Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёна давраи нави сиёсӣ мебошад, зеро Русия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷуҳ мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар намояд.
Дар нимаи дуюми асри XIX як қатор тағйироти сиёсӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба вуқуъ пайваст. Ин иртиботи тарафайн боиси зуҳури баъзе мушкилот ва омилҳои монеъшавии мамолики дигари ғарбӣ низ мегардид. Авзои сиёсии дохилии Осиёи Миёна низ хеле мураккабу печдарпеч буд. Хони Хӯқанд – Олимхон бо мақсади ба давлати хонии худ тобеъ кардани Уротеппа понздаҳ бор ба он ҷо лашкар кашид, амири Бухоро – Насруллоҳхон дар тули бист сол барои тасарруфи ноҳияи Шаҳрисабз сию ду дафъа лашкар кашидааст. Дар ин ҷангҳо қаламрави Мурғоб, ноҳияҳои Уротеппа, Хуҷанд, Фарғона ва дигар шаҳру навоҳии Осиёи Миёна хеле харобу заиф гардида буд.
Ҳангоми лашкаркашии давлатҳои парокандаи саркаш ҳазорон ҳазор одам нобуд мегардид. Ҳокимони хонигариҳои Бухоро ва Хӯқанд қисми коршоями мардуми вилоятҳои забткардаашонро барои амалӣ намудани ниятҳову нақшаҳои худ истифода мебурданд. Масалан, амир Шоҳмурод аз музофотҳои гуногуни Ургут, Зомин, Ҷиззах, Уротеппа, Панҷакент ва ғайра шахсони дастандаркорро муҳоҷир намуда, харобазорҳои Самарқандро обод менамуд. Аз тарафи дигар, қаламрави Осиёи Миёна таваҷҷуҳи Англияро ҳам ҷалб карда буд. Аз ин нуқтаи назар, зиёд гардидани нуфузи Русия барои халқҳои Осиёи Миёна беаҳаммият набуд. Аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Хӯқанд мунтазам байни ҳам дар муносибати душманона буданд. Ин аст, ки Англия барои суст намудани нуфузи Русия дар Осиёи Миёна чораандешиҳо мекард. Ҳолати пешомада Русияро ҳамаҷониба ҳушёр медод, зеро бо роҳҳои дипломатӣ ва ё иқтисодӣ ҳал намудани қазияи мазкур аз имкон берун мегардид.
Русия роҳи беҳбуди ин пешомадҳоро дар чораҷӯйиҳои ҳарбӣ медид. Соли 1864 миёни Хӯқанду Бухоро ҷанг буд. Русия соли 1865 Тошкандро ишғол кард. Маҳз ба ҳамин хотир, байни солҳои 18651868 нуфузи ҳарбии Русия дар ин сарзамин бештар гардида буд. Солҳои 1865-68 Хӯқанд, Ҷиззах, Самарқанд, Фарғона ба Русия тобеъ карда шуданд. Амалан Хева ва Бухоро, ки истиқлоли сиёсӣ доштанд, ба Русия тобеъ карда шуда буданд. Ба ҳамин тариқ, солҳои 60-уми асри XIX Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофиёӣ ба империяи Русия ҳамроҳ карда шуда буд. Дар Тошканд Генерал-губернатори Туркистон ташкил ёфт. Натиҷаи ин рӯйдодҳои сиёсӣ ангезаҳои зерро пеш овард:
1. Низоъҳои сиёсии дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна нисбатан аз байн рафт.
2. Русия низ мавқеи худро дар Шарқ аз нигоҳи стратегӣ таҳким кард.
3. Русия нисбат ба Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ пешрафта буд. Аз ин рӯ, дар қисмати шимоли Осиёи Миёна ҳолати гузаштан аз зироат ба саноат андаке бошад ҳам, ҷараён мегирифт.
4. Низоми фаъолияти бозорҳо, бонкҳо, ривоҷи тиҷорат, кишоварзӣ, роҳҳо ва ғайра андаке ҳам бошад, дуруст гардид.