёми пирӣ ӯро аз дарбор дур кардаанд. Пас аз ин ӯ ба ватан меояд ва соли 1819 дар Қаршӣ вафот мекунад.
Дар ин бора ҳамасри ӯ Хумулии Моғиёнӣ дар санаи вафоти Содиқ қитъаи таърихӣ эҷод намудааст:
Умри гузарон далели мо бас, ки ҳаким
Аз оби равон ҳаёти куллу шай кард.
Аз ҷоми фалак касе, ки як нӯш кашид,
Сад неши ситам нишонааш аз пай кард.
Муншии фалак ҷаноби Мирзосодиқ,
К-абнои замона офарин бар вай кард,
Бигзашт чу аз ҳаёт, дар таърихаш:
«Муншии қадар номаи умраш тай кард».
Содиқ ба сухан, Хумулӣ, он Хусрав буд,
К-аз Ҳинд сипоҳи фатҳи Руму Рай кард.
Яъне, «Муншии қадар номаи умраш тай кард» моддаи таърих буда, ба ҳисоби абҷад 1235 (соли 1819/20) мешавад.